Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши бомб дар Покистон 11 куштаву захмӣ барҷой гузошт


Дар натиҷаи таркиши бомб дар шимолу ғарби Покистон, се кас, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ҳашт нафар бо шумули кормандони пулис захм бардоштаанд. Ҳодиса 5-уми июл дар ноҳияи Мардон рух додааст.

Заҳур Африди, сардори пулиси Мардон ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, маводи тарканда дар наздикии пул гузошта шуда буд ва дар вақти гузаштани мошини пулис мунфаҷир шуд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. Ҳамлаҳои ба ин монандро дар гузашта гуруҳи Таҳрики Толибони Покистон ба уҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG