Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чойи ҳиндӣ дар Тоҷикистон парвариш мешавад


Давлати Ҳиндустон тасмим дорад, ки дар роҳандозии парвариши чой ба Тоҷикистон кӯмак бикунад.

Астиҳа Кумара Бҳатаҷадрӣ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон, гуфтааст, тоҷирони Ҳиндро барои сармоягузорӣ дар парвариши чой дар Тоҷикистон алоқаманд ва ҷалб хоҳад кард.

Ба гуфтаи донишмандони Донишгоҳи кишоварзӣ ва Институти ботаникаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, шароити иқлимии бархе аз ноҳияҳо барои парвариши чой мувофиқат мекунад, вале дар кишвар наметавон навъи чойи сейлониро бо ҳамон тамъу бӯй парвариш намуд.

Саидалӣ Гулов, профессори Донишгоҳи кишоварзӣ гуфт: “Соли 1983-85 мо навъи чойи гурҷистонии Калхидаро овардем ва се-чор сол парвариш кардем. Хусусиятҳо фарқ карданд. Зеро барои чой замини хоки муҳиташ кислотагидошта мувофиқ аст. Аммо заминҳои Тоҷикистон бештар муҳити ишқорӣ доранд."

Аммо ба гуфтаи Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон, дар сурате, ки парвариши чой бар асоси фанновариҳои ҷадиди ҷаҳонӣ ба роҳ монда шавад, ҳосили дилхоҳ гирифтан имконпазир аст.

Вай гуфт, “аввал санҷидан лозим. Барои мисол, дар шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан, ноҳияи Ғончӣ, Айниву Панҷакент чойро кишт кардан мумкин аст. Ҳосили хуб низ имконпазир аст. Дар навоҳии ҷануб гармӣ зиёд аст, ба нумӯи чой имкон намедиҳад. Зеро намнокӣ камтар аст.”

Ҷаноби Воҳидов афзуд, аз сӯи дигар, коркарди он нисбат ба пахта даҳҳо баробар арзонтар аст, вале барои чойро то ба бозор содир кардан замина лозим аст. Аз ҷумла, корхонаҳои коркарди чой, мутахассис ва ғайра.

Собиқ вазири кишоварзӣ ҳамчунин гуфт, "мо метавонем тамоми заминҳои лалмии доманакӯҳро офтобпараст бикорему аз он равған бигирем. Зеро мо ҳоло беш аз 70 дарсади равғани ниёзи худро аз хориҷ ворид мекунем."

Ба гуфтаи мутахассисон, парвариши чой дар Тоҷикистон хуб аст, вале бояд ба бахшҳое аҳамият дода шавад, ки дар ҳоли ҳозир барои рушди иқтисоди Тоҷикистон судманд аст. Бо вуҷуди ин ба гуфтаи онҳо, набояд аз парвариши навъи чойи тоҷикистонӣ, ки имкон дорад ба ҷисму ҷони сокинон бештар мувофиқ бошад, даст кашем.

Бино ба иттилои марказҳои пажӯҳиши ҷаҳонӣ, нафароне, ки ҳамарӯза чой менӯшанд, 70 дарсадашон аз гирифторӣ ба бемориҳои қалб эмин мемонанд.

XS
SM
MD
LG