Ҳузури тоҷикон дар деҳаи Аракси вилояти Армавири Арманистон касеро дар ҳайрат намегузорад. Дар заминҳои ин минтақаи ҳаммарз бо Туркия кишти пахта ба роҳ монда шудааст ва даҳҳо коргар аз Тоҷикистон дар ин майдонҳо машғули ҷамъоварии ҳосил ҳастанд. Пахта имсол ҳосили хуб додааст.
Абдулло Ҳафизов, сокини 34-солаи Қубодиён, дар заминҳои соҳили дарёи Аракс ҳамроҳ бо муҳоҷирони дигари тоҷик кор мекунад. Ӯ дар Тоҷикистон деҳқонӣ мекард ва муддате дар Екатеринбурги Русия боркашонӣ. Ҳоло масъулияти асосии ӯ дар Арманистон – обпошии майдонҳои пахта аст. Мегӯяд, бо сабаби аз кор мондани тракторҳо, ин шабу рӯз 25 шаҳрванди Тоҷикистон ҳосилро бо даст мечинанд.
“Вақте пахтаро чидем, ба ҷуфт мегузарем. Айни ҳол дар 1250 гектар замин пахта коридем, вале фурсат наёфтем, ки тамоми ин заминҳоро об диҳем”, -- нақл кард ӯ рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ.
Ширкати кордиҳанда барои майдонҳо бо об ду чоҳи калон кофта, лӯла гузаронидааст.
Таҷрибаи кишти пахта дар ин заминҳо нав эҳё мешавад, ҳарчанд солҳои 1930-1960-ум пахтакорӣ як ҷузъи сиёсати кишоварзии ҳукумати Шӯравии Арманистон буд. Баъдан бо қарори ҳукумати Шӯравӣ аз пахтакорӣ даст кашида, ба воридоти он аз ҷумҳуриҳои пахтапарваре ба монанди Узбекистону Тоҷикистон ва ҳам Озарбойҷони ҳамсоя рӯ оварданд.
Соли 2018 матбуот хабар дод, ки соҳибкор ва пахтапарвари маҳаллӣ Гагик Хачикян бо таҷрибаи 20-солаи кору зиндагӣ дар Тоҷикистон пахтапарвариро дар Арманистон эҳё кардааст. Хачикян барои кишту парвариши пахта ба ҷумҳурӣ коргарони тоҷикро ҷалб кард, аммо моҳи апрели соли гузашта номи ӯ дар робита бо пардохт нашудани ҳаққи кори як гурӯҳи коргарони тоҷик расонаӣ шуд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Гурӯҳи коргарони тоҷик бо шикоят аз пардохт нашудани ҳаққи корашон дар назди ҳукумати Арманистон эътироз карданд. Намояндаи расмии Хачикян он замон гуфт, даъвои коргарон қисман ба ҳақиқат наздик аст. Ба иттилои як намояндаи расмии ҳукумати Арманистон, ин даъво баъдан ҳалли худро пайдо кард ва гӯиё шарики дигари тиҷоратии Хачикян ҳаққи заҳмати коргарони тоҷикро пардохт намуд.
Ҳоло, ба иттилои расонаи таҳқиқотии fip.am, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Tsarukyan Cotton Road дар соҳилҳои Аракс бо парвариши пахта машғул аст. Ин манбаъ мегӯяд, 70 дарсади саҳмияҳои ин ширкат ба Гагик Тсарукян, 20 дарсад ба Гагик Хачикян ва боқӣ ба соҳибкорони суриягиву фаронсавӣ тааллуқ дорад. fip.am менависад, пахтаи истеҳсолшуда барои содирот ва эҷоди корхонаҳои нассоҷӣ равона хоҳад шуд. Таваҷҷуҳи расона ба кори Гагик Тсарукян аз он ҷо маншаъ мегирад, ки ӯ на танҳо як соҳибкори сарватманд, балки вакили порлумони Арманистон ва раҳбари ҳизби сиёсии “Арманистони шукуфо” («Процветающая Армения») будааст.
Муаллифони гузориши таҳқиқотӣ вакили маҷлисро ба нақзи қонун гумонбар карда, гуфтаанд, ӯ ҳақ надорад бо тиҷорат машғул шавад, вале Хадамоти вижаи таҳқиқотии Арманистон аз баррасии ин шикоятҳо худдорӣ кардааст.
Абдулло Ҳафизов, муҳоҷири тоҷик ҳам шунидааст, заминҳое, ки онҳо кор мекунанд, ба як сарватманде бо номи Тсарукян рабт доранд, вале ӯ зоҳиран аз ин баҳсҳо хабар надорад. Ӯ кор мекунад ва барои кораш маош мегирад. Чизе, ки дар Тоҷикистони дучори мушкили бекорӣ пайдо намекунад ва ҳам дар Русия ҳам дигар ёфтанаш мушкил шудааст. Ҳафизов мегӯяд, шароити маишиву молии кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арманистон хуб аст ва аз назари вижагиҳои корӣ ҳеч тафовуте бо пахтачинӣ дар Тоҷикистон надорад.
