Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳи қонуни Тоҷикистон баъди фошкориҳо аз оффшор


Давлати Тоҷикистон қонунеро ислоҳ кард, ки талаб мекунад, дар сурати сабти ширкат ё корхона номи соҳибмулкон дар минтақаҳои оффшорӣ ошкор карда шавад.

Ба дунболи фошкориҳо аз минтақаи оффшор дар ҷаҳон давлати Тоҷикистон қонунеро ислоҳ кард, ки бар асоси он ҳар фарде мехоҳад, дар кишвар ширкат таъсис диҳад, бояд дар бораи соҳибмулкони асосии сабтшуда дар минтақаҳои оффшорӣ маълумот пешниҳод намояд. Ин нукта дар қонуни “бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" таъкид шудааст, ки ҳамин ҳафта ҳукми иҷро гирифт

Дар қонуни пешин, ки соли 2009 қабул шудааст, ингуна банд вуҷуд надорад.

Қонуни навро вакилони мардумӣ моҳи апрели имсол қабул карданд ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, онро рӯзи 14 май имзо гузоштааст. Айни замон бар асоси қонуни мазкур талаб кардани дигар ҳуҷҷатҳо аз фарде, ки дар минтақаҳои оффшорӣ сабти ном кардаанд, мамнӯъ аст.

Ба гуфтаи муаллифони санад, ҳадаф аз ислоҳи қонун шаффофият дар иқтисоду додугирифт дар Тоҷикистон аст. Барои ҳамин як банди дигари қонун талаб мекунад, аз ин ба баъд онҳое, ки мехоҳанд ширкат ва ё корхонаи хусусӣ ташкил кунанд, бояд на танҳо номи муассисон, балки номи онҳоеро ҳам ба мақомоти сабти асноди расмӣ пешниҳод кунанд, ки саҳмияҳои корхонаҳои ташкилшавандаро дар даст доранд. То кунун зимни сабти ширкат ё корхонаи хусусӣ, мақомот номи муассисонро талаб мекарданд, вале номи саҳҳомон ҳатмӣ набуд.

Қонун дар бораи сабти номи соҳибкорон дар Тоҷикистон муддати кӯтоҳе баъд аз он мавриди иҷро қарор гирифт, ки номи теъдоде аз шаҳрвандон, ки дар минтақаҳои оффшорӣ ширкатҳояшонро сабти ном кардаанд, дар "Авроқи Панама" пайдо шуд.

Гурӯҳе аз хабарнигорони пажӯҳишӣ санадҳои Mossack Fonseca - як ширкати ҳуқуқии Панамаро бо номи "Авроқи Панама" нашр карданд, ки нишон медиҳад, баъзе аз раҳбарони кишварҳо, тоҷирони сарватманд ва сиёсатмадорон пулҳои худро дар минтақаҳои оффшорӣ нигаҳ медоранд, то андози камтар супоранд. Дар миёни миллионҳо ном аз ҷумла номи 10 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст, ки инҳоянд:

1. Сафармад Сафаров,

2. Бахтиёр Муъминов,

3. Абдумуъмин Абдушукуров,

4. Зарифбек Давлатов,

5. Беҳзод Файзуллоев,

6. Фирӯза Акрамова,

7. Салим Халилов,

8. Дилшод Шоҳмамадов,

9. Ҳакимбой Зиёевич,

10.Мансурҷон Ҳамидов

Баъд аз нашри ин номҳо Иззатулло Маҳмудов, cардори Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳои Бонки миллӣ, ба Озодӣ гуфт, дар бораи он ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор чӣ қадар ширкат ва маблағ доранд, иттилои дақиқ надоранд, вале ба гуфтаи ӯ, дар сурате ки Тоҷикистон тамоми талошашро барои ҷалби сармояи хориҷӣ сарф мекунад, беҳтар аст, пули шаҳрвандон дар дохил истифода бишавад.

XS
SM
MD
LG