Жанторо Сотиболдиев-нахуствазири ин кишвар зимни суханони худ Чингиз Айтматовро “ифтихори доимии қирғизҳо ва рамзи дӯстии миллатҳо ва ваҳдат” номид. Дар Остона-пойтахти Қазоқистон чунин ҷаласа 10 декабр баргузор шуд.
Барномаҳои бузургдошти солгарди Айтматов дар Қирғизистон ва кишварҳои дигар идома меёбад. 17 декабр дар чаҳорчӯбаи “Маҷмаи гуфтугӯи АвруОсиё” дар робита бо ин солгард низ конфронси илмии байналмиллалӣ баргузор мешавад.
Дар Русияву Туркия, Украина, Белгия ва кишварҳои дигар низ маросимҳои бузургдошт дар назар гирифта шудааст. ЮНЕСКО соли 2014-ро соли Чингиз Айтматов эълон кардааст.
Чингиз Айтматов бо шоирону нависандагони Тоҷикистон равобити наздики ҳамкорӣ дошт ва дар Тоҷикистон ба вай эҳтиром мегузоранд.Дар мусоҳибае аз шоира Гулрухсор Сафиева пурсидам, оё дар Тоҷикистон ҳам барномаҳое барои бузургдошти солгарди Айматов дар назар гирифта шудааст?
Гулрухсор: Мутаассифона, дар Тоҷикистон на танҳо ба ҷашни бузургдошт аз солгарди Айтматов, балки ба ҷашни бисёре аз бузургони худи мо низ таваҷҷуҳ накарданд. Намунаи ахири он Муҳаммадҷон Шакурии Бухороист, ки панҷ-шаш нафар дар дари хонаи эшон ҷамъ шуданд ва он касро бурда ба хок супурданд. Дар муҳити адабии мо аз чунин барномарезиҳо чизе нест. Ман аз барномаҳои ҳукуматӣ хабар надорам, вале агар ҳукумат қарор кунад, солгарди Айтматовро ҷашн мегиранд. Ман дирӯз (11 декабр) бо дӯстони қирғизам телефонӣ сӯҳбат кардам. Аз адибони тоҷик ягона одаме ҳастам, ки дар 50 солагӣ, 60 солагӣ, 70 солагии ва 75 солагии Айтматов ширкат кардаам. Қирғизҳо бояд кулоҳи худро ба осмон партоянд, барои он ки Худо ба онҳо шахсеро чун Айтматов дод. 50 солагии эшон дар театри опера ва балети Бишкек баргузор шуда буд ва ман ҳам суханронӣ карда будам ва гуфтам, ки “инсонеро чун Чингиз Айтматов як модар ба инсоният дода наметавонад. Айтматовро миллати қирғиз додааст”. Ва ҳоло ҳам бо гузашти 35 сол ба ҳамин ақидаам устуворам ва такрор мекунам, ки Айтматов на танҳо дар фарҳанги қирғиз, мардумони Осиёи Марказӣ ё Шарқ, балки дар фарҳанги ҷаҳон нақши худро гузоштааст ва ба назари ман ин нақш ҳанӯз омӯхта нашудааст. Вижагиии Айматов ин буд, ки вай хеле хуб урфу одат, расму оин ва афсонаву устураву ривоятҳои на танҳо мардуми қирғиз, балки бисёре аз мардумони ҷаҳонро медонист. Вижагии дигар бисёр хуб донистани табиати инсон ва табиати набототу ҳайвонот аст. Дар асари бисёр маъруфи “Алвидоъ, Гулсарӣ” истеъдоди нависанда барои боз кардани хислати қаҳрамононаш хеле рӯшан ҷилвагар мешавад. Аспу саг ҳамеша аз дӯстони бовафо ҳастанд ва аз хеши бегона беҳтаранд. Вақте асп мемирад, Айтматов дар симои қаҳрамони худ Танабой дар сари аспи мурда нола мекунад ва табиати инсонии худро, яъне он чизеро, ки гуфта наметавонист, ҳамаашро бо гиря баён мекунад. Танабой деҳқон буд. Маъмулан вақте ки асп ё гов касал мешавад, бо вуҷуди ҳамаи муҳаббатамон зуд ба сари корд медавем, ки онро ҳалол кунем. Вале Танабой на танҳо дар фикри ин набуд, ки ин аспро бояд гардан бизанӣ ва гӯшташро бихӯрӣ, балки дар сари ҷанозаи асп, ки Гулсарӣ ном дошт, зор-зор инсонвор гиря кард. Ҳамаи дардеро, ки ба инсонҳо гуфта наметавонист, он ҷо бо гиря гуфт. Танабой як инсони одии қирғиз буд ва ман фикр мекунам, ки он асп худи Айматов буд.
Суол: Шумо аз ҷумлаи адибони он давра ҳастед, ки бо Айтматов ҳамкорӣ доштед. Оё Айтматов бо он эътибору манзалате, ки дар Иттиҳодияи нависандагони Шӯравии давр дошт, ба адибони тоҷик ҳам кӯмак мекард?
Гулрухсор: Вай барои мо як рӯҳияи хешӣ дошт. Вай аз дигар миллатҳое, ки дар Иттиҳодияи Нависандагони Шӯравӣ буд, мо тоҷиконро ҷудо мекард. Агар сухан дар бораи ҷоизаҳо ё ҷонибдорӣ аз ҷавонон ва пешбарӣ мерафт, Айтматов ҳамеша моро тарафдорӣ мекард. Масалан, се бор Мӯъмин Қаноатро ба ҷоизаи давлатӣ пешбарӣ карданд. Ҳар бор ин пешниҳод ба бухлу ҳасад рӯ ба рӯ мешуд. Вале Айтматов хеле кӯмак кард ва шоири мо ҷоизаи ба худ сазоворро соҳиб шуд.
Аммо мехоҳам як саргузашти дигарро дар бораи худам бигӯям. Вақте, ки манро ба Ҷоизаи Комсомоли Умумииттифоқ пешбарӣ карданд, нашриёти “Молодая Гвардия” инро пешниҳод карда буд, ман худам хабар надоштам. Он вақт дар сафари хидматӣ дар Гурҷистон дар Рӯзҳои адабӣ ширкат мекардам. Вақте, ки ин ҷоизаро ба ман эълон карданд, аз Тоҷикистон бо сардории котиби комсомолии ҳамонвақта гурӯҳеро равон карданд, ки чаро ба Гулрухсор ҷоиза додед. Дар ҷавоб ба онҳо гуфтаанд, ки “мо аз шумо ҷоизаро нагирифтаем, ба намояндаи шумо ҷоиза додем”. Онҳо гуфтаанд, ки “мо мехостем ҷоизаро ба дигар кас диҳед”. Дар миёни ҳамин баҳсу гирудорҳо Айтматов аз Қирғизистон парвоз карда рафт ва маро дар байни ҳама табрик карда гуфт, ки “баъди як-ду сол бояд ту омода шавӣ барои гирифтани ҷоизаи давлатӣ”. Ин бузургии Айтматов буд, ки дар баробари бухлу нотавонбинӣ мушоҳида шуд.
Нашриёти “Художественная литература” фақат осори классиконро чоп мекард. Ва ин ҷо ҳам як намунаи кӯмаки Айтматов ба адиби тоҷикро мехоҳам ба ёд орам. Ман он вақт 35-сола будам ва китобамро бо номи “Зеркало дня” (“Оинаи рӯз”) ин нашриёт чоп мекард. Эшон барои ин китоби ман пешгуфтор навишт. Пешгуфтораш он қадр шоирона аст, ки то ҳол мо аз он истифода мебарем.
Ҷашни “Шамшер”-и маро дар Бишкек дар театри опера ва балет баргузор мекарданд. Аскар Оқоев-раиси ҷумҳур ва Чингиз Айтматов ҳар ду раиси ин ҷаласа буданд. Ҳама тааҷҷуб карда буданд. Айтматов аз ҷой хест ва гуфт, ки “бародарони тоҷик, ба шумо миллати бузург чӣ шудааст, ки бузургонатонро хор мекунед, аз хона меронед. Бояд фикр кунед, ки шумо чӣ миллате ҳастед, ки бо бузургони миллати худ ин гуна рафторро раво мебинед”. Чашмонаш об гирифт, ашколуд шуд. Ин наворҳоро ман дорам. Шояд рӯзе мешавад ва телевизиони мо иҷозат медиҳад, ки мо дар ин бора ҳикоят кунем.