“Фарқаш ҳамин аст, ки дар инҷо кор мекунӣ, маошаш баланд аст – 450 доллар. Ба ғайр аз хӯроку ҷойи хоб,” – афзуд ӯ.
Абдулло Ҳафизов гуфт, то ҳол кордиҳандагонаш ваъдахилофӣ накардаанд ва даромадҳои ӯ барои таъмини рӯзгори оилааш дар Тоҷикистон фиристода мешавад.
Ба гуфтаи муҳоҷири тоҷик, ӯро барои кор ба Арманистон ҳамватанони дигараш даъват карданд. Баҳорон ҳам кишти пахтаро коргарони тоҷик анҷом дода буданд.
Абдулло гуфт, ҷониби даъваткунанда 200 доллар фиристода, билети парвоз то Арманистонро ҳам пардохт кард ва ҳамаи коргарони тоҷикро дар ду ҳавлии калони назди майдони кишт ҷойи зист дод.
Смбат Ованнисян, консули фахрии Арманистон дар Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми ноябр гуфт, воқеан ҳам сафари коргарони тоҷик ба Арманистон бо ҳадафи кор дар майдонҳои пахта як соли охир амалӣ мешавад. Ӯ гуфт, созиши байнидавлатии Тоҷикистону Арманистон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар бе ҳеч мушкил кору зиндагӣ кунанд. “Танҳо баъди ворид шудан ба кишвар бояд дар ҷойи зист худро ба қайд гиранд, тамом. Аз онҳо дигар чизе талаб намешавад. Онҳо ҳақ доранд ҳар қадар хостанд дар Арманистон бимонанд”, -- гуфт Ованнисян.
Аз назари коргарони тоҷики майдонҳои пахтаи Арманистон, соддагии шароити қонунии будубош дар ин кишвар барояшон хеле муҳим аст. Аксари онҳо дар пайи шадидтар шудани қонунҳои кор дар Русия, ки дар баробари дигар муқаррароте ба мисли сабтиному ҷойи кори қонунӣ, зиндагӣ дар суроғаи сабтиномшуда, инчунин пардохти ҳатмии ҳаққи патенти ҳармоҳаро ҷорӣ кардааст, ҷои дигареро барои муҳоҷират меҷӯянд.
Ойбек Кимсанбоев, як муҳаққиқи масоили пахта аз Узбекистон аст. Ӯ мегӯяд, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба сиёсати кишоварзии ин қаламрав ҳам тағйирот ҷорӣ кард. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар қаламравҳои шимоли Русия, мисли вилоятҳои Волгоград, Астрахан, Қалмиқистон ва Ставропол парвариши пахта ба роҳ монда шудааст. “Вижагиҳои иқлимии Арманистон ба ин кишвар имкон медиҳад, ки бо парвариши пахта машғул шавад. Ин ки ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон дар майдонҳои пахтаи Арманистон ҷалб шудаанд, маънои онро дорад, ки ин кор амалишаванда аст. Ин чиз мояи тааҷҷуб буда наметавонад, ин танҳо интихоби соҳибкорон аст, ки аз паяш бишаванд, ё на. Ман дар Астрахан мутахассисони тоҷикро вохӯрда будам, ки бо парвариши пахта машғул буданд,” – афзуд ӯ.
Ин донишманд мегӯяд, тағйирот дар сиёсати кишти ин ё он зироат “мешавад гуфт як сиёсати геоиқтисодӣ аст, ки ҳар давлати мустақил худаш интихоб мекунад”. Ба унвони мисол ӯ аз Узбекистон мисол овард, ки ба панҷгонаи истеҳсолкунандагони бузурги пахта дар ҷаҳон шомил мешавад ва ҳоло раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев мехоҳад , сиёсатро таҳрир карда, ин кишварро инчунин ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти тайёр ҳам табдил диҳад. Вале дар муқоиса дар Тоҷикистон, ки солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соле беш аз 1 миллион тонна пахтаи хом истеҳсол мешуд ва солҳои охир то се баробар кам шудааст, ин соҳа мушкилоти худро дорад ва яке аз онҳо – камии даромади пахтачинҳо мебошад.
Нархи пахтаро дар Тоҷикистон корхонаҳои пахтатозакунӣ таъйин мекунанд, ки дар дасти гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат ҳастанд.
Аз ин хотир, бисёр кишоварзону деҳқонони норозӣ аз нарху шароит муҳоҷирати кориро интихоб кардаанд, то битавонанд дар берун аз кишвар рӯзии худу фарзандонро пайдо кунанд.