Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мултикид" аз ҳаққи фиристодани ҷавонон ба хориҷа маҳрум шуд. САДО


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз созмонҳои мустақил, аз ҷумла Мултикид ва ТМ-International-ро аз ҳаққи интиқоли ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа маҳрум карда ва созмони “Scorp”-ро пурра бастааст. Масъулони Вазорати маориф гуфтанд, ки ин созмонҳо бидуни машварат ба интиқоли ҷавонон ба донишгоҳҳои хориҷӣ машғул буданд.

Манъи интиқоли ҷавонон ба хориҷа тавассути созмонҳои мустақил
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00
Линки мустақим

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои хориҷӣ беш аз 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

"Вақте худсарона корро аз сар мегиранд"

Алидод Расулзода, раиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф, рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз огоҳии онҳо баъзе созмонҳо самти корашонро тағйир додаанд. "Баъзеи онҳо ба таълими забонҳои хориҷӣ дар дохили кишвар машғуланд. Мо ба ин палҳӯи корашон эътирозе надорем. Гоҳе мебинем, ки боз худсарона мехоҳанд фаъолиятро аз сар гиранд ва мо ба онҳо мефаҳмонем, ки имкон надорад", - афзуд Расулзода.

Вазорати маориф: "Мултикид" бидуни иҷозат кор кард

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Мақомот дар шарҳи қатъи фаъолияти ин марказҳо гуфтанд, ҳоло Вазорати маориф барои таҳсили ҷавонон дар хориҷа бо даҳҳо кишвару донишгоҳҳои ҷаҳон қарордод дорад ва довталабон метавонанд, аз ин тариқ таҳсилро идома диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳар сол марказҳои омӯзишӣ дар баробари барномаҳои давлатӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷиро фароҳам меоварданд. Ҳар сол ду дафъа дар саросари кишвар намоишгоҳҳои таҳсил дар хориҷ баргузор мегардид, ки дар он даҳҳо тарҳ барои таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои бонуфузи дунё пешниҳод мешуд.

"Фақат ба таълими забони англисӣ машғулем"

Бо таваҷҷуҳ ба майли зиёди ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар хориҷ солҳои ахир теъдоди созмону марказҳое, ки ин имкониятро барои ҷавонон пешниҳод мекарданд, низ афзуда буд. Яке аз ин ширкатҳо "Tm-International" буд, ки бо ташкили намоишгоҳи вижа лоиҳаҳои худро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия муаррифӣ мекард. Ин марказ ҳам ахиран бо дастури маориф аз ҳаққи интиқоли ҷавонон ба хориҷа маҳрум монд.

Моҳи апрели имсол дар Душанбе нагузоштанд, ки маъракаи муаррифии таҳсил дар хориҷа баргузор шавад
Моҳи апрели имсол дар Душанбе нагузоштанд, ки маъракаи муаррифии таҳсил дар хориҷа баргузор шавад

Билол, як масъули ин ширкат, рӯзи 27-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, “феълан ҳаминҷо омӯзиши забони англисиро ба роҳ мондем. Ширкати мо довталабонро барои таҳсил ба хориҷа намебарад.”

"Монополия"?

Қатъи фаъолияти чунин созмонҳоро бархе аз таҳлилгарон як навъи “монополия” ё аз худ кардани бозори таҳсил дар хориҷ меноманд. Иқтисодшинос Алиакбари Саид гуфт, “марказҳои омӯзишие, ки ҳоло фаъолияти онҳо боздошта шуд, солона ба хотири мусоидат ба ҷавонон барои таҳсил дар хориҷ маблағҳои зиёд ба даст меоварданд. Барои мисол, агар довталаб пули шартномаро худаш супорад, боз барои роҳнамоӣ ва ҷобаҷо кардани ҳуҷҷатҳо тақрибан аз 200 то 400 долар сарф мекард, ки ин миқдор маблағ ба дасти масъулони марказҳо мерасид. Вале акнун ин бозор зери тасарруфи худи вазорат дароварда мешавад.”

Оё ҳукумат медонад, ки ҷавонон чӣ мехоҳанд?

Ба таъкиди ин иқтисодшинос, теъдоди муайяни квотаҳое, ки барои Тоҷикистон аз сӯйи кишварҳои дигар ҷудо мешавад, наметавонад ҳама довталабони таҳсил дар кишварҳои хориҷро фаро бигирад. Ба гуфтаи ӯ, ба дарёфти квотаҳои расмӣ ҳам асосан онҳое “мушарраф” мешаванд, ки волидонашон соҳиби мақомҳои баланданд ва гапашон “мегузарад.”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз иқдоми худ дар амри пароканда кардани намоишгоҳи созмони маърифатии "Мултикид" дар Душанбе ҳимоят кард ва гуфт, ин маъракаро муассисонаш бидуни иҷозат мехостанд барпо кунанд.

Моҷарои "Мултикид"

Созмони “Мултикид” ҳам ки барномаҳои омӯзишӣ дошт ва таҳсили довталабони тоҷикро дар берун аз кишвар фароҳам мекард, яке аз марказҳои маъруф миёни ҷавонон буд. Аз рӯи ин барнома солона даҳҳо ҷавони тоҷик барои таҳсил ба мактабу донишгоҳҳои хориҷ мерафт.

Аммо исми ин созмон моҳи апрели имсол дар пайи он расонаӣ шуд, ки Вазорати маориф барои баргузории намоишгоҳ ба масъулини он иҷозат надод. Он замон пулис аз баргузории намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа дар Душанбе ҷилавгирӣ кард ва довталабону меҳмонҳоро пароканда намуд. Баъди он Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз иқдоми худ дар амри пароканда кардани намоишгоҳи созмони маърифатии «Мултикид» дар Душанбе ҳимоят кард ва гуфт, ин маъракаро муассисонаш бидуни иҷозат мехостанд барпо кунанд.

Тибқи иттилои расмии ахир, дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои дигар беш аз 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки 60 дарсади онҳо дар донишгоҳҳои Русия будаанд.

XS
SM
MD
LG