Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Муродалӣ Иброҳимов моҳе пеш “барои кирдори ношоиста” барканор шуд


Акс аз сайти интернетии Хадамоти зидди маводи мухаддири Қирғизистон гирифта шудааст
Акс аз сайти интернетии Хадамоти зидди маводи мухаддири Қирғизистон гирифта шудааст

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон гуфт, корманди ин ниҳод, ки дар Қирғизистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, ҳанӯз 9 феврал аз кор озод шуда буд.

Масъулини ​Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки корманди ин ниҳод Муродаль Иброҳимов, ки дар Қирғизистон бо маводи мухаддир дастгир шудааст, феълан корманди ин вазорат нест. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 3 март ба Радиои Озодӣ гуфт, корманди собиқи вазорати корҳои дохилӣ Муродалӣ Иброҳимов як моҳ қабл бо фармони вазири корҳои дохилӣ барканор шудааст.

Ин манбаъ мегӯяд Муродалӣ Иброҳимов собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо фармони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон “бинобар кирдори ношоиста, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ таҳти №30 аз 9-уми феврали соли 2016 озод карда шудааст”. Вале ин манбаъ нагуфт, ки гуноҳи Иброҳимов мушаххасан чист ва бо кадом сабаб рафтори ӯро шоистаи ходими милиса арзёбӣ намекунанд.

Ин хабар дар ҳолест, ки дар акси ҳуҷҷати ходими ВКД Тоҷикистон дида мешавад, ки нафаре бо исми И.М., "сардори ШН ШТМТ-и ВКД Тоҷикистон" зикр шуда, мӯҳлати амали ин ҳуҷҷаташ то 16.07.2018 дарҷ шудааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии назорат бар маводи мухаддири Қирғизистон рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Бишкек хабари боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ кард. Як ходими дафтари матбуоти ин сохтор гуфт, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки яке аз онҳо бо ҳуҷҷатҳои майори милисаро доштааст, рӯзи 2 март расман боздошт шуданд. Аз рӯи муқаррарот, гуфт ӯ, сохторҳои марбутаи Қирғизистон маълумот дар

Ин санад дар дасти яке аз боздоштшудаҳо ошкор шуд
Ин санад дар дасти яке аз боздоштшудаҳо ошкор шуд

бораи боздоштшудаҳо, ба вижа хабари ба даст афтодани ходими эҳтимолии ВКД Тоҷикистонро ба сохторҳои марбутаи ин кишвар ирсол мекунанд.

Аз рӯи иттилои сухангӯи ин ниҳод, ду марди тоҷик ҳоло дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Бодканд нигаҳдорӣ мешаванд. Ӯ гуфт, ки муфаттишон маълумот дар бораи мавҷудияти роҳи пинҳонии интиқоли маводи мухаддирро чанд моҳ пеш дастрас карданд ва "ниҳоят ин афрод ба даст афтоданд»- гуфт намояндаи Қирғизистон. Исми гумонбарони қочоқи маводи мухаддир фош намешавад, аз онҳо танҳо ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон И.М, соли таваллудаш 1967 ва шаҳрванд О.М., соли таваллудаш 1971 г.р. ном мебаранд.

Ба иттилои хадамоти зидди маводи мухаддири Қирғизистон, дар амалиёти муштараки боздошти қочоқбарон ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва Хадамоти зидди маводи мухаддир, дар рустои Ҷаштиқи вилояти Бодканд иштирок карданд. Ин ду мард ҳангоми кӯшиши ворид кардани беш аз 36 кило маводи муахаддир, дар дохили мошини тамғаи "Опел-вектра" ба қаламрави Қирғизистон боздошт шудаанд.

Ба маълумоти расмии ҷониби Қирғизистон маводи мухаддир дар дохили ду сумкаи варзишӣ ҷой шуда буд. Тафтишоти пешакӣ аз ин афрод ба унвони «гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ» ном бурдааст. Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 247 КҶ Қирғизистон, яъне истеҳсолу нигаҳдории маводи

мухаддир бо ҳадафи фурӯши он боз шудааст ва мақомоти қирғиз мегӯянд, ки боздоштшудаҳо бо вакили мудофнъ таъмин ҳастанд.

Деҳаи Ҷаштиқи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон дар наздикии ҷамоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови шимоли Тоҷикистон, тахминан 30-километрии шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Дар он маҳал шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом хати рамзии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб меёбад ва сокинони марзӣ аз ин роҳ нисбатан озодона ба бозору фурӯшгоҳҳо ва назди якдигар раво мекунанд.

Минтақаи шимолии Тоҷикистон як роҳи умдаи қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои дигар, асосан Русия маҳсуб меёбад. Як кормандони Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи махаддир дар вилояти Суғд гуфт, дар давоми 2 моҳи соли равон беш аз 160 килограм маводи мухаддир, умдатан афюнро дарёфт ва мусодира кардаанд. Моҳи январи соли равон аз сӯи кормандони ин ниҳод як гурӯҳи 5-нафарии қоҷоқбар, 2 нафар сокини вилояти Хатлон, як сокини шаҳри Душанбе ва 2 тан сокини Суғдро ҳангоми интиқоли беш аз 150 килограм маводи мухаддир, аз ҷумла 3 килограм героин ба хориҷ аз кишвар боздошт намуданд.

Ба иттилои расмии Хадамоти зидди маводи мухаддири Қирғизистон, соли 2015 аз ҷониби ходимони ин сохтор 11 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави Қирғизистон, боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG