Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" қарздори рақами 1 аз андоз боқӣ мемонад


Бинои ширкати "Барқи тоҷик"
Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ширкати "Барқи тоҷик" то ҳол ба буҷа 256 миллион сомонӣ қарзашро пардохт накардааст.

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, имсол низ ширкати "Барқи тоҷик"-ро аз ҷумлаи "қарздорони бузург" ном бурд. Ӯ, ки дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз фаъолияти яксолаи ниҳодаш натиҷагирӣ мекард, гуфт, "Барқи тоҷик"-ро Вазорати обу обёрӣ бо 56 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" - 33 миллион, ширкати "Тоҷиктелеком" - 5.5 миллион ва корхонаи «Лаъл»-и Хуҷанд бо 4 миллион сомонӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар маҷмӯъ, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, то якуми январи соли 2013 қарзи корхонаи идораҳо аз ҳисоби андоз ба 641 миллион сомонӣ баробар шуда, дар давоми соли гузашта боз 109 миллион сомонии дигар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати "Барқи тоҷик" барои пардохти қарзҳояш аз андоз то моҳи декабри соли 2014 муҳлат додааст. Як манбаъ аз ширкати "Барқи тоҷик" бо тасдиқи ин хабар гуфта буд, қарори ҳукумат дар доираи таҷдиди сохтори ширкат содир шудааст ва ширкат пеш аз тақсимбандӣ бояд қарзҳояшро пурра пардохт намояд.

Раҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" мутмаин аст, ки дар муҳлати муайянкардаи ҳукумат қарзи буҷа ва дигар ширкатҳоро пардохт хоҳанд кард. Онҳо ният доранд, ин корро аз ҳисоби ҷамъоварии қарзи ҳаққи барқу гармӣ, ки аҳолӣ ва корхонаҳо дар назди "Барқи тоҷик" доранд, амалӣ созанд. Дар маҷмӯъ қарзи аҳолӣ ва корхонаю идораҳо аз "Барқи тоҷик" ҳудуди 700 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG