Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ҷавонон пайрави "Пешвои миллат" дар Душанбе


Як рӯз пас аз имзои қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" аз сӯи президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷавонон пайрави "Пешвои миллат" баргузор шуд.

Рӯзи 26-уми декабр дар шаҳри Душанбе аксия ё ҳамоиши ҷавонон пайрави "Пешвои миллат" баргузор шуд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон доир шуд ва дар он ҳудуди 4 ҳазор ҷавонон аз манотиқи мухталифи кишвар ҳузур доштаанд.

Дар ин ҳамоиш, ки дар назди Театри опера ва балет баргузор шуд, ба иловаи ҷавонон, намояндагони бархе ниҳодҳои давлатӣ низ иштирок карданд. Ин ҳамоиш ҳамагӣ як рӯз пас аз имзои қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25 декабр қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро имзо гузошт. Тарҳи ин қонун аз сӯи як гуруҳ аз вакилони Маҷлиси Намояндагон пешниҳод ва дар оғози ҳамин моҳ аз сӯи ду палатаи парлумон тасвиб шуда буд.

Аз ин қабл, тавре расонаҳои давлатӣ навиштанд, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ сокинон бо истиқбол аз қабули қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" ҳамоишҳо баргузор кардаанд.

Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад. Бар асоси моддаи 4-уми ин қонун ордени “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” ва ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” низ таъсис дода мешавад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин унвон як намунаи дигари шахспарастист, ки дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Бахусус аз он нуктаи қонун интиқод мешавад, ки ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, пас аз қатъи ваколаташ аз бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад ва дар мушаххас кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши умда бозӣ кунад.

Ваколати президентии Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 қатъ мешавад ва тибқи Сарқонуни амалкунандаи Тоҷикистон, ӯ ҳаққи пешбарии номзадиашро ба мақоми раёсати ҷуҳмур аз даст медиҳад. Аммо банди 6-и қонуне, ки рӯзи 9 декабр дар парлумони кишвар тасвиб шуд ва 25 декабр онро Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошт, ӯро аз салоҳиятҳои густардаи марбут ба давлатдорӣ бархӯрдор кардааст.

Президент Раҳмон баъди рафтан аз мақом ба ҳайси “Пешвои миллат” дар пойтахт ва зодгоҳаш дафтари корӣ хоҳад дошт. Бар пояи ин қонун иҷрои машваратҳои “Пешвои миллат” барои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ҳатмӣ мешавад ва “масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷӣ” бо ӯ мувофиқа карда мешавад.

Бандҳои қонуни “Пешвои миллат” ин ақидаро ба миён овардааст, ки эҳтимол баъди қатъи ваколати раёсати ҷумҳуриаш Эмомалӣ Раҳмон қудрати худро ба шакли дигар тамдид мекунад. Ин Қонун ҳамчунин “Пешвои миллат”-ро аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод мекунад.

Истифодаи ибораи “Пешвои миллат” сар аз соли гузашта аз забони сокинон зимни вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон корбурд мешуд. Аммо парлумони Тоҷикистон ин ибораро қонунан ба мақом табдил дод, ки пас аз қатъи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор меояд. Дар ин қонун гуфта нашудааст, ки кай ваколати президент қатъ мешавад, аммо коршиносон мегӯянд, Сарқонун на бештар аз ду давраи президентиро иҷоза медиҳад. Ин ду давраи ҳафтсолаи раҳбарӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 анҷом хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG