Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бача бояд дар кадом мактаб хонад? (ВИДЕО)


Бо шурӯи соли нави таҳсил бархе аз волидон талош доранд, ки фарзандонашонро дар мактабҳои хусусӣ ё пулакӣ супоранд. Вале бархе аз волидон мегӯянд, агар шавқ раҳбар бошад, дар мактабҳои оддии кишвар низ метавон хатту савод омӯхт.

Лайло Ҳасанова, сокини шаҳри Душанбе, духтараш Ноҳидро барои соли нави таҳсил омода мекунад. Ноҳид дар синфи дувум мехонад, аммо бори аввал бо омӯзгорону ҳамсабақонаш дар мактаби нав рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Вай имсол бо хости падару модар аз мактаби миёнаи оддӣ ба литсей рафтааст.

Лайло Ҳасанова рӯзи 31-уми август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо аз аввал мехостанд, ки Ноҳид дар мактаби типи нав ва беҳтар таҳсил кунад, вале то ин вақт имкони молияшон камтар буд. "Ин литсейро имсол интихоб кардем, ки дар онҷо забономӯзӣ аз синфи ибтидоӣ ба роҳ монда шудааст. Аз фанни математика низ то 6-8 соат дар як ҳафта дарс дода мешавад. Мо ба хулосае омадем, ки ин барои мо ва ояндаи духтарамон беҳтар аст," – гуфт Лайло Ҳасанова.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Бача бояд дар кадом мактаб хонад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Мактаби типи наве, ки фарзанди Лайло имсол ба синфи дувум меравад, бо шартномаи ҳарсолаи худ аз мактаби қаблиаш фарқ мекунад. Аммо вай мегӯяд, низоми хуби тадрис ва шароит беҳтар аз бартариҳои мактаби нав аст. Маҳз андешаи ояндаи фарзанд Лайлоро водор кард, то бо харҷи каме бештар барояш мактаби дигар интихоб кунад.

Роҳат Набиева, баръакси Лайло Ҳасанова, ду набераи худро ба мактаби оддии ҳамагонӣ мондааст. Вай мегӯяд, наберагонаш синфҳои ибтидоиро дар чунин мактабҳо мехонанд ва синфҳои болоиии таҳсилро дар мактабҳои типпи нав идома медиҳанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши майли волидон ба мактабҳои шакли нав мисли гимназияву литсейҳо таҳлилгарон мегӯянд, мардум ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар дарк кардаанд, ки беҳтарин сармоя ин маблағгузорӣ ба таҳсили фарзанд аст ва дар оянда ҳатман барои худи фарзанд ва наздиконаш самар меорад. Аксаран волидон вобаста ба шароит барои фарзандони худ мактаб интихоб мекунанд, онҳое, ки имкони кам доранд, бо сарфа аз дигар паҳлӯи зиндагӣ кӯшиш мекунанд барои фарзанд мактаби хуб интихоб кунанд.

Аммо бархе аз омӯзгорон бар ин боваранд, ки агар кас тавонад, дар замири тифл муҳаббат ба таҳсилу омӯзишро бедор кунад, фарзанд дар мактаби дурдасти деҳ низ олиму доно хоҳад шуд. “Ҳар кас ба шароити хонавода нигоҳ мекунад. Ҳар кас ба литсею гимназияҳо бурда наметавонанд. Ба ҳар ҳол, дар мактабҳои миёна падару модароне ҳастанд, ки кӯшиш мекунанд. Лекин дар мактабҳои оддӣ ҳам муаллимони пуртаҷриба, муаллимони босавод ҳастанд,” – Зебо Валиева.

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 3800 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ҳам хусусӣ ва ҳам давлатӣ фаъолият мекунад. Теъдоди гимназияҳо ба 73 ва аз литсейҳо ба беш аз 60 баробар аст. Имсол барои бори аввал беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи якум қадам хоҳанд гузошт.

XS
SM
MD
LG