Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти кам шудани парвозҳо ба Русия. Кӣ ҳаққи рафтан (на)дорад?


Яке аз фурудгоҳҳои Русия
Яке аз фурудгоҳҳои Русия

Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон баъди ду рӯзи нигаронӣ ва пурсишҳои сокинон, эълон карданд, ки парвозҳоро аз фурудгоҳҳои кишвар ба тарафи Русия кам кардаанд.

Рӯзи 18-уми март аз даҳ парвози ҳавопаймоҳо ба самти Русия ҳашт парвоз қатъ гардид. Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ дар изҳороте гуфт, дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудият дар сафари хориҷиён ба Русия, "шумори мусофирон кам шуд ва ширкатҳо низ қисме аз парвози ҳавопаймоҳоро ба сӯйи Русия қатъ карданд".

Маҳдудиятҳо ба кӣ дахл надорад?

Русия то тақрибан якуним моҳи оянда вуруди хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар манъ кардааст, вале қарор ба ин гуруҳи одамон дахл надорад:

  • Шаҳрвандони Русия
  • Онҳое, ки ҳаққи иқомат дар Русияро доранд
  • Кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои мустақар дар Русия
  • Ронандагони мошинҳои борбари байналмилалӣ
  • Сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо ва қаторҳо
  • Шахсоне, ки Русияро ба ҳайси кишвари транзитӣ истифода карданиянд
  • Аъзои ҳайатҳои расмӣ
  • Онҳое, ки раводиди дипломативу хизматӣ доранд
  • Шахсоне, ки ба сабаби фавти хеши наздикашон ба Русия мераванд.

Ҳавопаймоҳо мераванд, аммо шаҳрвандони Тоҷикистонро намебаранд

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар баёнияе гуфт, аз 18-уми март то якуми май теъдоди парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия кам кардааст, вале айни замон афзуда, ки "барои идомаи иҷрои парвозҳо бо дар назар гирифтани пуршавии хатсайрҳо кӯшиш хоҳад кард". Ширкат пурра шарҳ надодааст, ки манзур аз ҷумлаи охир чист.

Ширкати "Тоҷик Эйр" низ бо фиристодани огоҳӣ ба кормандони нуқтаҳои билетфурӯшӣ хабар додааст, ки парвозҳои қаблан тасдиқшудаи худро дар рӯзҳои 20, 21 ва 22-юми март аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав анҷом медиҳад. Аммо таъкид кардааст, фақат онҳое иҷозаи сафар доранд, ки соҳиби шиносномаи Русия ва ё санади ҳаққи иқомат дар ин кишвар ҳастанд.

Ширкатҳо: Пули билетро бармегардонем

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҳдудиятҳои ҷоришударо "чораҳои муваққатӣ" дониста ва гуфтаанд, пули билети мусофиронро бармегардонанд. Дар изҳороти Оҷонси авиатсияи гражданӣ таъкид шудааст, ки мусофирон метавонанд билетҳои қаблан харидашударо ба муҳлати баъди 1-уми май гузаронанд ва ё аз нуқтаҳое, ки чиптаро дастрас кардаанд, пулҳои худро бигиранд.

Муҳоҷирон: Кори осон нест

Аммо гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки аз қабл барои худ билети сафар харидаанд, мегӯянд, бозпас гирифтани маблағ барояшон ба осонӣ даст намедиҳад.

Қатъи парвозҳо махсусан ба самти Русия, аксар мусофиронро дар назди нуқтаву идораҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҳамчунин фурудгоҳ сарсону саргардон кардааст. Мусофирони ҷамъомада дар ин нуқтаҳо мехоҳанд, ба суолҳои зиёди худ посух бигиранд ва ё ҳарчӣ зудтар маблағи чиптаи онҳо баргардонида шавад.

Некрӯз, муҳоҷири тоҷик, ки чиптаи ҳавопаймо дар даст дар назди намояндагии яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ интизори масъулони он буд, гуфт, бо қарзи бонк билет харида буд.

Ӯ гуфт: "Бояд пулро гирифта, қарзро баргардонам. Барои ҳамин, ба нуқтаи билетфурӯшӣ рафтам. Дар он ҷо гуфтанд, ки ба ширкати "Уралские авиалинии" муроҷиат кунед. Ин ҷо мегӯянд, метавонем билетро барои иваз кунем ва баъд аз якуми май сафар кунед. Ҳоло намедонам чӣ мешавад."

Агар билетро дар Русия харида бошӣ, пулашро аз куҷо мегирӣ?

Мушкили онҳое, ки дар Русия билети рафтуомадро харидаанд, вазнинтар будааст. Ба ин гурӯҳи муҳоҷирон дар ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфтаанд, бояд пули худро аз нуқтаҳое талаб кунанд, ки дар онҷо билет харида буданд.

Азиз Норқулов, яке аз муҳоҷирон, мегӯяд, "мо билети рафту баргаштро дар Русия харида будем. Ҳоло роҳ бастааст, мо чӣ тавр ба Русия рафта, пуламонро талаб кунем. Ман бояд 22-юми март сафар мекардам. Ҳоло ба мо мегӯянд, ягон нафар дар Русия рафта, аз номи шумо гап занад ва пулро бигирад. Аммо ин воқеӣ нест, кӣ бовар мекунад?"

Русия рӯзи 17-уми март эълон кард, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус даромадани шаҳрвандони хориҷиро ба қаламраваш аз 18-уми март то 1-уми май маҳдуд мекунад. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки моҳҳои апрелу май мавсими баҳории рафтани муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия аст.

Коршинос: Бояд роҳи кумак ба муҳоҷиронро андешид

Раҳмон Улмасов, таҳлилгари масоили муҳоҷират, мегӯяд, дар ин вазъ зарур аст барои таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор дар дохил ва ё расонидани кумаки моддӣ ба онҳо чора андешанд.

"Ин вазъро касе намехост, аммо давлатҳо ба ин вабо гирифтор шуданд. Акнун барои онҳое, ки дар ин ҷо монданд, бояд корҳои муваққатӣ ёфта шавад. Мо бояд таҷрибаи ҷаҳониро омӯзем. Солҳои 30-юм, вақте дар Амрико ҳолати вазнине пеш омад, одамони бекорро ба сафед кардани хонаву тоза кардани кӯчаҳо ҷалб карданд. Ё дафъаи дигар, вақте чунин мушкил пеш омад, вазорати махсусе ташкил карданд, ки ба одамони бекор ва шароиташон вазнин 2-3 дафъа хӯрок медоданд. Ҳар касе имкон дорад, бояд ба муҳоҷирон кумак расонад."

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ин таҳлилгар, дар Русия ҳам мақомот дар чунин вазъ бо муҳоҷирон меҳрубонтар шаванд. Улмасов гуфт, "идораҳое, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд, аз ҷумла мақомоти интизомӣ, дар ҳамин муддат бояд санад ё афве омода кунанд. Яъне, дар сурати анҷоми муҳлати иқомати муҳоҷирон, ба онҳо имкон дода шавад, ки будубош ва корашонро дар Русия давом диҳанд."

Манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон ба Русия на танҳо муҳоҷирону хонаводаҳои онҳоро нигарон кардааст, балки расонаҳои худи Русия ҳам аз таъсири ин маҳдудият ба бахшҳои мухталиф дар ин кишвар менависанд. Таҳлилгарони Маскав гуфтаанд, ин вазъ боис ба камбуди сохтмончиён ва кунд шудани корҳои сохтмонӣ хоҳанд шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои бозгашт аз Русия ҳақ доранд?

Мақомоти Русия мегӯянд, ки тақрибан як миллион аҳолии Тоҷикистон дар онҷо кору зиндагӣ доранд. Ҷониби Тоҷикистон ин рақамро тақрибан ним миллион нафар шумурдааст.

Бар асоси омори солҳои охир, тақрибан сесад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Русия шудаанд мақоми душаҳрвандӣ доранд.

Барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ нашудааст. Сафорати Русия дар Душанбе дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, қарори охир ба будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия таъсир надорад ва ҳамчунин тоҷиконе, ки нияти тарки ин кишварро доранд, озоданд.

Аммо мушкиле, ки ҳоло гиребонгири шаҳрвандони Тоҷикистон барои бозгашт ба ватан аст, пайдо кардани ҳавопаймост. Ба сабаби кам шудани парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия, парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон низ коҳиш ёфтааст. Инчунин ба сабаби баста будани марзҳои Қазоқистону Узбекистон омадан ба воситаи худраву мусофирбарҳо маслиҳат дода намешавад.

XS
SM
MD
LG