Ориф Музаянови 26-сола яке аз афсарони ҷавони тоҷик аст, ки имсол мактаби олии ҳавонавардии ҳарбии Краснодари Русияро бо медали тилло ва дипломи сурх хатм карда, барои идомаи кор ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар моҳи ноябри имсол бо фармони вазири дифои Тоҷикистон ба ҳайси командири як звено дар ҳайати нирӯҳои ҳавоӣ ва дифои зидди ҳавоӣ ба кор шурӯъ намуд.
Ориф мегӯяд, баъд аз хатми мактаби олии ҳавонавардӣ дар Русия, барои идомаи фаъолият аз рӯи ихтисоси худ пешниҳодҳо гирифт, вале ба гуфтаи худаш, барои хидмат ба ватан баргашт.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ҳам дар мулоқоте бо Ориф дастоварди ин ҷавонро беназир хонда, ӯро ба ин муваффақияташ табрик гуфтааст. Ихтисоси аввали командири 26-солаи тоҷик – парастор ё бародари шафқат аст.
Ориф соли 2011 Омӯзишгоҳи тиббии Душанберо хатм карда, як сол дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Ибни Сино кор кардааст. Ӯро орзуи кӯдакӣ ва тавсияи падар, ки низ корманди низомӣ аст, якбора аз як парастор ба халабони ҳарбӣ табдил дод. Ориф рӯзи 15 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "соли 2011 баъди як соли кор дар соҳаи тиб имконе пеш омад, ки билохира ба орзуи худ расам. Имтиҳонҳоро супурда баъди як моҳи омӯзиш дар Лоҳур барои таҳсили 5-сола ба Краснодар рафтам. Дар гурӯҳи мо 5 нафар аз Тоҷикистон барои таҳсил рафта буд."
140 соати парвоз
Ориф Музаянов, фармондеҳи звено аст ва мегӯяд, аввалин бор дар соли севуми таҳсил мустақилона дар ҳавопаймои Аэро Л-39 "Альбатрос" 140 соат парвоз анҷом дода ин санҷиши ҷиддиро аъло гузаштааст.
Ориф мегӯяд, ҳеҷ гоҳ парвози аввалини мустақили худро аз ёд намебарад.
"Рӯзи 13 августи соли 2014 буд. То он вақт парвозҳои зиёд мекардем, аммо ҳамеша дар ин парвозҳо мураббиён моро ҳамроҳӣ мекарданд. Аммо ин аввалин бор буд, ки танҳо ва бемураббӣ ҳавопайморо идора мекардам, каме дар ҳаяҷон будам. Парвоз ба хубӣ анҷом ёфт. Баъдан дар курси 5-ум бо навъи дигари ҳавопаймо - Ан–26 - 35 соату 27 дақиқа парвоз кардем", - нақл кард ӯ.
Яке аз камтарин афсарон
Мактаби олии ҳарбиву ҳавоии Краснодар яке аз таълимгоҳҳои бонуфузи Русия аст, ки халабонҳои ҳарбиро тарбия мекунад. Аз Тоҷикистон ҳам ҷавонон аз замони таъсисёби қувваҳои мусаллаҳ, тариқи шартнома барои таҳсил дар соҳаи ҳавонавардӣ ба ин муассиса фиристода мешаванд, аммо ба гуфтаи масъулони Вазорати дифоъ, Ориф яке аз камтарин афсаронест, ки мактаби ҳавонавардии ҳарбиро бо медали тилло хатм кардааст. Дар ин ниҳод аз ин ҷавон чун як афсари қобилиятнок ном мебаранд.
Дар тавсияномаи Ориф Музаянов аз мактаби олии ҳарби ҳавоии Русия ҳам гуфта шудааст, ки “Ӯ парвозро дӯст медорад ва ҳавопаймоҳои ҳарбиро бо эътимод ба худ идора мекунад. Дар ҳолатҳои мушкилу изтирорӣ метавонад оромона ва дар як фурсати кӯтоҳ тасмими дуруст бигирад. Вазифаҳои ҳарбии худро содиқона иҷро мекунад.”
"Мероси падар хоҳӣ..."
Барои халабон шудан махсусан дар соҳаи ҳарбӣ ва идораи ҳавопаймоҳои вазнини ҳарбӣ ҳам ба гуфтаи муттахассисони соҳа, аз ҷавонон пеш аз ҳама дӯст доштани ин касб ва саломатии хубу дониши қавӣ тақозо мешавад. Ориф мегӯяд, баъд аз хатми мактаби олии ҳавонавардӣ дар Русия, ӯ барои идомаи фаъолият аз рӯи ихтисоси худ пешниҳодҳо гирифт, аммо ба гуфтаи худаш, барои хизмат ба ватан баргашт ва даъватҳои дигарро рад кард.
Ориф Музаянов дар оилаи низомиҳо ба дунё омадааст. Падараш полковник Ҳилол Музаянов дар вазорати дифои Тоҷикистон фаъолият мекунад. Бародараш Ҷовидон Музаянов ҳам хатмкардаи мактаби олии ҳарби ҳавоии Русия аст. Маҳз ҳамин сару либос ва касби падару бародар аз хурдӣ дар дили Ориф, меҳри халабон шудан ва кор дар соҳаи низомиро бедор кардааст.
Ҳоло ин лейтенанти ҷавон дар ҳайати нирӯҳои ҳарби ҳавоӣ ва дифои зидди ҳавоӣ ба кор шурӯъ карда, орзу дорад дар ҳамин соҳаи худ, ҳавонавардӣ ба қуллаҳои баланд парвоз ва идораи навъҳои дигари ҳавопаймоҳоро ҳам аз худ кунад.