Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз кор то иқтисод – Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ роҳ меҷӯяд


Мақомоти Тоҷикистону Корея дар ҷаласае ҳамкории иқтисодии байни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард. Манобеъ мегӯянд, ин ҷаласа рӯзҳои 5-6-уми октябр баргузор мегардад.

Вақтҳои охир як мушкил бо шаҳрвандони Тоҷикистон пеш омадааст. Онҳо бо раводиди сайёҳӣ вориди Кореяи Ҷанубӣ шуда, баъдан ба таври ғайриқонунӣ мемонанд. Талош мекунанд, ки пинҳонӣ аз чашми полис кор кунанд.

Як манбаъ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷаласа ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ ва захираҳои об, саноат, маориф ва тандурустӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамсуҳбати мо дар Вазорати рушди иқтисод афзуд, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хостори он шудааст, ки дар ҷаласа масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Корея низ баррасӣ шавад.

Бо ин ки ҳамкориҳои дипломативу сиёсии ду кишвар дар соли 1992 барқарор шудааст, ҳамкорҳои иқтисодии байни Душанбеву Сеул дар чанд соли охир вусъат пайдо кард. Ҳаҷми додугирифти мол байни ду кишвар дар нимаи аввали соли 2013 ба беш аз 28 миллион доллар баробар шуд.

Тоҷикистон дар фикри тавсеи бозори кор

Тоҷикистон мегӯяд, ки имкониятҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, говпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ хеле зиёд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Оҷонсии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOIСА) иштирок мекунад.

Вале умеди аслии Тоҷикистон аз ин ҳамкориҳо – фароҳам шудани шароити ҳуқуқиву иқтисодии кори шаҳрвандони ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Тоҷикистон, ки садҳо ҳазор шаҳрвандаш ҳамасола дар ҷустуҷӯи кор ба Русия меравад, дар фикри тавсеаи бозори кор барои шаҳрвандонаш мебошад.

Имзои созишномаи ҳамкорӣ дар масъалаи фароҳам овардани шароити кор дар Кореяи Ҷанубӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон чанд соли охир мавриди баррасӣ қарор дорад.

"Қабули созишнома метавонад то 5 сол тӯл кашад"

Манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 4-уми октябр гуфт, дар ҷараёни ҷаласаи Комисияи байниҳукуматӣ қарор аст мутахассисони вазорати меҳнати Тоҷикистон музокираро дар ин мавзӯъ идома диҳанд.

Вале як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷараёни ин гуфтугӯҳо огоҳ аст, ба шарти фош нашудани номаш гуфт, имзои созишномаи фароҳамкунандаи шароити кор барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Кореяи Ҷанубӣ чандон соддаву осон нест. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, шурӯъ аз ҳаққи гирифтани визаи корӣ барои хориҷиҳо то таъмини ҳуқуқи онҳо дар ин кишвар фурсати тӯлониро талаб мекунад.

“Ҷараёни қабули чунин як созишнома, ки дар ниҳоят бояд аз ҷониби порлумони ин кишвар тасвиб шавад, метавонад то 5 сол тӯл кашад. Яъне интизори бисёриҳо дар заминаи ин ки чунин созишнома метавонад дар фурсати кӯтоҳ имзо ва татбиқ шавад, ба воқеият ҷавобгӯ нест”, - гуфт як узви ҳукумати Тоҷикистон.

Мушкили муҳоҷирони тоҷик: Ғайриқонунӣ мемонанд

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, солҳои охир масъалаи кор дар Корея “гӯё мӯд шудааст”. Дар миёни коргарони хориҷӣ дар ин кишвар шаҳрвандони Русия ва Узбекистон то рафт зиёд мешаванд. Узбекҳову русҳо дар корхонаҳои моҳипарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмону пластик ва ғайра кор мекунанд ва имкони ба хонаҳояшон ирсол кардани маблағу пасандоз ҳам доранд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро доранд, барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ мераванд
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро доранд, барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ мераванд

Мақомоти тоҷик ҳанӯз соли 2013 гуфта буданд, ки ба хотири диверсификатсия ё рангоранг кардани самти кори шаҳрвандони Тоҷикистон ва фирор аз вобастагии танҳо бозори кори Русия, дар баробари давлатҳои дигар инчунин ба Кореяи Ҷанубӣ ҳам пешниҳоди худро дар ин замина ирсол кардаанд. Музокирот чанд соли охир ҷараён дорад, вале то ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

“Аз сӯи дигар, вақтҳои охир як мушкил бо шаҳрвандони Тоҷикистон пеш омадааст, ки бо раводиди сайёҳӣ вориди Кореяи Ҷанубӣ шуда, баъдан дар ин ҷо ба таври ғайриқонунӣ мемонанду талош мекунанд, пинҳонӣ аз полис кор кунанд. Дар ин замина ҳам онҳо ба Тоҷикистон фикру андешаҳои худро баён кардаанд”, - гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Марг, бе бимаи тиббӣ

Аксар тоҷиконе, ки дар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳадафи кору даромад қарор доранд, бо шиносномаҳои шаҳрвандони Русия вориди ин кишвар шудаанд.

Нурмуҳаммад Ҷалолов
Нурмуҳаммад Ҷалолов

Моҳи июни имсол Радиои Озодӣ дар бораи саргардониҳои як хонаводаи тоҷик дар Корея хабар дода буд. Бо сабабаи надоштани бимаи тиббӣ хешовандони ҷавони 22-солаи тоҷик, ки дар Корея дар паи як садама ҷон дод, натавонистанд ҷасади ӯро осон ба даст оварда, ба Тоҷикистон фиристанд. Танҳо 21 ҳазор доллари ҷамъоваришуда тавонист мушкили ин хонаводаро ҳал кунад.

Кореяи Ҷанубӣ – кишваре дар Осиёи Шарқӣ ва мустақар дар нимҷазираи Корея яке аз кишварҳои босуръат пешраванда ба ҳисоб меравад. Ин кишвар даҳсолаҳои охир ба макони кору муҳоҷирати хориҷиҳои зиёд табдил шуда, дар миёни онҳо собиқ шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ҳам зиёд мешаванд.

Ҷамъияти тоҷикон, ки дар ин кишвар ҳузур дорад, бештар аз ҷавонону донишҷӯён иборат аст.

XS
SM
MD
LG