Зайниддин Амонов, тоҷири 30-сола дар бозори Фаровони Душанбе аз ин пас тухми мурғи хориҷӣ намефурӯшад, ҳарчанд муддати 5 соли ахир аз Эрону Русия ва Қазоқистон тухм оварда мефурӯхт. Мегӯяд мавориде буд, ки як қисмати маҳсулоташ дар роҳи дароз то ба Тоҷикистон вайрон шудааст.
Пеш аз тасмими Зайниддин барои фурӯши тухми мурғи дохилӣ Оҷонси "Тоҷикстандарт" аз 30 соҳибкори ҳамин соҳа ҳушдор дод, ки аз воридоти тухми хориҷӣ худдорӣ кунанд, зеро ба гуфтаи Талабшо Сангзода, сардори Маркази ташхисии Оҷонсии “Тоҷикистандарт”, тухми мурғи истеҳсолӣ дар дохил барои бароварда кардани эҳтиёҷоти дохилӣ басанда аст.
“Дар ҳақиқат тухми мурғ ба Тоҷикистон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон ворид мешуд. Ин маҳсулот тезвайроншаванда аст. Мо дар нақша гирифтем, ки рӯзҳои наздик бо соҳибкорони дигар низ, ки ба ворид кардани тухми мурғ сару кор доранд, як бори дигар суҳбат намуда, воридоти тухм ба Тоҷикистон пурра манъ кунем.” – гуфт, Талабшо Сангзода
“Тоҷикстандарт” мегӯяд, ки тасмимро барои он гирифт, то тавлидкунандагони дохилӣ пешрафт кунанд. Дар Тоҷикистон бештар аз 30 корхонаи мурғпарварӣ вуҷуд дорад ва корхонаи “Раҳмонҷон” дар ноҳияи Данғара яке аз бузургтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ба Тоҷикистон дар 4 моҳи соли 2015 аз хориҷ 1000 тонна тухми мурғ ворид карда буданд, аммо дар 4 моҳи имсол воридоти тухми мурғ то 40 тонна поин омад, чун харидаш кам шудааст.
Насриддин Саидов, ки ба фурӯши тухми мурғ машғул аст, мегӯяд, нархи як дона тухми мурғи хориҷӣ 60-61 дирам аст. “Тухми мурғи худамон бошад 63-64 дирам аст. Аммо тухми худамон бештар савдо мешавад. Тухмҳои хориҷиро камтар мехаранд. Зеро мегӯянд, аз роҳи дур меояд, шояд вайрон шуда бошад.”- гуфт ӯ.
Тухми мурғ аз серистеъмолтарин маҳсулоти ғизоӣ барои сокинони Тоҷикистон аст ва ба гуфтаи оҷонси омор ба ҳисоби миёна ҳар сокини кишвар рӯзе то 2 дона тухм мехӯрад. Ба гуфтаи Насриддин Саидов аз тарафи дигар барои мардум чизи аз ҳама осонпаз, ки вақт намегирад, ҳамин аст. “Мардуми худамон барои мисол саҳар як-ду дона тухмро зуд мепазад ба кудакаш медиҳад, ки ба дарс равад. – гуфт Насриддин ба Радиои Озодӣ.
Соли гузашта дар Тоҷикистон 360 миллион дона тухми мурғ истеҳсол шудааст, ки 10 миллион дона аз як соли пеш бештар аст. Миқдоре, ки ба гуфтаи мақомот ба ҳама сокинони кишвар мерасад. Тавсия барои ворид накардани тухми мурғи хориҷиро соҳибкорон бечунучаро пазируфтаанд ва мегӯянд, ноилоҷ ба ягон навъи дигари соҳибкорӣ рӯ меоранд, зеро худ ба худ хариди маҳсулоту даромадашон торафт камтар мешуд.
Вале ингуна “тавсияҳо” ба гуфтаи коршиносон метавонад барои мақомоти Тоҷикистон дарди сар эҷод кунад, чун ба ҳайси узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, Тоҷикистон наметавонад монеи тиҷорати озод бо дигар кишварҳо шавад ва ё амр бидиҳад, ки молу маҳсулотеро барои ҳифзи истеҳсолкунандаи хориҷӣ ворид накунед.