Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии гимни Наврӯз дар базми Гулрухсор


Дар Душанбе бо иштироки адибони тоҷику форс шаби базми Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик баргузор шуд ва дар он Гулрухсор гимни Наврӯзро муаррифӣ кард.

Дар маҳфили шеъри Гулрухсор, шоири саршиноси тоҷик, рӯзи 7 март гимни рамзии Наврӯз муаррифӣ шуд. Ин суруд эҷоди тозаи Гулрухсори Сафӣ аст.

Маҳфили назми Гулрухсор бо ҳузури ҳаводорон, ҳунармандон ва адибони тоҷику форс дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд. Пешниҳоди ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз бори аввал аз забони Гулрухсор садо дод ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро пазируфт.

Ҳавои маҳфили назми Гулрухсор дар рӯзи душанбе баҳорӣ, наврузӣ, ошиқона ва саршор аз ҳазлҳову ширингуфториҳо буд. Давлатманди Хол, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки яке аз шеърҳои Гулрухсорро бо номи "Шоҳнома ватан аст" сароидааст, гуфт, дар ҳар толоре ӯ ин сурудро бихонад, мухлисон талаб мекунанд, ки ин таронаро боз бихонад. Давлатманд гуфт, ки барои сурудани шеъри "Шоҳнома Ватан аст"-и Гулрухстор дар як маҳфил дар Эрон 5 дафъа рӯи саҳна омад ва бо хоҳиши мухлисон ин таронаро батакрор суруд.

Гулрухсор гимни Наврӯзро навишт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Гулрухсори Сафӣ дар баробари Бозор Собир аз шумори адибони сахтгӯ ва ошкорбаёни тоҷик аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1990 як муддат дар хориҷ аз кишвар ба сар бурданд. Зеро ҳукумат аз мавқеъгирии онҳо хуш истиқбол намекард ва онҳо пушти парда рафта буданд. Аммо бо гузашти солҳо таваҷҷӯҳ ба шеъри Гулрухсор ва шахсияти ӯ аз сӯи ҳукумат афзуд. Ба думбол роҳи Гулрухсор ба маҳофили расмӣ боз шуд ва Бозор Собир ҳам бо даъвати хусусии раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон бозпас гашт ва ҳоло дар аксар маҳфилҳо садри маҷлис аст.

XS
SM
MD
LG