Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон хост, 40%-и мансабҳоро ба занон диҳанд. Ҳукумат чӣ гуфт?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вакилони порлумонро дар бораи бештар кардани сафи занони мансабдор рад кардааст. Феълан дар Тоҷикистон тақрибан 19 ҳазор хидматчии давлатӣ ҳастанд ва аз ин ҳисоб 24 дарсад занонанд. Вакилон ҳангоми ислоҳи қонун дар бораи хидмати давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки ин рақам то 40 дарсад боло бурда шавад.

Намояндагони ҳукумат гуфтаанд, масъалаи қабули занон ба кор дар идораҳои давлатӣ дар қонунҳои дигар ҳал шудааст.

Ҳоли ҳозир аз 21 узви ҳукумати Тоҷикистон як зан дар мақоми вазири меҳнату муҳоҷират кор мекунад. Мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президент, раиси Кумитаи занону забон ва раҳбарии баъзе аз шаҳру ноҳияҳо низ ба занон ихтисос ёфтааст. Вале намояндагони "ҷинси латиф" аксаран дар вазорату кумитаҳо ва бонкҳо нақши дувуму саввумро иҷро мекунанд. Аз 63 курсии парлумон 12 курсиро занон дар ихтиёр доранд.

Нозирони умур бовар доранд, ки тақсими вазифаҳо ба занон асосан интихобиву ҳисобшуда ва ба хотири риояи баробарии ҷинсӣ ва ҳуқуқи занон аст. Чизе, ки созмону кишварҳои ғарбӣ ҳангоми ироаи кумакҳо ба назар мегиранд.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта тағйирот ба қонун дар бораи хидмати давлатиро қабул кард. Ислоҳҳои нав бештар имлоӣ буданд, чун ба гуфтаи вакилон, ҳукумат пешниҳоди асосии онҳоро напазируфт.

Иброҳим Абдуллозода, вакили Маҷлиси Намояндагон ва яке аз муаллифони тарҳ, рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди вакилон дар назар дошт, ки дар се соли оянда шумори хидматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ба чиҳил дарсад расонда шавад. "Ҳадаф боло бурдани мақоми занон буд, вале аз тарафи ҳукумат қабул нашуд," -- афзуд ӯ.

Қонунгузории Тоҷикистон мушаххас нагуфтааст, ки чӣ теъдод аз хизматчиёни давлатӣ бояд занон бошанд. Масъулони Оҷонси хидмати давлатӣ мегӯянд, Қонуни асосии кишвар ҳуқуқи зану мардро барои кор дар идораҳои давлатӣ баробар муайян кардааст.

Айни замон, ба гуфтаи онҳо, барои ҷалби бештари занон ба хидмати давлатӣ имтиёзҳое муайян кардаанд. Як масъули бахши ҳуқуқи Оҷонси хидмати давлатӣ бе зикри номаш рӯзи 21-уми ноябр гуфт, ҳангоми қабул ба идораҳои давлатӣ ба занон бартарӣ медиҳанд: "Дар сурате ки зан бори аввал ба хидмати давлатӣ ворид мешавад ва дар озмун иштирок мекунад, нисбат ба дигар рақибонаш се холи иловагӣ дода мешавад. Ба хотири онки шумораи занон дар хизмати давлатӣ бештар бошад."

Таҳлилгарон мегӯянд, сиёсати ҳукумат дар бораи бонувон ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва масоили баробарии ҷинсӣ бояд бознигарӣ шавад. Дар акси ҳол иддаои роҳкушоӣ ба рушди бонувон дар сатҳи шиоре мемонад, ки ҳамасола такрор мешавад, вале ҳосиле ба бор намеорад.

Бархе аз занон аз қоидаҳои нонавишта дар ҷомеаи Тоҷикистон низ суҳбат мекунанд, ки барои мансабдор шудани онҳо монеа мегузоштааст. Дар хона нишастан ва ба тарбияи фарзанд машғул шудан, ба гуфтаи Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, аз чунин "қонунҳои нонавишта" аст.

Иноятова дар мақоми вазири маорифи Тоҷикистон шаш сол кор кардаст. Ӯ афзуд: "Баъзе мардон розӣ намешаванд, ки занҳояшон дар ин сатҳҳо кор кунанд. Ақидаҳое аст, ки зан бояд фақат ба тарбияи кӯдакон машғул шуда, ба кори ҷамъиятӣ ҷалб нашавад. Илова ба ин, на ҳама зан имконияти роҳбар шуданро дорад."

Мунира Иноятова
Мунира Иноятова

Бино ба ҳисобҳои се сол пеш тақрибан 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва ҳоло бахши асосии зиндагӣ низ ба дӯши онҳо афтодааст. Аксар мардони хонавода барои кор дар Русия ва кишварҳои дигар қарор доданд ва моҳҳову баъзан солҳо дур аз зану фарзанд ба сар мебаранд. Дар чунин шароит баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот ин масъала низ доман зада мешавад, ки бояд занон дар мақомҳои хеле боло ҷой дошта бошанд, то тавонанд аз ҳуқуқи якдигар ҳимоят кунанд.

Соли 2013 Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, аз нахустин занони тоҷик буд, ки талош кард, дар интихоботи президентии ҳамон сол вориди рақобат шавад. Мақомот бо баҳонаи онки имзои заруриро ҷамъ наовард, аз сабтиноми ӯ худдорӣ карданд. Дар остонаи интихоботи соли оянда баъзан аз духтари раиси ҷумҳур Озода Раҳмон ба ҳайси номзади эҳтимолӣ ном мебаранд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Коршиносон ҷомеаи Тоҷикистонро мардсолор ва муҳофизакор тасвир мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо аз эҳтимол дур аст курсии шахси аввал ва мақомҳои дигари баландро ба занон бовар кунанд ва худ тамошогар бошанд. Ба бовари онҳо, ҳанӯз барои занон ҳангоми кор дар мақомҳои давлатӣ "сақф"-е вуҷуд дорад, ки аз он набояд болотар раванд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG