Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моли тоҷикӣ дар бозори Тоҷикистон? Шӯхӣ мекунед?


Иқтисоддонҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон як фарҳанги манфии "кишвари истеъмолкунанда" шакл гирифтааст ва ин кишвар аз меху сӯзан то мошину ҳавопайморо аз хориҷ ворид мекунад.

Хабари Ожонси омори Тоҷикистон, ки воридоти мол ба кишвар назар ба содирот се баробар бештар шудааст, барои онҳое, ки аз қонунҳои макроиқтисодӣ огоҳ нестанд, шояд хабари хуб бошад. Чун тасаввур мешавад, ки моли бештар ба маънии арзон шудани қиматҳо хоҳад буд. Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ин раванд акнун ба тамоюл табдил ёфта, Тоҷикистонро як кишвари «истеъмолкунанда» ва дорои иқтисоди осебпазир хоҳад кард.

Бино бар шохисҳои нави Ожонси омори Тоҷикистон, дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти Тоҷикистон 534 миллион долларро ташкил дода, воридот ба 1 миллиарду 600 миллион доллар расидааст. Яъне кишвар аз хориҷ се маротиба зиёдтар маҳсулот ворид кардааст нибат ба оне, ки содир кардааст.


Аммо мақомоти давлатӣ бар инанд, ки ҷое барои нигаронӣ нест ва таносуби 3:1-и воридоту содирот ба коҳиши нархи алюмин ва пахта -- моли асосии Тоҷикистон бастагӣ дорад. Ба иттилои вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, дар семоҳаи авали соли равон калонтарин корхонаиҳои саноатии Тоҷикистон - ТАЛКО - ба маблағи 27 миллион сомонӣ, “Тоҷиксемент” - 40 миллион сомонӣ ва корхонаҳои пахтатозакунӣ ҳудуди 40 миллион сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам карданд.

Як манбаъ дар ин вазорат, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, маҳз ба далели коҳиши нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва кам шудани тавлиди он дар кишвар омори марбут ба содирот поён рафтааст. Ин ҳамсӯҳбати ман инчунин афзуд, ки бо ворид шудани кишвар ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат имконияти ворид кардани маҳсулот ба Тоҷикистон бештар шуд ва маҳсулоти хориҷӣ ҳатто дар дохили кишвар ҷои колои ватаниро танг мекунад.

Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, 211 миллион ё қариб 40 дарсади содироти Тоҷикистон ба Туркия ва 14,6 дарсадаш ба Эрон сурат гирифтааст. Чун дар солҳои қабл алюминий ва нахи пахта ду маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ин кишвар ба хориҷ як миқдор фулузоти ранга ва меваи хушк ҳам мефурӯшад.

Аммо дар айни замон, бино ба ҳисобҳо, беш аз 90 дарсади мол дар бозорҳои Тоҷикистонро молҳои содиротӣ, умдатан аз Чину Эрон ва Туркия ташкил медиҳанд. Тоҷикистон ҳамин тавр, 70 дарсади ниёзаш ба орду гандумро аз ҳисоби содироти он аз Қазоқистон ва беш аз 90 дарсади эҳтиёҷаш ба маводи сӯхтро низ аз ҳисоби воридот пур мекунад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим

Табаралӣ Ғаниев, доктори улуми иқтисод мегӯяд, номгӯи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон хеле кам буда, аз алюминий пахта ва маҳслоти кишорварзӣ иборат аст ва чун дар ин арсаҳо мушкиле ба вуҷуд ояд, ҳатман ба ҳаҷми умумии содирот таъсир хоҳад кард: «Аммо муаммои дигар дар таркиби маҳсулоти воридотии Тоҷикистон аст. Яъне мо бештар маҳсулотро барои истеъмол ва истифода ворид мекунем, на воситаҳои истеҳсолиро. Масалан, дар панҷ моҳи соли равон ба миқдори 100 миллион доллар ба кишвар танҳо мошини сабурав ворид шудааст. Агар ба ҷои ин технологияҳои истеҳсолӣ ворид мешуд беҳтар мебуд.»

Доктор Ғаниев ба узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат рабт доштани коҳиши содирот дар муқобили воридотро рад кард. Ӯ мегӯяд, меъёрҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар амал танҳо аз моҳи майи соли ҷорӣ роҳандозӣ шуданд ва ин омил ба ин зудӣ боиси чунин тағйир шуда наметавонист.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз иқтисодонҳои тоҷик мегӯянд муттасил коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот ва содирот дар кишвар ҳатто барои истиқлолияти кишвар хатарзо аст. Бино бар ин ба бовари онҳо давлат бояд як реформаи густарда ва самаранокеро барои эҳёи саноату истеҳсолот дар кишвар роҳандозӣ кунад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон як фарҳанги ба сурати умум манфии “кишвари истеъмолкунанда” шакл гирифтааст, ки дигар тамоми маҳсулоти мавриди ниёзаш – аз меху донаи офтобпараст то мошину дастгоҳи таҷҳизотро аз хориҷ харидорӣ мекунад. Иқтисоддонҳо ин тамоюлро барои иқтисоди миллӣ шикастовар меноманд.

Мақомот мегӯянд, чунин сурати ногувори иқтисоди кунунии Тоҷикистон як навъ “мева”-и ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 аст, ки як иқтисоди шикастаеро барои кишвар ба мерос гузошт. Аз тарафи дигар, дар ин муддат зербинои фаннии корхонаҳо, ки асосан маҳсули замони Шӯравӣ буданд, аз нигоҳи замонӣ хеле кӯҳнаву фарсуда шуданд ва дигар тавони тавлиди молеро ки дар бозор рақобат карда тавонад, надоранд.


Ҷорӯбро ҳам ба Тоҷикистон аз хориҷ меоранд
Ҷорӯбро ҳам ба Тоҷикистон аз хориҷ меоранд
Иқтисоддонҳо ҳамин тавр, ба як омили дигар – наздикии Чин, ки “фабрикаи ҷаҳонӣ”-и арзонтарин маҳсулот таъриф мешавад, низ ишора мекунанд ва мегӯянд, корхонаҳои Тоҷикистон ба маҳзи набуди шароити боимтиёз ва фишори ниҳодҳои сершумори назоратӣ ва андозу молиёти баланд дигар қодир ба тавлиду ба бозор баровардани моле ки аз фаровардаҳои Чин арзонтар тамом шавад, нестанд.

Ба бовари онҳо, чанд омил метавонад дар оянда ин фарҳанги шаклгирифтаи “кишвари истеъмолкунанда”-ро дар Тоҷикистон ба фарҳанги “кишвари истеҳсолкунанда” иваз кунад. Онҳо аз ҷумла коҳиши қобили мулоҳизаи ҳам миқдор ва ҳам ҳаҷми андоз, эҷоди шароити баробар ва боимтиёз барои ҳамаи корхонаҳову ширкатҳо, бахусус дар роҳи ворид кардани таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ва як миқдор чораҳои демпингӣ барои ҳимоят аз тавлидкунандагони ватаниро пешниҳод мекунанд. Албатта, дар чаҳорчӯби муқаррароте, ки Тоҷикистон ба унвони узви нави Созмони ҷаҳонии тиҷорат бояд риоят кунад.

Аммо дар ҳоли ҳозир, чӣ иқтисоддонҳо, чӣ мақомот ва чӣ мардуми оддӣ дар Тоҷикистон ҳама эътироф мекунанд, ки бозори Тоҷикистонро ба истилоҳ "моли Хитой" зер кардааст ва дар миёни ин анбӯҳи молҳои хориҷӣ пайдо кардани як моли ватанӣ мисли ҷустани сӯзан дар ғарами коҳ аст.
XS
SM
MD
LG