Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳелловин дар Тоҷикистон: биравам ё наравам?


Таблиғоти ҷашни Ҳелловин дар як тарабхонаи Душанбе дар соли гузашта
Таблиғоти ҷашни Ҳелловин дар як тарабхонаи Душанбе дар соли гузашта

Костюми вампир, аҷузакампир ва ё гурбаи ҷангалӣ…

Меҳрангез, як сокини шаҳри Душанбе ҳоло аз ин се либоси хоси ҷашни Ҳелловин якеашро бояд интихоб кунад. Аммо ба ҷуз аз масъалаи интихоби либос пеши Меҳрангез як интихоби сахти дигаре ҳам ҳаст, ки оё ба ин ҷашн равад ё на?

Ҷашн рӯзи 28 октябр таҷлил мешавад ва ӯ бисёр мехоҳад, дар ин ҷашн ширкат ва ҳамроҳи дӯстонаш шаби пуршӯре дошта бошад, аммо аз он нигарон аст, ки мабодо кормандони пулис омада дар нимаи Ҳеллоуин базми онҳоро манъ накунанд.

«Ҷашни Ҳелловин аз Амрико ба мо омадааст. Лекин ҷавонони мо инро қабул кардаанд, ба мо писанд аст ин ид. Давлати мо пеш рафта истодааст, замона дигар мешавад ва вобаста ба ин ҷашну идҳои нав меоянд, ки мо шодиву хурсандӣ мекунем», мегӯяд Меҳрангез.

Ҳеҷ яке аз баргузоркунадагони ин ҷашн иҷозати вазоратро напурсидаанд ва ҷашнгирии он ҳам иҷозат нест. Вақте дар Амрико будам, дидам, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, вале ин иди мо нест

Ӯ мегӯяд, модараш муқобили ширкати ӯ дар ин ҷашн нест, аммо ӯву модараш аз бархурди кормандони милиса ба ин ҷашн, ки солҳои қабл онро «барои ҷавонони тоҷик бегона» гуфта, монеи таҷлилаш шуданд, нигаронанд.

Дар ҳоле, ки Меҳрангез дар дуроҳаи интихоби рафтан ва ё нарафтан ба ҷашни Ҳелловин қарор дорад, чанде аз марказҳои дилхушӣ дар Душанбе эълон доданд, ки барои таҷликунандагони ҷашни Ҳеллоуин барномаҳои вежа таҳия кардаанд.

Дар пойтахти кишвар то айни замон марказҳои дилхушии «Роял Паб», «Лондон паб Душанбе», «Кофе Ҷинс» ва чанде дигар ҳаводорони ҷашнро ба таҷлили ид даъват кардаанд. Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қурғонтеппа низ бархе марказҳои дилхушӣ барои таҷлили Ҳелловин омода мешаванд.

Тарабхонаҳо омода мешаванд

Дар маркази дилхушии «Лондон паб Душанбе» гуфтанд, ки нархи кирои як миз дар ҷашни Ҳелловин дар шаби 28-уми октябр 20 сомонӣ аст. Кормандони марказ гуфтанд, ворид шудан ба шабнишинӣ барои духтарон бепул аст.

Дар ин марказ гуфтанд, шарти ширкат дар ҷашн ин аст, ки ширкатдорон бо либос ва рангубори хоси Ҳелловин ҳозир шаванд ва ё дар даромадгоҳи маркази дилхушӣ аз хизмати рассоми ниқобҳои хоси ин ҷашн истифода кунанд.

Таҷлили Ҳалловин дар сафорати ИМА дар Душанбе дар соли гузашта
Таҷлили Ҳалловин дар сафорати ИМА дар Душанбе дар соли гузашта

Дар ҳоле, ки марказҳои дилхушӣ ҳаводорони Ҳелловинро барои таҷлили пуршӯру шавқи он фаро мехонанд, вазорату идораҳои давлатӣ мегӯянд, баргузоркунандагони ин ҷашн аз онҳо ягон иҷоза нагирифтаанд ва кормандони милиса ҳақ доранд баргузории онро манъ кунанд. Дар ду ниҳоди давлатӣ - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ташкилкунандагони ин ҷашн аз онҳо иҷозат нагирифтаанд.

"Касе иҷозат напурсидааст"

Қурбон Ғуломзода, роҳбари раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳеҷ яке аз баргузоркунадагони ин ҷашн иҷозати вазоратро напурсидаанд ва ҷашнгирии он ҳам иҷозат нест. Вақте дар Амрико будам, дидам, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, вале ин иди мо нест”.

Ин масъули вазорат гуфт, чун ин ҷашнро аксаран ҷавонон таҷлил мекунанд ва масъули татбиқи сиёсати ҷавонон дар ҷумҳурӣ Кумитаи ҷавонон ва варзиш аст.

Шаҳзод Раҳимов, роҳбари раёсати сиёсати ҷавонони ин кумита дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ааз онҳо ҳам касе иҷозат напурсидаанд. Ӯ гуфт:

“Мо дар ҳамаи дидору мулоқотҳоямон ба ҷавонон мегӯем, ки ҷашну фарҳанги миллиамонро бояд тарғиб кунем. Чизе, ки ба фарҳанги мо хос нест, аз он бояд парҳез кунем”.

Ҳалловин дар Вена
Ҳалловин дар Вена

Раҳимов афзуд, ниҳодҳои зертобеи ин кумита ҳоло баргузоркунандагони ин ҷашнро пайдо ва суол мекунанд, ки дар кадом асос онро баргузор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки таҷлили идро аксар ҷавонон як ҳақи инсонии худ меҳисобанд ва мегӯянд, вақте инсон коре хилофи қонун накард ва ба касе осебе нарасонд, мақомот наметавонанд монеи шодиву хурсандии онҳо шаванд.

Ҳассосият ба ҷашнҳои "бегона"

Ҷашни “Ҳелловин” дар ҷомеаи Тоҷикистон дар баробари тарафдорон мухолифони зиёде дорад. Рӯҳониёни тоҷик ва қисме аз қишри муҳофизакори ҷомеа ин иди аслан ғарбиро мухолиф ба расму оинҳои милливу суннатӣ медонанд ва аз он нигаронӣ мекунанд, ки оҳиста-оҳиста ин ҷашн метавонад тавсеа ёбад ва ҷавонон ба ҷашну маросимҳои бегона рӯ биёранд.

Ҳелловин як ҷашни қадимаи мардуми англисзабон аст, ки дар остонаи Иди арвоҳи муқаддас дар охири моҳи октябру оғози ноябр таҷлил мешавад. Муҳимтарин унсури ҷашни ин аст, ки ширкатдорони он шогоҳон либосҳои ваҳмангези мухталиф мепӯшанд ва шодиву хурсандӣ мекунанд. Кадуи рангуборшуда ҳамроҳ бо шамъи фурӯзон, ки дар назди хонаҳо гузошта мешавад, як дигар рамзи ин ид шумурда мешавад. Ҳикмати идро дар дур кардани арвоҳи бад ва арҷ гузоштан ба зиндагиву хушиву хурсандӣ медонанд.

Мақомот дар Тоҷикистон дар мавриди таҷлили ҷашнҳое, ки ба гуфтаи онҳо, хоси арзишҳои миллӣ нест, чандон назари хуб надоранд ва аз ин хотир, ба таҷлили ихтиёрии ҷашнҳо дар маҳфилҳои тафреҳӣ гоҳо ҳассосият нишон медиҳанд. Соли 2014 корманди пулиси шаҳри Душанбе монеи таҷлили ин ҷашн дар маркази дихушии Порт- Саид шуда ҳама ҷавононро пароканда карданд.

Моҳи майи соли гузашта як гурӯҳ ҷавононе, ки пас аз таҷлили ҷашни ҳиндии рангҳои “Ҳоллӣ” аз варзишгоҳи «Спартак” берун шуданд, аз сӯи кормандон пулис боздошт гардиданд. Сабаби ин боздоштро Вазорати корҳои дохила вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо сару либос ва рӯи рангкардашуда гуфта буд.

XS
SM
MD
LG