Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саман" дар Кӯлоб ният дорад, 60 миллион дона тухм тавлид кунад.ВИДЕО


Ҳоло дар Кӯлоб як тухм тақрибан 1 сомониву 20 дирам арзиш дорад.
Ҳоло дар Кӯлоб як тухм тақрибан 1 сомониву 20 дирам арзиш дорад.

Сокинони Кӯлоб вақтҳои ахир бештар аз дӯконҳои сайёр тухм мехаранд, чун дар муқоиса ба бозор арзонтар аст. Корхонаи навтаъсиси мурғпарварии “Саман” ҳамарӯза маҳсулоти худро дар мошинҳои махсус дар кӯчаву бозор ва дар назди хонаҳои мардум ба фурӯш мегузорад. Амиралӣ, яке аз муштариёни ширкати “Саман” мегӯяд, “шукр, ки тухм инҷо арзон шудааст, то 20 сомонӣ ҳам як қуттиро мефурӯшанд”.

Бо фаъол шудани корхонаи “Саман” дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он қимати тухми мурғ поин рафт. Сӣ дона тухми ин корхона 21 сомонӣ қимат дорад. Қаблан як қуттӣ тухми мурғро дар инҷо 27 сомонӣ мефурӯхтанд. Дар корхонаи “Саман” дар як шабонарӯз то 50 ҳазор дона тухм тавлид мекунанд. Намояндагони корхона мегӯянд, ки ният доранд, истеҳсоли тухмро то се баробар зиёд кунанд.

Дар Кӯлоб тухм арзон шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Масидиқ Одинаев, раиси корхонаи “Саман” мегӯяд: “Аз чаҳор як ҳиссаи корхонаи мо ба кор даромадааст. Ин маънои онро дорад, ки қудрати корхонаи мо 200 ҳазор дона тухм дар як шабонарӯз аст.” Ба қавли ӯ, қисмати дигари корхона баъди овардани таҷҳизот аз Туркия ба кор андохта мешавад. “Саман” аввалин корхонаи паррандапарварӣ дар Кӯлоб аст ва дар ҳоло 30 нафар кор мекунанд.

Раиси корхона мегӯяд, ки онҳо барномаҳои бузургтаре доранд: “Мо ӯҳдадор шудаем, ки истеҳсоли тухмро дар як сол ба 60 миллион дона бирасонем.” Дар сурати иҷрои ин нақша барои ҳар як сокини Кӯлоб якуним дона тухм тавлид мешавад. Воридоти тухм аз хориҷ ба Тоҷикистон манъ аст, барои ҳамин дар минтақаҳои гуногун корхонаҳои паррандапарварӣ месозанд. Бо вуҷуди ин ҳоло ин корхонаҳо қодир нестанд, Тоҷикистон бо тухми мурғи кофӣ таъмин кунанд.

XS
SM
MD
LG