Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон сиёсати ояндаи Тоҷикистонро тасвир кард


Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “афзалиятҳо дар сиёсати хориҷӣ наметавонанд доимӣ ва тағйирнопазир бошанд”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “афзалиятҳо дар сиёсати хориҷӣ наметавонанд доимӣ ва тағйирнопазир бошанд”.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, ки дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бартарӣ хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар оянда низ “сиёсати дарҳои бозро” пеш хоҳад бурд ва чун пешина ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа афзалият хоҳад дод. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ягон кишварро “ба ҳайси давлати бадхоҳ” арзёбӣ намекунад ва дар пайи густариши ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои дунё хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи ҷумъа дар маросими ифтитоҳи бинои нави вазорати умури хориҷӣ, дар ҳузури дипломатҳои кишвар аввал аз Узбакистон ном бурд, ки ҳоло низ бо Тоҷикистон равобити хуб надорад.

Ӯ гуфт, дар ҳамкорӣ бо Узбакистон: “муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор омилҳои муайянкунанда ба ҳисоб мераванд.” Таври маълум аз миёни кишварҳои минтақа, муносиботи Тоҷикистон бештар аз ҳама бо Узбакистон сард аст, ки ба бунёди сохтмони нерӯгоҳи Роғун, танҳо роҳи наҷоти Тоҷикистон аз бӯҳрони энержӣ мухолифат мекунад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳалли мушкилоти фаровони иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам таҳкими амнияту субот фақат аз роҳи ҳамкориҳои густурда ба даст меояд, чизе ки на ҳама кишварҳои минтақа ба он майл доранд ва ба қавле ҳар яке мехоҳанд луқмаи бузургтарро соҳиб шаванд. Аммо айни замон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки “афзалиятҳо наметавонанд доимӣ ва тағйирнопазир бошанд”.

Тоҷикистон, ки то соли 2003 ҳамеша Русияро “шарики стротегӣ” мехонд, дар сиёсати хориҷиаш “сиёсати дарҳои боз”-ро пеш гирифт, ки ба маънии дигараш “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад” аст. Тайи 10 соли гузашта Тоҷикистон дар сиёсати хориҷиаш Русияро шарики стротегӣ хонд, вале айни замон бо рақибони он Амрико ва Чин ҳамкориҳоро ба роҳ монд. Ба гуфтаи коршиносон бо вуҷуди эҷоди дарди сарҳо бахусус аз тарафи Русия “сиёсати дарҳои бози” Тоҷикистон ҳосил додааст. Аз ҷумла ба Очил Зоҳидов, профессори тоҷик, сиёсати чандҷонибаи хориҷӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба ҳайси яке аз бозигарони дахил дар Осиёи Марказӣ эътироф шавад ва ҳамкориро бо онҳое ба роҳ монад, ки дар воқеъ ҳозиранд дар барномаҳои иқтисодиаш, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳо сармоя бигузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, татбиқи сиёсати дарҳои боз идома хоҳад кард ва дар суханрониаш ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо қудратҳои ҷаҳонӣ пардохта, аввал аз Русия ном бурда ва гуфт, ки вусъат додани муносибатҳо бо Россия ва “шарикии стратегӣ” ба манфиати миллии Тоҷикистон аст. Эмомалӣ Раҳмон баъдан аз Чин ном бурд ва гуфт, густариши минбаъдаи муносибот бо ин кишвар “аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти Осиё мебошад.” Чин ҳоло бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон аст ва бо садҳо миллион доллар дар кишвар роҳу нақб ва корхона месозад. Аммо давлати Тоҷикистон соли 2011 барои имзои ёддошти дар бораи демаркатсияи марзи Тоҷикистону Чин дар дохил башиддат танқид шуд, ки матбуоти дохилӣ инро як шикасте дар сиёсати хориҷӣ хонданд. Бар асоси ин ёддошт, Тоҷикистон 1000 километри мураббаъи қаламрави баҳсбарангезро ба Чин дод ва ба қавли матбуоти хориҷӣ “Чинро аз ҳисоби Тоҷикистон бузургтар кард.”

Пас аз зикри ҳамкориҳо бо Чин, Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз муносибот бо Амрико гуфт ва афзуд, Тоҷикистон саъй хоҳад кард, ки бо ин абарқудрат “робитаҳои гуногунҷабҳаро инкишоф диҳад ва хусусияти шарикии онҳоро нигоҳ дорад.” Ӯ аз кӯмакҳои мустақиму ғайримустақими Амрико, ки аз ҷумла барои иҷрои барномаҳои иҷтисодӣ ва таъмину таҷҳизи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон кардааст, қадрдонӣ намуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон сипас аз нақши Иттиҳодияи Аврупо дар рушди иқтисоди кишвар сӯҳбат карда ва гуфт, ки Тоҷикистон минбаъд равобиташро бо ин “як ҳамкори муҳими иқтисодии худ” густариш хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1993, баъди ба қудрат омаданаш, ҳамкорӣ бо “кишварҳои форсизабони ҳамсояро” яке аз панҷ ҳавзаи манфиатҳои Тоҷикистон гуфта буд, дар суханронии худ аз ҷумла ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя гуфт: Афғонистони бародар ва ҳамкешу ҳамзабон дар байни кишварҳои минтақа барои мо ҳамеша ҳаққи афзалият хоҳад дошт.” Эмомалӣ Раҳмон сипас ба ҳамкориҳо бо Эрон ишора карда ва гуфт, ки Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо ин кишвар беш аз пеш тақвият хоҳад бахшид.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар сӯҳбаташ аз ҳамкориҳо бо Ҳинду Покистон, Туркия ва Ҷопону алоҳида сӯҳбат карда ва сипас ба тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таъкид кардааст. (Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Паймони НАТО). Эмомалӣ Раҳмон баъдан аз ҳукумат ва вазорати умури хориҷа хостааст, то охири соли равон Консепсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистонро қабул кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ консепсияи пешина, ки соли 2002 қабул шудааст, ба бознигарӣ дорад.
XS
SM
MD
LG