Айтматов устод Турсунзодаро устоди худ медонист. Бо Мӯъмин Қаноат дӯстии наздик дошт. Ба банда меҳру муҳаббати устодона дошт. Бори охир ман бо Айтматов ба зодгоҳаш деҳаи Шакар сафар карда будем, дар Талас, ки зодгоҳи Манас мебошад. Манро Гулитай мегуфт, ва дархост мекард, ки “барои Гулитай хӯрокҳои миллӣ биёред”. Медидам, ки хӯрокҳояшон ҳамон хӯрокҳои кӯҳистонии мост, механдидам. Вай мегуфт, ки мо хешем, мо ҷиянҳои шумоем. Хоннидо зани Манас буд ва мо шояд ягона миллате бошем, ки зани бегонаро чун модар қабул мекунем. Мегуфт, ки “ту духтари ҳамонӣ, мо ҷиянҳои шумоем”. Ман фикр мекунам, ки ҳар чӣ, ки Айтматов дар адабиёт гуфтааст, ин гапҳои нагуфтаи тоҷикону қирғизҳову туркманҳост, ки дар вақташ гуфта натавонистанд.
Суол: Ба назари Шумо, чаро қирғизҳо тавонистанд ҳамин гуна чеҳраҳои рӯшани худро барои таблиғи миллаташон, барои таблиғи адабиёташон истифода кунанд ва ҳанӯз ҳам Чингиз Айтматов ва номи вай эътибори қирғизҳоро дар арсаи байналмиллалӣ боло мебарад ва қирғизҳоро муаррифӣ мекунад. Вале тоҷикон натавонистанд ҳамин корро кунанд, чаро?
Гулрухсор: Шумо захми маро хуншор накунед... Ба Айтматов аз ҳамон боло арҷгузорӣ мекунанд. Аскар Оқоев ҳатто вайро мисли гаҳвараки чашм рӯи даст мегирифт. Вайро аз боло дастгирӣ мекарданд. Ин падидаест, ки муттаассифона, дар ҳаёти худ надидаам. Манро то ҳол дар телевизиони тоҷик роҳ намедиҳанд. Ман ба телевизион ниёз надорам. Лекин шумо суол додед, ман мегӯям, ки “ҳама усул дар дасти доирачист”. Айтматов ва Ғамзатовро дар сатҳи боло тарафдорӣ мекарданд. Ҷашни 35 солагии манро ҳам дар Колонний зали Маскав гузарониданд. Аз Тоҷикистон боз одам фиристоданд, ки кӣ иҷозат дод, ки ҷашнашро дар он ҷо гузаронад. Моро аз дур дӯст медоранд, аз наздик не. Агар Айтматовро ҳам аз боло дастгирӣ намекарданд, худаш ҳеҷ кор карда наметавонист.
Суол: Гобачёв, раиси ҷумҳури Шӯравии давр дар солҳои охири Шӯравӣ Айтматовро ба фаъолияти сиёсӣ кашид. Он замонро чӣ тавр тасвир мекунед?
Гулрухсор: Горбачёв Айтматовро ба узвияти Шӯрои президентӣ даровард. Айтматов хеле зирак ва дурбин буд. Баъди як-якуним сол гуфт, ки ин шӯро ҷои вай нест ва хоҳиш кард, ки ба вай кори дигар диҳанд. Кори сафирӣ пешниҳод карданд. Люксембург як кишвари хурди аврупоӣ китобҳояшро он вақт чоп мекард. Хоҳиш кард, ки ба он ҷо фиристанд. Агар дар Шӯро менишаст, баҳрае намебурд.
Суол: Оё Айтматов бо Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон ҳам ҳамкорӣ мекард?
Гулрухсор: Иттиҳодияи нависандагон ҳам аз инсонҳо иборат аст. Дар ҷашни устод Турсунзода омада буданд. Мо он касро ба Қаратоғ бурдем. Дар ҷаласаи нависандагон ширкат карданд. Бо даъвати мо меомаданду мерафтанд. Вале то охири умр бо Мӯъмин Қаноат ва банда дӯст буданд. Бо устод Турсунзода хеле дӯсти наздик буданд. Ба бузургии Турсунзода ва шеъраш арҷ мегузоштанд.
Кайҳони Дил
барои Чингиз Айтматов
Одами хокӣ паи афсона бар афлок рафт.
Аз сафина оҳи оташ дар лиқои хок монд.
Боз шуд гарчӣ даре, аз ҷумла дарҳои фалак,
Сад дари накшода андар хок чун афлок монд.
Боли ман сӯи фалак мехонаду дасти дилам
Сӯи дунёи замини ман ишорат мекунад.
Эй дил, эй дил, ҳокими гардуннаварди хоксор,
Ҷонам аз хишти муроди ту иморат мекунад.
Пардаи асрори кайҳон бар замин хоҳад фитод,
Он чунон к-афтад зи байни мулкҳо рӯзе сафир.
Лек монад қалъаи бефатҳ дар рӯи замин,
Модари кайҳоние бо номи пурасрори дил.
Гулрухсор, соли 1976