Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Истамбул


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Се ширкати нассоҷии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии ришта ва нахи пахта ба Туркия сафар карданд.

Сайидмуъмин Камолов, роҳбари миллии барномаи Маркази Байналмилалии Тиҷорат дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе 25 март зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "намоишгоҳи байналмилалии ришта ва нахи пахта аз 26 то 29 март дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ ширкатҳои "Спитамен Текстайлз", "Тента Кӯлоб" ва "Файзи Истиқлол 2011" намояндагӣ мекунанд."

Ба гуфтаи ҷаноби Камолов, ширкатҳои Тоҷикистон бо омодагии комил ва бо тавлидоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ ба намоишгоҳи Истамбул рафтаанд, ки умед аст, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар миёни дигар кишварҳои ширкаткунанда дар ин намоишгоҳ боз боло хоҳад рафт.

Зеро ба таъкиди ҷаноби Камолов, "агар аз як тараф иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ боиси густариши ҳамкориҳои бештару судманд бо дигар ширкатҳои ҷаҳонӣ шавад, аз суи дигар онҳо метавонанд маҳсулоти худро ба бозори ҷаҳонӣ ворид кунанд."

Ин масъули Маркази Байналмилалии Тиҷорат мегӯяд, то кунун як мушкиле, ки пешоруи ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон вуҷуд дошт, ин аз тариқи миёнрав пешниҳод кардани тавлидоти ин ширкатҳо буд, ки фоидае ночиз ва ё тамоман манфиате намегирифтанд.

Аммо ба бовари Сайидмуъмин Камолов ширкат дар ин гуна намоишгоҳҳо, имкон медиҳад, то шарикону ҳамкороне пайдо шаванд, ки муомила ва тиҷорати байниҳамдигарӣ ба таври мустақим сурат хоҳад гирифт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар намоишгоҳи Истамбул, тавлидоти ҳудуди 200 ширкати ҷаҳонӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад ва беш аз 40 ҳазор мутахассисони соҳа аз 70 кишвари ҷаҳон аз ин намоишгоҳ дидан мекунад.

Зимнан, ба иттилои масъулони Маркази Байналмилалии Тиҷорат, ширкатҳои Тоҷикистон барои бори сеюм аст, ки дар чунин намоишгоҳ иштирок мекунанд ва имсол ин амр бо ҳимояи молии ҳукумати Суис дар чорчуби ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG