Раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти МН изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди айбдор донистани тарафи Тоҷикистон дар қазияи рӯзи гузашта дар марзи миёни Исфара ба Бодкандро иқдоми нодуруст арзёбӣ кард.
Амирқул Азимов, собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 11 июл дар вокуниш ба ҳодисаи Ворух гуфт: "Дар ҳоле, ки комиссияи муштарак миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон қазияро таҳқиқ дорад, носанҷида пешакӣ овозаву дарвоза кардани ҷониби қирғизҳо, ки марзбонони тоҷик дар вуҷуди ин ҳодиса айбдоранд, дар ҳамсоядорӣ кори хубе нест."
Чун ба таъкиди ҷаноби Азимов, "ҳақиқатро бояд бо ду чашм дид, дар ҳолати бисёр нодуруст фаҳмондани ин ҳодиса ба мардум он метавонад оқибатҳои нохуб дошта бошад. Фикри мардумро нисбати ҳамдигар бад кардан даркор нест. Зеро мо ҳамсояем ва тарафдори созиши ҳаматараафа ва ҳамаҷониба ҳастем ва фикр кунам, ки оянда дар ҳамин минтақа якҷоя зиндагӣ мекунем."
Раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон дар иртибот ба иддаои бархе аз доираҳои қирғиз, ки "дар ин ҳодиса дасти сеюм аст", гуфт, ҳоло дар ин бора чизе гуфта наметавонад, аммо дар ҳоли ҳозир комиссияи сатҳи баланд миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди қазияи дируз фаъолият дорад ва аз хулосаи ин комиссия бисёр чизҳоро рӯшан хоҳад кард.
Аммо Комёб Ҷалилов, таҳлилагари масоили сиёсии минтақа мегӯяд, ҳодисаи 10-уми июл айни қазияи моҳи май аст, ки «он замон гуё марзбанони тоҷик ба нагузоштанд, ки қирғизҳо кор кунанд, ва аммо ҳоло бошад баръакас. Ва ин як як латмаи навбати ба муносибати Тоҷикистону Қирғизистон шуд. Аз ин хотир бояд ҳар ду ҷониб ин қазияро хуб таҳқиқ кунед, зеро шояд нафаре ҳаст, ки ин ҳодсаҳоро ташкил ва ё раҳбарӣ мекунад.»
Ин таҳлилгар бо ишора ба паёмади нохуби ин гуна ҳодисаҳо барои ҳар ду кишвар, аз ҷумла Тоҷкистон гуфт, «рӯзҳои наздик дар Алма-ато масъалаи Роғун ва нерӯгоҳи обии калон дар Қамбарота баррасӣ мешавад. Метавонад мухолифате ба вуҷуд оянд ва Қирғизистон метавонад моро ё тарафдорӣ кунад ва ё бетараф бимонад. Ин ҳамаааш як сиёсат аст ва худи сиёсат бозиест барои манфиатҳо.»
Дар ҳоле ки аз рӯйдодҳои Ворух як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шудаанд, тарафи Қирғизистон мегӯяд, марзбонони тоҷик қаламрави Қирғизистонро аз мушакандоз ва хумпора ҳадаф қарор доданд ва як сарбози қирғиз захмӣ шудааст. Аммо Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ин иттиҳомро рад мекунад. Тибқи иттилоъи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ҳоло дар марзи ин ду кишвари ҳамсоя оташбас эълом шудааст.
Дар зимн, Аскар Бешимов, муовини вазири хориҷаи Қирғизистон, рӯзи ҷумъаи 11 июл зимни нишасти хабарӣ нотаи расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистонро дар мавриди таниши марзӣ «осемасар» унвон кардаст. Ин мақомдор аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки то анҷоми музокирот аз баҳодиҳӣ худдорӣ намояд.
Шоми дирӯз, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба тирпарронии рӯзи 10 июл, ки соати 11-30 дар қаламрави хоҷагии кооперативии “Ворух” дар марзи Исфараву Бодканд рух додааст, ба ҷониби Қирғизистон нотаи расмӣ фиристода, шарҳи ин ҳаводисро тақозо кард.
Дар ин иттиллоия аз ҷумла гуфта мешавад, ки марзбонони қирғиз дар постгоҳи Тамдиқ ба сӯи сокинони осоишта, ки ба тармими қубури об машғул будаанд, тир кушодаанд. Дар натиҷаи ин амал, 7 сокини осоишта ва як марзбони тоҷик ҷароҳат бардошта, як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ин ҷароҳат дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст. Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳангоми муноқиша марзбонони тоҷик аз силоҳ истифода накардаанд.
Вале ҷониби Қирғизистон, баръакас марзбонони тоҷикро масъули тирпаррониҳои дар марзи Исфараву Бодканд меномад ва онҳоро барои кӯшиши ба ҳам задани тавофуқи ба даст омада, айбдор мекунанд.