Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Тоҷикистон ба сохтани рейтинги мустақили қарзгирӣ


Мақомот мегӯянд, Тоҷикистон барои роҳандозии рейтинги мустақили қарзгирӣ омода шудааст.

Дар ҳоле ки рейтинги қарзгирӣ ё дараҷаи эътимоди молиявии давлатҳо асосан аз сӯи сегонаи ширкатҳои ҷаҳонӣ - Moody`s Investor Service, Standard & Poor`s ва CPMG эълон мешавад, Тоҷикистон мехоҳад, бо роҳандозии рейтинги мустақили худ ба хулосаи ин марказҳо таъсир расонад.

Ширкатҳои мазкур аз рӯи чанд шохис вазъи кишварро меомӯзанд ва ба зарфияти молии он баҳо медиҳанд. Инҳо қабл аз ҳама мавқеи ҷуғрофӣ, рискҳои давлат, ё ҷойгиршавии геополитикии он, ки бо вуҷуди пардохтпазир будан метавонад дар минтақае бошад, ки вазъи сиёсиаш хуб нест. Сатҳи таъминоти асъори миллӣ, ки таваррум ва хазинаи пуливу тиллоии давлат низ муҳим шуморида мешавад ва ниҳоят сатҳи бекорӣ, ки оё то куҷо сокинон бо кор таъминанд ва имкони харидории молеро доранд, ки бо пули сармоягузор истеҳсол шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки мавқеи ҷуғрофӣ, хатарҳои амниятӣ аз дохилу хориҷ, эътидол дар таваррум ва бекорӣ дар он сатҳе нестанд, ки Тоҷикистон дар ин рейтинг мавқеи бадтаринро касб кунад.

Коршиносон мегӯянд, рейтинги мустақили қарзгирии як кишвар дар пайи омӯзиши фаъолияти тамоми бонкҳо ва бонкҳои микроиқтисодиву созмонҳои қарздиҳии он ба вуҷуд оварда мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 20 бонк ва 200 бонки микроиққтисодиву қарздиҳӣ фаъолият доранд.

Раҳматшоҳ Сайидусмонов, мудири Маркази таълимии бонкҳои Тоҷикистон мегӯяд, бонкҳои Тоҷикистон аз соли 1999 ба меъёрҳои байналмилалии фаъолият гузаштаанд ва ҳамасола аз сӯи ширкатҳои ҷаҳонӣ аудит шуда, ҳатто ҳар тини онҳо шумор мешавад. Вай афзуд, то ба имрӯз 56 нафар дар соҳаи бонкӣ соҳиби шаҳодатномаҳои байналмилалӣ шуда, метавонанд кори системаи бонкии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ нигоҳ доранд, аммо мушкил дар дигар ҷост: «Аммо сад афсӯс, ки дар корхонаҳои корпоративӣ вазъ чунин нест. Корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва ғайраҳо ба стандартҳои байналмилалӣ нагузаштаанд. Онҳо аз сӯи ҳукумат дастур гирифтаанд, ки гузаранд. Аммо ҳунар нест. Ҳазорҳо нафарро бояд хононд. Он нафаре ки 30 сол ба ин сӯ бо системаи кӯҳна кор кардааст, чӣ тавр ба системаи нав мегузарад? Онҳоро бояд омӯзонд ва барои ин маблағ зарур аст.»

Вазъи молии шаҳрвандон низ метавонад дар муайян кардани рейтинги қарзгирии кишвар таъсир дошта бошад.


Умед Давлатзод
Умед Давлатзод
Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, то чанд соли пеш қисмати аъзами аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи фақр қарор доштанд, ҳамчунин солҳои 90 ҳаҷми қарзи хориҷӣ 166 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медод, аммо ҳоло сатҳи фақр ба 30 ва қарзи хориҷӣ 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Вай афзуд, барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳоло зарурати рейтинги мазкур пеш омадааст: «Мо бояд як бор маълум кунем, ки дар кадом сатҳ қарор дорем. Мо даъвои гирифтан 3 А – ро надорем. Шояд мо дар сатҳи 2 Б манфӣ, ё 2 Б мусбат бошем, яъне мо дар ҳадди миёна қарор дорем. Доштани рейтинг барои мо як нақша медиҳад, яъне мо медонем, ки дар куҷо ҳастем ва то бояд дар солҳои 2015 ё 2020 бояд ба куҷо расем»

Пешниҳоди роҳандозии рейтинги қарзгирии мустақил чанде қабл дар як ҷаласаи машваратии ҳукумати Тоҷикистон аз сӯи сарвазир Оқил Оқилов садо дод. Ба итминони мавсуф, доштани ҳамчунин рейтинг барои вуруди сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон шароити беҳтар фароҳам меорад.

Як ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар гузашта «Ориёнбонк» мехост ба алоҳидагӣ чунин рейтингро роҳандозӣ кунад, аммо аз ширкатҳои рейтингсоз посух гирифт, ки ин кор танҳо пас аз эълон шудани рейтинги умумикишварӣ имкон дорад.

Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки танҳо омода кардани рейтинги мустақили қарзгирӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат карда наметавонад ва бояд дигар соҳаҳо низ аз сӯи ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ омӯхта ва баҳогузорӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG