Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни умри 14 000 пиряхи Тоҷикистон (ВИДЕО)


Яке аз пиряхҳои Помир
Яке аз пиряхҳои Помир

Дар як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе гуфта шуд, ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон аз соли 1957 ба ин тараф 25 дарсад коҳиш ёфтааст ва агар обшавии ин "кӯҳҳои ях" ҳамчунон идома кунад, то поёни аср онҳо ҳамагӣ аз байн хоҳанд рафт.

Пажӯҳиш ва мушоҳидаҳои олимони соҳаи табиатшиносӣ ҳокист, ки агар обшавии пиряхҳои Тоҷикистон бо суръати имрӯза идома кунад, шояд то охири асри 21 дар ин кишвар ягон пирях боқӣ намонанд. Бино бар арзёбиҳои охири олимон, ҳаҷми пиряхҳо дар муқоса бо соли соли 1957 25 дарсад кам шудааст.

Фёдор Климчук, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи пешгирона дар Осиёи Миёна рӯзи 11ноябр дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Обшавии пиряхҳо дар Осиёи Миёна” гуфт, ки обшавии пиряхҳо дар минтақа суръати хатарборе ба худ касб кардааст. Ҷаноби Климчук мегӯяд: “Сабаби асоси об шаваии прияхҳо ин гармшави иқлим ва фаъолияти инсон аст. Глитсологҳо (пиряхшиносон) ҳисоб кардаанд, ки то охири ҳамин аср пиряҳо метавонанд комилан маҳв шаванд.”

Ҷаноби Климчук афзуд, ҳадафи аслии ҳамоиши дурӯза дар пойтахти Тоҷикистон таҳияи чораҳо барои пешгирӣ аз обшавии пиряхҳост. Ба таъкиди ӯ, ҳадафи дигар амалӣ кардани чораҳоест, ки инҷо таҳия мешавад.

Олимон мегӯянд, сабаби дигаре, ки роҳро ба об шудани пиряхҳо дар Тоҷикистон боз кардааст, чангу хок ва намаки қаъри хушкидаи баҳри Арал аст, ки бодҳои тунд ин ҳамаро ба сӯи пиряхҳо мебаранд. Сарчашмаи аслии баҳри Аралро ду дарёи бузурги Осиёи Миёна -Амӯдарё ва Сирдарё - ташкил мекунанд, ки ҳарду аз кӯҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашма мегиранд. 80 дарсади захираҳои оби минтақа аз қаламрави ин ду кишвари болоби Осиёи Миёна оғоз мегиранд, вале бахши аъзами захираҳои обро кишварҳои поёноб - Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон - баҳри обёрии мазореи кишоварзиашон масраф мекунанд.

Баррасии хатари обшавии пиряхҳо дар ҳамоиши байналмилалии Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Дар ин ҳамоиш намояндагони кулли кишварҳои Осиёи Миёна - Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ширкат доштанд. Масъулони Тоҷикистон ва Қирғизистон бештар дар мавриди обшавии пиряҳо ва намояндагони се кишвари поёноб асосан дар мавриди хатароти камобӣ дар натиҷаи коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо сухан гуфтанд.

Ҳайати Узбакистон
Ҳайати Узбакистон

Муҳаммадҷон Хоҷаев, масъули Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Узбакистон, ки низ дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, аз соли 2000 то ба ҳол дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳолати пиряхҳо бо ҳавопаймо омӯхта нашудааст ва наметавон гуфт, ки онҳо ҳоло дар кадом ҳолат қарор доранд. Вай гуфт: “Барои он ки вазъиятро дақиқ пешгӯӣ кунем, ҷониби Узбакистон пешниҳод дорад, ки ҳолати пиряҳои кӯҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тариқи ҳавопаймо (аэросъёмка) муштаракан омӯхта шавад. Ҳамчунин ҳамкориро дар мавриди пешгӯӣ ва ояндабинии хатароти ношӣ аз обяшавии пиряхҳоро беҳтар ба роҳ монем.”

Вазъу ҳаҷми пиряхҳоро беҳтар аз олимон сокинони манотиқи атроф мушоҳида мекунанд. Бошандагони рустоҳои наздик ба пиряхҳо мегӯянд обшавӣ ва камтар шудани кӯҳҳои яхро бидуни пажуҳиши густарда низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Шодӣ Расулбеков, як сокини миёнсоли ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон, ки солона борҳо барои шикор ба кӯҳ баланд мешавад, мегӯяд, обшавии пиряхҳо назаррас аст: “Солҳои пеш ҳаво ба ин дараҷа гарм намешуд дар ҷойҳои мо. Ҳоло тобистон гармои ҳаво то 40 дараҷа ҳам мешавад. Ҳаво ки гарм шуд, обшавии пирях ҳам бештар мешавад. Баъзан пиряхи Хирсон аз ҷояш ҳатто канда мешавад.”

Зимнан бинобар мушоҳидаҳои обу ҳавосанҷҳо, пиряхи Хирсон дар ноҳияи Ванҷ тайи солҳои ахир дар натиҷаи обшавӣ аз мавқеи қаблиаш як километр поин фаромадааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Солҳои охир аз ин шумор ҳазор пирях пурра об шудаааст. Мақомоти Тоҷикистон масъалаи обшавии пиряхҳоро дар соли 2009 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид матраҳ карданд, аммо то ҳол тадбире муассир барои пешгирӣ аз обшавии кӯҳҳои бузурги ях дар ин кишвар гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG