Бозгашт ва ихроҷи садҳо муҳоҷири корӣ аз Русия ба Тоҷикистон боиси афзоиши бозорҳои мардикорӣ ва шумораи мардикорон дар ин бозорҳо шудааст. Интизории гурӯҳ-гурӯҳи мардикорон дар гӯшаву канори пойтахт ки интизори корфармо менишинанд, бори дигар сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистонро собит мекунад.
Ҷамолиддин Қосимов, сокини 50-солаи ноҳияи Восеъ яке аз ин мардикорон аст. Ӯро мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия се соли қабл аз ин кишвар ихроҷ карданд ва барои панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуд. Ӯ барои дарёфти ризқи 6 фарзанду ҳамсараш се соли ахир дар шаҳри Душанбе мардикорӣ мекунад.
Бар асоси омори расмии Оҷонсии шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар як соли ахир 125 ҳазор сокини кишвар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар як соли ахир пайдо кардани кор хеле мушкил шудааст ва баъзан чанд рӯз дар ҳавои бози гарму сард мунтазири корфармо менишинад ва бегоҳ ночор ба хонаи иҷорааш бармегардаду бо умеди рӯзи дигар шабро онҷо рӯз мекунад. “Ҳамон қадаре меёбем, ки зиндагимонро пеш мебарему халос. Бо ин пуле, ки мо меёбем, ҳеҷ гоҳ хона бунёд карда намешавад. Чун дар як рӯз аз 30 то 60 сомонӣ ба даст меорам. Вале рӯзҳое ҳам мешавад, ки касе моро кор намефармояд. Дар як хобгоҳ иҷора мешинам ва барои як моҳ 120 сомонӣ месупорам, дигар илоҷ нест”.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, барояш на соли 2016 осон буду на 2017. Зеро маблағе, ки дар ин ду сол пайдо кард, танҳо барои таъмини рӯзгори шаш фарзандаш кофӣ буду бас. Ҳоло шумораи мардикорбозорҳо дар Тоҷикистон ба 23 расидааст. Соли ҷорӣ шумораи корҷуйҳо дар мардикорбозори маҳаллаи 82-и пойтахт тақрибан як баробар афзудааст. Тавре худи Ҷамолиддин Қосимов гуфт, "пештар одамҳо камтар 50-60 нафар буд. Ҳозир 100-200 нафар корҷу ҳаст дар ин бозор. Рӯзҳои шанбе, якшанбе аз ҳисоби ниёзмандон ба пул шумораи корҷӯйҳо дар ин мардикорбозор боз ҳам зиёдтар мешавад".
Ҷамолиддин хатмкардаи Донишкадаи аграрии Тоҷикистон аст. Мисли ӯ садҳо нафар мардҳои дипломдор дар мардикорбозорҳои Душанбе мунтазири корфармо менишинанд. Дар баробари Ҷамолиддин Қосимов дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 96 ҳазор нафар ба мақомоти шуғли аҳолии Тоҷикистон дар бораи бекории худ муроҷиат карданд.
Аммо мақомот мегӯянд, тибқи омори расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили меҳнат ба 2,5 миллион баробар буда, танҳо 51 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ доранд. Абдувалӣ Қулов, роҳбари бахши демография ва омори иҷтимоии Оҷонсии омор 27-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт як пажуҳиши тозаи ин ниҳод нишон додааст, ки 29 дарсади афроди қобили меҳнат дар Тоҷикистон, ки худро мустақилона бо шуғл таъмин мекунанд, мардикорон ҳастанд. Ҳарчанд бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ шумори бекорон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ се маротиба бештар аст. Чун ба гуфтаи таҳлилгарон як гаштугузор дар кӯчаву бозорҳои кишвар сатҳи бекори миёни сокинонро бозгу мекунад.
Чун дар ин авохир садҳо муҳоҷири кории тоҷик бо шадид шудани низоми кор дар Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуда, дар пайи ҷустуҷӯи кор ҳастанд. Таҳлилгарони масоили бозори меҳнат мегӯянд, омории мақомот бар пояи асноди нафароне, ки ҳанӯз ҳам ҳуҷҷатҳои соҳибкории худро қатъ накардаанд ба назар гирифта шудааст.
Зеро ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик Саидакбар Шарифов, низоми қатъ кардани шаҳодатномаи соҳибкории инфироди дар Тоҷикистон кори осон нест ва дар бештари маврид ба гуфтаи ӯ мақомот бо истифода аз он ба қавле “ҷонҳои мурда”-ро ҳисобу китоб мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори расмии Оҷонсии шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар як соли ахир 125 ҳазор сокини кишвар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Теъдоди умумии афроди қобили меҳнат дар кишвар нисбати як соли пеш 1,3 дарсад афзоиш ёфта, дар ин муддат шумораи расмии бекорон ҳудуди 6 дарсад коҳиш ёфтааст.
Аммо воқеият чизи дигарро нишон медиҳад. Таҳлилгарон бозори меҳнат, маоши паст ва мавсими будани аксари шуғлро омили аслии номувофиқии оморҳо унвон мекунанд. Гузашта аз ин мардикорон ҳам дигар шуғли ғайрирасмӣ нисбат ба кори доимӣ барояшон беҳтар аст.