Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҷойгоҳи мушовирони рус дар Тоҷикистон


Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Даври дувуми гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия роҷеъ ба созишномаи ҳамкориҳои марзӣ дар Душанбе идома дорад.

Ҳадаф аз ин мулоқот даст ёфтан ба тавофуқ бар сари шароити ҳузури ҳайати мушовирони нерӯҳои марзбони рус ё Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия дар Тоҷикистон аст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии

Фарқ миёни гурӯҳи фаврӣ ва намояндагӣ қобили мулоҳиза аст...

Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: «Ҳоло марҳилаи дувуми ин мулоқотҳо шурӯъ шудааст. Тафсилоташ дертар эълон мешавад. Марҳилаи аввали он дар моҳи гузашта доир шуда, тарафҳо ба санадҳои пешниҳодӣ ошно гаштанд».



Мӯҳлати созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳузури Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар поёни моҳи апрели соли равон ба охир мерасад.

СОЗИШНОМАИ МАВРИДИ БАҲС


Ин созишнома ба дунболи хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзҳои Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки бино бар он ба ҷои ҳазорон сарбози рус дар марзҳои Тоҷикистон танҳо ҷамъе аз афсарони мушовири Русия дар марз боқӣ монданд. Бар асоси ин созишнома агар тарафҳо ба шароити он эроде намедоштанд, бояд шаш моҳ то анҷоми эътибори созишнома онро тамдид мекарданд.

Бо оғози даври дувуми музокирот танҳо масъалае, ки

дақиқан рӯшан шуд ин аст, бозгашти худи нерӯҳои марзбони Русия ба марзҳои Тоҷикистон мавзӯъи мавриди баҳс дар ин музокирот нест. Ин нуктаро сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов зимни матлабе дар матбуоти ин ҳафтаи Душанбе ба сароҳат баён кард ва мақомоти Тоҷикистон низ борҳо тайид кардаанд, ки бозгашти нерӯҳои русӣ ба марзҳои Тоҷикистон матраҳ нест.

Попов гуфтааст, ки «масъалаи истиқрори ҳамаҷонибаи нерӯҳои марзбони Русия дар марзҳои Тоҷикистон дар дастури кори музокироти мазкур қарор надорад. Инчунин на дар Душанбе ва ҳам на дар Маскав қасд надоранд, ки ин масъаларо ба баррасӣ бикашанд.»

Аммо бино ба гуфтаи манобеи огоҳ аз ҷараёни музокирот ҳар ду ҷониб хостори таҷдиди шароити ин созишнома соли 2005 шудаанд. Тоҷикистон мехоҳад, мақоми нерӯи Русияро аз “Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия дар Тоҷикистон” ба “Намояндагии нерӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон” тағйир диҳад.

ХОСТИ ТАРАФҲО


Русия низ хостори тағйири мақом ё ҷойгоҳи ҳайати мушовирони низомии худ аст. Аммо бо додани имконот, имтиёз ва масунияти бештаре ба ин мушовирон ва тақвияти онҳо ҳамчунон ба унвони Гурӯҳи фаврии марзбонӣ. Амре, ки Тоҷикистон ба он мухолиф аст ва иллати аслии ба тӯл анҷомидани музокирот шудааст.

Тоҷикистон ба навиштаи матбуоти расмӣ мехоҳад, ки мақоми Гурӯҳи фаврӣ ба сатҳи ҳуқуқии ҳаммонанди пойгоҳи 201 баробар шавад. Аммо ҷониби Русия чунин иқдомеро маҳдуд шудани манофеъи худ медонад ва мегӯяд, дар он сурат шароити лозими фаъолияти гуруҳи фаврӣ маҳдуд хоҳад шуд ва амалан имкони иҷрои вазифаҳои ин гурӯҳ вуҷуд нахоҳад дошт.

Ба гуфтаи коршиносони рус, ҷониби Тоҷикистон ҳамчунон мехоҳад, ки нерӯҳои марзбони Русия бо номи дигар ва тибқи созишномаи нави байни ниҳодҳои ду кишвар амал кунанд, ки дар он сурат ба гуфтаи онҳо нақш, мақом ва имконоти ин гуруҳи фаврӣ камранг хоҳад шуд.

Тоҷикистон ҳам мехоҳад, ки ин гурӯҳ дигар фаврӣ набошад, то тобиши вобастаи ниҳоди қудратӣ ва хадамоти ҷосусиро надошта бошад, нақши он ба ҳадди додани машвараҳо, кӯмак дар омодасозии кадрҳо ва расонидани мадади модӣ ва техникӣ маҳдуд шавад.

Коршиносон мегӯянд, ки он гоҳ ба сурати табиӣ ин нерӯҳо аз имкони амалкардҳои фаврии худ маҳрум хоҳад шуд.

ТАФОВУТИ ИСТИЛОҲОТ


Юрий Биалӣ, коршиноси масоили амниятии Русия мегӯяд: «Фарқ миёни гурӯҳи фаврӣ ва намояндагӣ қобили мулоҳиза аст. Гурӯҳи фаврӣ дастури коркардашудаи муқобила бо таҳдидҳоро дорад ва ба ихтиёроти ҳуқуқӣ ва қонунии мустақим доро мебошад. Аммо тавре пазируфта шудааст, дар ҳолати намояндагӣ силсиламаротибе вуҷуд дорад, ки бар асоси он бояд аз мақомоти Тоҷикистон дар мавриди муқобила бо хатарот раводиди амал ё ихтиёрот дархост кунад. Албатта, боз ин масъала ҳам ҳаст, ки салоҳияти амалии намояндагӣ ба ҷузъиёти қарордоди дуҷониба вобастааст.»

Аммо суоле, ки матраҳ аст ҳамоно ин аст, ки Тоҷикистон дар воқеъ ба Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия ҳамчунон ниёз дорад? Бархе аз коршиносон ва мутахассисони низомии Тоҷикистон мегӯянд, нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ҳамчунон дар ҳоли шаклгирӣ ба унвони нерӯи мустақиланд ва ба кӯмак ниёз доранд.

Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон ба ҳар шакле ба ин ҳайати мушовирон ниёз дорад: «Суол ин аст, ки оё мутахассисони ботаҷриба дорем, ки кори низоми марзбониро ба роҳ монанд ва ягон маврид марзшиканӣ вуҷуд надошта бошад? Агар ҳамин низом шакл гирифта бошад ва сарҳадшиканӣ набошад ва сарҳад мустаҳкам бошад мо ба ҳеҷ қувва ва мушовир ниёз надорем. Вале шумо бигӯед, ки мо чунин чизеро дорем ва вазъ дар марзҳо чӣ гуна аст? Яъне нерӯҳои мо бисёр ҷавонанд. Ин ҷо бояд ягон кас ба мо таҷрибаи худро биомӯзад».

Аммо доираҳои наздик ба ҳайатҳои музокиракунанда мегӯянд, ки Тоҷикистон дар тарҳи созишномаи пешниҳодии худ ҳатто номи дигаре барои институти мушовирони русӣ ироа кардааст ва он ҳам «дастгоҳи намояндагии марзбонӣ» аст. Яъне ба ҳар сурате, коҳиши нуфузи низомиёни хориҷиро Тоҷикистон ба маънои тақвияти истиқлоли худ медонад.

Гуфтушуниди Тоҷикистон ва Русия бошад, то ду рӯзи дигар идома мекунад ва рӯзи шанбе қарор аст аз он натиҷагирӣ шавад.

МУФАССАЛТАР ДАР БОРАИ ДАВРИ НАХУСТИ МУЗОКИРОТ:


Мушовирони русӣ дар марз бошанд ё на?

XS
SM
MD
LG