Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасарруфи як минтақаи муҳим аз сӯи Толибон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷангҷӯёни Толибон вулусволии муҳими Сангин дар вилояти Ҳилманди Афғонистонро тасарруф кардаанд.

Мақомоти Афғонистон ба дасти ҷангҷӯёни Толибон гузаштани як вулусволии муҳим дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби ин кишварро тасдиқ карданд.

Ду рӯз қабл Муҳаммадҷон Расулёр бо як ибтикори бесобиқа аз тарифи шабакаи Фейсбук раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғаниро ҳушдор дода буд, ки вилояти Ҳилманд дар ғайри сурати ирсоли кумакҳо таҳти хабар қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар як моҳи охир 90 тан аз нирӯҳои амниятӣ дар Ҳилманд ҷон бохтаанд.

Расулёр дар номаи саркушодааш ба раисиҷумҳур навишт, ҷангҷӯён вулусволии Хонашинро алакай таслим кардаанд ва бо ҳамла ба вулусволии Марҷаҳ назорати шоҳроҳи асосӣ ба сӯи Лашкаргоҳ, маркази маъмурии вилояти Ҳилмандро низ ба даст овардаанд. Ӯ афзуд, нирӯҳои байналмилалӣ ба нирӯҳои афғон дар Ҳилманд кумак намерасонанд ва танҳо ба назорати вазъ машғуланд.

Абдулҳай Охунзода, вакили парлумон аз вилояти Ҳилманд гуфт, вазъи амниятӣ дар саросари ин вилоят бадтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, даргириҳо бо ҷангҷӯёни Толибон дар 5 вулусволии Сангин, Вашир, Наҳри Сироҷ, Хонашин ва Марҷаҳ идома доранд.

Вилояти Ҳилманд, ки бузургтарин макони тавлиди афюни ҷаҳон ба шумор меравад, барои Толибон як пойгоҳи муҳим аст. Қарори маълум, қочоқи маводи мухаддир як манбаи умдаи таъмини молии фаъолиятҳои чирикӣ эътироф шудааст.

Хушунатҳо дар саросари Афғонистон дар пайи анҷоми маъмурияти ҷангии нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико дар як соли пеш авҷ гирифт.

Вулусволии Сангин танҳо минтақа дар Афғонистон нест, ки таҳти назорати ҷангҷӯёни Толибон қарор мегирад.

Дар поёни моҳи сентябр ҷангҷӯён шаҳри аз нигоҳи стратегӣ муҳими Қундузро дар шимоли Афғонистон барои чанд рӯз тасарруф карданд ва ба нирӯҳои давлатӣ танҳо баъди ҷалби нирӯҳои ҳавоии Амрико ва НАТО муяссар шуд, ки чирикиҳоро аз Қундуз берун кунанд.

Ҳамин тавр, беш аз як моҳ боз вулусволии Дарқади вилояти Тахор, воқеъ дар марз бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон, таҳти назорати ҷангиёни Толибон боқӣ мемонад. Дар ибтидои моҳи декабр дар бораи тасарруфи вулусволии Юмгон дар вилояти Бадахшон аз сӯи чирикиҳо гузориш шуда буд.

Дар пасманзари ин ҳама нигарониҳо дар ҳоли афзоиш аст, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон тавони муқобилаи комил ба мавҷи афзояндаи таҳрикҳои чирикиро надоранд. Аммо бо ин вуҷуд дар ҳоли ҳозир ҳанӯз масъалаи бозгашти дигарбораи нирӯҳои хориҷӣ ба ин кишвари ҷангзада матраҳ нест. Паймони низомии НАТО дар нишасти ахираш қарор кард, ки маъмурияташ дар Афғонистонро дар соли 2016 дар сатҳи соли равон, яъне бо ҳудуди 12 000 афсару аскар, ҳифз кунад ва асосан машғули кумак ва тамрини нирӯҳои амниятии маҳаллӣ шавад.

XS
SM
MD
LG