Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан 400 мавриди қочоқи инсон дар чор сол дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати чор сол тақрибан 400 ҷинояти вобаста ба қочоқи инсон, аз ҷумла чор мавриди одамрабоӣ ва 45 мавриди хариду фурӯши кӯдаконро ошкору сабт карданд.

Дар ин бора дар як гузориши тозаи расмӣ таъкид шудааст. Нусхаи онро Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми май ба даст овард.

Мақомоти дар ин санад гуфтаанд, аз соли 2019 то соли 2023 беш аз дусад ҳолати ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро ҳам ошкор карданд.

Дар гузориши ҳукумат бо табақабандии ҷиноятҳо дар ин замина гуфтаанд, барои ин ҷиноятҳо ба зидди 170 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 409 кас ҳам дар ин миён ҷабрдида будаанд.

Дар Тоҷикистон, ки як кишвари муҳоҷирфирист ба ҳисоб меравад, мавридҳои истисмори муҳоҷирон дар хориҷ ва ё қочоқи инсон кам нест. Барои ин ҷиноят дар кишвар ҷазои сахт ва солҳои тӯлонии зиндон таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG