Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ Тоҷикистон озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7 сентябр бо пахши изҳороте озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар рӯзи 3 сентябри соли ҷориро маҳкум кард. Дар изҳороте, ки дар вебсайти ВКХ нашр шуд, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба "нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ рӯзи 3 сентябри соли 2017 дар

Тоҷикистон аз Пхенян даъват кардааст, ки меъёрҳои байналмилалӣ ва талаботи қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд

​Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҳамақида мебошад". Дар изҳорот гуфта шудааст, ки "иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд".

Айни замон, Тоҷикистон аз талошҳои ҳалли дипломативу сиёсии қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея буда, аз Пхенян даъват кардааст, ки меъёрҳои байналмилалӣ ва талаботи қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд.

Изҳороти Тоҷикистон дар шароите садо медиҳад, ки таниш дар равобити Пхенян ва аксар қудратҳои ҷаҳон, бахусус ИМА, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба авҷи аълояш расидааст. Дипломатҳо мегӯянд, таниши сиёсии ҳоло баамаломада дар солҳои охир бесобиқа будааст.

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдумалик Қодиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, изҳороти ВКХ Тоҷикистон "бамавқеъ ва дуруст" аст: "Тоҷикистон як кишвари кучак ҳам бошад, бо ин изҳорот дар миқёси ҷаҳон вориди баҳсҳои ҷаҳонӣ мешавад ва мавқеи худро рӯшан месозад. Ва ин иқдоми Тоҷикистон ба хотири ҳимоят аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз хатари ҷанги ҳастаӣ саҳми худро мегузорад, ин хуб аст".

ИМА ҷонибдори таҳрими шадиди Кореяи Шимолӣ аст

Баъди он ки рӯзи 3 сентябр Пхенян озмоиши ба гуфтааш бомбаи ҳидрогениро анҷом дод ва гуфт, ки он тавони аз роҳи мушаки байниқоравии баллистикӣ партоб шудан ва расидан то ҳудудҳои ИМА-ро дорад, президентони ИМА Доналд Трамп ва Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ҳам раддубадалҳои таҳдидомез карданд.

Дар як иқдоми ахираш ИМА тарҳи қатъномаи навро ба баррасии СММ пешниҳод кард, ки таҳрими нафтии Кореяи Шимолӣ ва ҳам масдудкунии дороиҳои ҳукумати ин кишвар ва раҳбараш Ким Чен Инро пешбинӣ мекунад.

Дар матни қатъномае, ки бархе матбуоти амрикоӣ бо он рӯзи 6 сентябр шинос шуданд, ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки сафарҳои раҳбари Кореяи Шимолӣ, содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва пардохти маоши тахминан 100 ҳазор коргари Кореяи Шимолӣ, ки дар хориҷа кор мекунанд, таҳрим шавад.

Тарҳи қатънома инчунин масдудсозии дороиҳои ширкати ҳавоии “Air Koryo”-ро пешниҳод кардааст, ки ғолибан ба самти Пекину шаҳрҳои дигари Чин ва дар Русия танҳо ба Владивосток парвозҳо анҷом медиҳад.

Озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолиро Чин ва Русия – муттафиқони аслии Пхенян маҳкум карданд. Айни замон, рӯзи 6 сентябр президент Владимир Путин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба хотири барномаи ҳастаиву озмоишҳояш Кореяи Шимолиро дар инзиво қарор надиҳанд.

Барои қабули қатънома нӯҳ садои тарафдор ва ҳамчунин раъйи орои ҳамаи 15 узви доимии Шӯрои амнияти СММ зарур аст. Ба узвияти ин шӯро ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин шомил мешаванд.

Ҳанӯз маълум нест, ки то куҷо Чин тадбирҳои шадидтарро нисбати Пхенян пуштибонӣ мекунад.

Гузоришҳо дар бораи таҳия шудани тарҳи қатъномаи ИМА баъди он пахш шуд, ки Трамп бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпин бӯҳрони атрофи барномаи ҳастаии Пхенянро баррасӣ кард. Дар изҳороти ӯ гуфта шудааст, ки ин кишвар ба хотири расидан ба ҳафади нимҷазираи орӣ аз силоҳи ҳастаии Корея “қотеона” амал мекунад. Сӣ Ҷинпин гуфтааст, ки Чин ҳалли ин масъаларо дар музокираву машварат мебинад, чун дар фикри таъмини амнияти нимҷазираи Корея мебошад.

Никкӣ Ҳейлӣ, сафири ИМА дар СММ аз Шӯрои амният дархост кардааст, ки қатъномаи Амрикоро рӯзи 11 сентябр ба овоздиҳӣ гузорад, вале сафири Русия дар СММ Василий Небензя гуфтааст, ки ҳанӯз барвақт аст.

XS
SM
MD
LG