Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуои иди Қурбон дар ҳаққи “шаҳидон ва қурбониёни сулҳ” (ВИДЕО)


Намози иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе
Намози иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе

Дар поёни намози иди Қурбон дар аксар масҷидҳои Тоҷикистон дар ҳаққи қурбониёни амалиёти ҷангӣ алайҳи гурӯҳи шӯришии генерал Абдуҳалим Назарзода, муъовини пешини вазири дифоъ дуо карда шуд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, ки дар масҷиди марказӣ дуо мекард, гуфт, “барои онҳое дар ин рӯз дуо мекунем, ки ҷони худро дар роҳи сулҳу осоиштагӣ нисор кардаанд.” Абдулқордирзода сулҳу оромиро беҳтарин неъмати Худованд унвон кард ва гуфт, ҳар он касе, ки дар ин роҳ ҷон медиҳад, шаҳид аст.

Бад ин тартиб дар аксар масоҷиди Тоҷикистон дар ҳаққи кормандони мақомоти интизомӣ, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар Душанбе ва дараи Ромит ҷон бохтаанд, дуо карданд.

Зимнан, бори нахуст дар намози иди Қурбон дар масҷиди Марказии Душанбе ҳеҷ нафар аз намояндагони мақомоти ҳукумат ширкат надоштанд. Маъмулан, ҳамасола намозгузоронро дар масҷиди марказӣ қабл аз баргузории намози ид Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳри Душанбе ва ё яке аз муовинони ӯ табрик мегуфтанд.

Ҳамчунин, намози имсола ба таври хоксорона баргузор шуд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон дар мавъизааш аз сокинон хост, то дар иҷрои аркони қурбонӣ ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, ҳар шахси мусалмони доро бояд дар ин рӯз чорвое қурбонӣ карда, аввал ба хонаводааш баъдан ба мардум онро тақсим кунад. Дар идомаи суханрониҳои худ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон намозгузоронро ба нигоҳ доштан ва тақвияти сулҳу субот дар кишвар даъват кард.

Дар охир Абдулқодирзода гуфт, бояд дар ҳаққи онҳое ки барои ҳифзу амнияти кишвар хизмат мекунанд дуо кунем. Сокинон баъд аз анҷоми намози ид ба сари манзил рафта дар ҳаққи гузаштагон дуо мекунанд.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонҳост ва онро ҳар сол мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мекунанд. Иди Қурбон дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз таътил эълон шудааст.

Намози иди Қурбон дар масҷиди Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

XS
SM
MD
LG