Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хоҷаи Ғорбобо” аз кист? Баҳси нави Тоҷикистону Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон аз кумисюни ташхис ва аломатгузории марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хостаанд, ки дақиқ кунанд, минтақаи “Хоҷаи Ғорбобо” ба кадоме аз ҳамсояҳо тааллуқ дорад. “Хоҷаи Ғорбобо”, ки ба қавли сокинон аз доманакӯҳҳо иборат аст, дар ҳудуди ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара воқеъ мебошад.

Дилшод Расулзода, раиси шаҳри Исфара, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, масъалаи қитъаи “Хоҷаи Ғорбобо” дар баҳси Кумисюни байниҳукуматӣ оид ба ташхиси марз ворид шудааст.

Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар доманакӯҳҳои “Хоҷаи Ғорбобо” асосан чорвои сокинони ин кишвар мечаранд ва ин замин ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ин мавзеъ аз қадим дар ҳудуди ҷамоати Ворух буд. Онҳо мегӯянд, дар ин маҳал мазори Хоҷаи Ғорбобо ҳам ҷойгир аст, ки аз маконҳои зиёрати сокинони Исфара ба ҳисоб меравад.

Ин баҳс охири ҳафта маҷбур кардааст, марзбонҳои тоҷику қирғиз аз ду тарафи минтақаи “Хоҷаи Ғорбобо” ҷамъ оянд. Шоҳидон мегӯянд, вақте сарҳадбонҳои тоҷик дар роҳи мошингарди “Хоҷаи Ғорбобо” барои назорати ҳаракати мошинҳо “шлагбаум” гузоштанд, марзбонҳои Қирғизистон изҳори норозигӣ карда, талаб намудаанд, “шлагбаум” бардошта шавад. “Ҳоло вазъ ором аст ва дар ду тарафи минтақа сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон қарор доранд. Як дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон дар назди он фаъол аст", - афзуд мусоҳиби мо.

Атоуллоҳ Шарофов, сокини ҷамоати Ворухи Исфара, низ рӯзи 25-уми ноябр гуфт, баҳси “шлагбаум” дар маҳалли “Хоҷаи Ғорбобо” миёни сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 23-юми ноябр рух дод ва баъд аз як муноқишаи кӯтоҳ “шлагбаум” бардошта шуд. Баъд аз ин ҳодиса мазори “Хоҷаи Ғорбобо” аз ҷониби намояндагони Қирғизистон ба барномаи кори Кумисюни байнидавлатӣ оид ба ташхиси марз ворид карда шудааст.

Дилшод Расулзода, раиси шаҳри Исфара
Дилшод Расулзода, раиси шаҳри Исфара

Дар ҳукумати шаҳри Исфара тасдиқ карданд, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи “Хоҷаи Ғорбобо” дар Кумисюни байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Дилшод Расулзода, раиси шаҳри Исфара, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, масъалаи қитъаи “Хоҷаи Ғорбобо” дар баҳси Кумисюни байниҳукуматӣ оид ба ташхиси марз ворид шудааст.

“Дар ин масъала харитаи солҳои 1924, 1958 ва соли 1989 ҷой доранд. Дар ҳар кадоме аз ин харитаҳо аз маҳалли мазори “Хоҷаи Ғорбобо” се хатти шартии марзӣ мегузарад. Якеаш аз поёни мазор ва дигаре аз наздикии мазор аст. Бар асоси харитаи соли 1924-ум хатти шартӣ як каме аз мазор болотар мегузарад. Ҳоло Кумисюни ташхиси марз ин се хатти шартиро баррасӣ дорад. Марзбонони мо ва қирғиз дар рӯ ба рӯи мазор мегарданд”, - афзуд ӯ.

Раиси шаҳри Исфара гуфт, тайи ду сол мешавад, ки ҳайатҳои Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба масъалаи ташхису аломатгузории хатти марзи ду кишвар машғул ҳастанд.

Мақомоти Қирғизистон то ба ҳол қазияи “Хоҷаи Ғорбобо”-ро расман шарҳ надодаанд. Аммо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури ин кишвар, рӯзи 20-уми ноябр дар нишасти охирини матбуотиаш гуфт, “агар ба Эмомалӣ Раҳмон машварати дигар намедоданд, шояд ҳоло созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон пурра имзо мешуд.”

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон борҳо шоҳиди муноқиша шудааст
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон борҳо шоҳиди муноқиша шудааст

Ӯ аз ҷумла афзуд, “ин ба ҳолате монанд аст, ки остинҳои як костюм ду ранг доранд. Ин нодуруст аст. Онҳо (ҷониби Тоҷикистон) гуфтанд, ки бояд мо аз асноди солҳои 1925-1926 истифода кунем. Он гаҳ ман машварат додам, ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1923-1924 назар кунанд, ки он вақт Тоҷикистон вуҷуд надошт. Албатта, ин боис ба таассуф аст”.

Мақомот мегӯянд, то имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст. Борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода буд. Соли гузашта дар чунин танишҳои марзӣ дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG