Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. Омӯзгор дар "хабаркашӣ" муттаҳам мешавад


Абдулаҳад Нуров, омӯзгор
Абдулаҳад Нуров, омӯзгор

Барои хабар додан аз камбудиҳои мактаб ба идораи маориф омӯзгори яке аз мактабҳои Кӯлоб дар ҷаласаи омӯзгорон маҳкум шудааст.

Маъмурияти мактаби №27-и шаҳри Кӯлоб дар ҷаласае рафтори Абдулаҳад Нуров, омӯзгори ин мактабро маҳкум карда, корҳои ӯро хабаркашӣ ва худи ӯро бо истилоҳи машҳур "буз" унвон кардаанд. Дар зимн, вожаи "буз"-ро дар Тоҷикистон аслан, ба онҳое нисбат медиҳанд, ки пинҳонӣ хабари як ҷо, умдатан “дохил”-ро ба ҷои дигар, яъне “берун” мерасонанд.

Аммо ин омӯзгори ҷавон, Абдулаҳад Нуров, мегӯяд, на аз лақабмонии ҳамкоронаш, балки аз муносибаташон ба мушкилоти мавҷуда озурда аст. Ӯ меафзояд, суҳбатҳои ӯ аз камбудию норасоиҳо ба манфиати мактабу хонандагон аст, ки мутаассифона, аксарият ба хотири ҳадафҳои худ чунин талошҳоро маҳкум мекунанд. Ба ин хотир, ӯ тасмим гирифтааст, ки минбаъд камбудиҳои мактабу маорифи шаҳрро дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳо зери сархати кӯтоҳи "Омӯзгор буз нест!" ба нашр расонад.

Ба гуфтаи Нуров пас аз шикоятҳои ӯ камбудиҳои зиёде ислоҳ шуда, вазъи таълиму тарбия дар мактаб беҳтар шудааст. Ӯ мегӯяд, аслан, онҳое аз шикоятҳои ӯ тарсида, ӯро “буз” меноманд, ки аз масъулият мегурезанд. Ин омӯзгори ҷавон мегӯяд, аз камбудиҳо, ба мисли бе тайёрӣ омадани омӯзгорон ба дарс, нагузарондани маҳфилҳо ҳамеша дар матбуот барои огоҳии мудирону вазир мақолаҳо нашр хоҳад кард.

Дар Идораи маорифи шаҳр аз чунин ҷаласае, ки як омӯзгорро «буз» гуфта, муҳокима карда бошанд, изҳори бехабарӣ карданд. Аммо масъулони ин идора гуфтанд, ки Абдулаҳад Нуровро ҳамчун омӯзгори фаъол мешиносанд ва баррасии камбудиҳо аз ҷониби ӯро қабул доранд. Дар ҳамин ҳол як масъули мактаби №27, ки сабти номашро зарур надонист, гуфт, онҳо ин омӯзгорро ҳеҷ гоҳ «буз» наномидаанд, балки танҳо дар як маҷлис аз ӯ даъват кардаанд, хӯрдагириашро бас кунад, зеро дар ҳама ҷо чунин камбудиҳои хурду реза вуҷуд доранд.

Ин масъул гуфт, бо шикояти кӯчаки Нуров ба мактаб комиссияҳо меоянд, ки аксаран вақти зиёди омӯзгоронро мегиранд. Дар муқобил, ҷаноби Нуров мегӯяд, ҳарчанд, бархе камбудиҳо дар чашм хурд намоянд ҳам, дар оянда онҳо пайомадҳои бузурги зараровар дошта метавонанд. Ин амали омӯзгор ба гуфтаи коршиносон ҳарчанд, манфиатовар бошад ҳам, аммо дар ҷомеаи Тоҷикистон он мавриди писанди ом нест. Аксарият аз мақоле ҳимоят мекунанд, ки набояд, нуқси хонаро ба кӯча баровард.

Орзу Ҳамидов, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, дар ҷомеаи дигар кишварҳо чунин амалҳо қобили қабул аст ва ташвиқ ҳам мешавад, аммо дар мо хабар додану хабар кашиданро ҳамчун одати бад маҳкум мекунанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, огоҳ кардан аз камбудиҳо боиси пешрафти кор мешавад.

Абдулаҳад Нуров хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва имсол Вазорати маорифи Тоҷикистон фаъолияти хуби омӯзгории ӯ ва ҳамкорияш бо ҳафтаномаи «Омӯзгор»-ро бо як Ифтихорномаи вижа қадрдонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG