Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксиҳои куҳнаро дигар ба Душанбе роҳ намедиҳанд. ВИДЕО, САДО


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз аввали имсол ҳаракати таксиҳоеро, ки то соли 2014 истеҳсол шудаанд, дар Душанбе манъ кард. Мақомот мегӯянд, дар хиёбонҳои пойтахт беш аз 2300 таксӣ ба мусофирбарӣ машғуланд ва беш аз ҳазори он ба қоидаҳои бехатарӣ пурра ҷавобгӯ нестанд. Ронандаҳо аз дастури Вазорати нақлиёт норозиянд.

Аҳмад, ронандаи таксӣ дар Душанбе, мегӯяд, хабари манъи ҳаракати мошинҳои истеҳсолашон то соли 2014 ӯ ва ҳамкоронашро сахт нороҳат кардааст, чун аз ягона манбаи даромад маҳрум мешаванд.

Таксиҳои куҳнаро аз кӯчаҳои Душанбе тоза мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
Линки мустақим

"Тақрибан 60 дар сади ҳамкоронам мошинҳои куҳна доранд. Онҳо шабу рӯз кор мекунанд, то пули иҷораи мошинро диҳанд ва рӯзгорашонро пеш баранд. Баъд аз ин чӣ кор хоҳем кард?",-суол гузошт ӯ.

Қарори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон баҳори соли 2019 содир шуда, аз аввали имсол ба иҷро даромадааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Манъи истифодаи таксиҳои кӯҳна дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Бино ба иттилои масъулони Раёсати нақлиёти пойтахт, ширкатҳои таксиронӣ аллакай ба пок кардани сафи худ аз мошинҳои куҳна оғоз кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин тасмим барои бехатарии мусофирону ҳаракат дар роҳҳо ва хизматрасонии босифат гирифта шудааст.

Ҷумъахон Давлатов, раиси ширкати "Душанбенақлиётхадамотрасон" ба Радиои Озодӣ гуфт, "мошинҳои наву замонавӣ пурра бо таҷҳизоти бехатарӣ таъминанд. Ҳадафи мо ҳам, пеш аз ҳама, таъмини амнияти мусофирон ва боло бурдани сифати хизматрасонӣ аст".

Мусоҳиби мо гуфт, аз 11 ширкати таксӣ дар пойтахт танҳо "Олуча таксӣ" аз иҷрои ин дастур озод будааст, чун ба қавли ӯ, "мошинҳои онҳо истеҳсоли соли 2017 аст".

Содиқҷон Зарифӣ, раиси иҷроияи ширкати "Сабоҳ таксӣ" мегӯяд, бахше аз мошинҳои истеҳсоли то соли 2014-умро аз ширкат берун кардаанд. "Ширкат ронандаҳоеро, ки мошини нав мехаранд, дубора ба кор мегирад. Аз тарафи дигар, кӯшиш мекунем, ба ронандаҳо ба харидани мошини нав кумак расонем. Барои мисол, ҳангоми қарзгирӣ ба бонкҳо маълумот диҳем, ки онҳо коргари мо ҳастанд".

Коршиносон мегӯянд, дуруст аст, ки бояд сифати хизматрасонӣ беҳтар карда шавад, "вале на аз роҳи расонидани зарар ба кормандони ин ё он соҳа". Нуриддин Қаюмов, иқтисодшиноси тоҷик, гуфт, бояд соҳибони мошин ё ронандаҳо аз ин қоидаи нав ҳадди ақал як сол пеш огоҳ карда мешуданд.

Мақомот мегӯянд, қарор моҳи апрели соли гузашта содир шуда, ширкатҳои хадамоти таксӣ барвақт огоҳ карда шудаанд.

Ҳоло ба тақрибан якуним ҳазор ронандаи таксӣ дар Душанбе хатари маҳрум шудан аз ҷойи кор таҳдид мекардааст. Баъзе аз онҳо мегӯянд, баъди ихроҷ шудан аз Русия ё моҳҳо бекорӣ дар кишвар, ба таксиронӣ рӯ оварда буданд.

Иқтисодшинос Нуриддин Қаюмов гуфт: "Вақте дар ягон соҳа шумори кормандонро кам мекунанд, бояд ҷойҳои холии дигари корӣ ташкил кунанд. Вақте сафи артиши бекорон зиёд мешавад, танҳо барои як ё чанд оила не, барои ҳамаи ҷомеа мушкил меофарад".

Яке аз роҳҳои шаҳри Душанбе. 16-уми январи соли 2020
Яке аз роҳҳои шаҳри Душанбе. 16-уми январи соли 2020

Дар раёсати нақлиёти пойтахт мегӯянд, ронандаҳо бекор намемонанд. Ҷумъахон Давлатов, раиси "Душанбенақлиётхадамотрасон" гуфт, "кор зиёд аст. Барои мисол, дар самти хизматрасонии коммуналии пойтахт ронандаҳо лозиманд".

Таксӣ дар Душанбе яке аз нақлиёти серистифода ба ҳисоб меравад. Дар гузашта дар пойтахти Тоҷикистон таксиҳои маъруф ба "3 сомонӣ" фаъол буд, ки сокинонро аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр ба ивази се сомонӣ мерасонд. Баъдан шаҳрдорӣ ба хотири танба нашудани мошинҳо дар роҳҳои марказӣ ва ҳамин тавр ба истифода додани мусофиркашонҳои нав, ҳаракати таксиҳои "се сомонӣ"-ро манъ кард.

Аз ин пеш аз ронандаҳои таксӣ дар Душанбе хоста шуда буд, ки барои мусофиркашонӣ мошинҳои сиёҳшишаро истифода накунанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG