Парлумони Тоҷикистон рӯзи 6 март созишномаи ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистону Узбекистонро ба тасвиб расонид, ки моҳи августи порсол дар шаҳри Тошканд имзо шудааст.
- Созишномаи ҳамкориҳо дар бахши ҳарбию техникӣ дар баробари таъмини силоҳу муҳимоти ҷангӣ ба ҳамдигар, инчунин тавлиди силоҳ ва муҳимоти низомиро дар назар мегирад.
Харидории як зиреҳпӯш дар хориҷи Тоҷикистон маблағи бузургеро тақозо мекунад. Аммо аз тавлиди муштараки он ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон фоида хоҳанд дид
Ин нахустин созишномаи ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон дар бахши низомӣ аст, ки баъди пурра барқарор шудани робитаҳои ду кишвар дар як соли пеш имзо шудааст. Барқарории муносибатҳои ду кишвар баъди раёсатҷумҳурии 25-солаи Ислом Каримов ва ба мақоми президентӣ дар Узбекистон омадани Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд. Тоҷикистону Узбекистон дар баробари имзои даҳҳо санади ҳамкорӣ, созишномаи шарикии стратегиро ҳам имзо кардаанд, ки ба қавли мақомоти ду кишвар, дар таъини сиёсати баъдии ҳамкориҳои ду ҳамсоякишвар як санади муҳим ба шумор меравад.
Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон созишномаи “ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ”-и Тоҷикистон ва Узбекистонро муаррифӣ мекард, ин санадро муҳим хонд. Ӯ гуфт, ки яке аз бахшҳои ин санад “роҳандозии тавлидот ва бозсозии муштараки муҳимоти низомӣ дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад”. Эмомалӣ Собирзода гуфт: “Ин созишнома ҳамчунин заминаи ҳуқуқӣ барои таъмиру азнавсозӣ ва такмилу тавлиди муштараки техникаи ҳарбиро фароҳам мекунад. Инчунин ин созишнома шароити расонидани кӯмакҳои низомӣ ба кишварҳои ҳамдигарро дар назар дорад”.
“Тамосҳои наздик ва ҳамарӯза”
Муовини аввали вазири дифоъ бо зикри ин ки ҳамкориву тамосҳои сохторҳои низомии Тоҷикистону Узбекистон “хеле наздик” ва “ҳамарӯза аст”, аз шарҳи бештари ҷузъиёти ин санад худдорӣ кард.
То куҷо Тоҷикистону Узбекистон воқеан ҳам таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли силоҳ ва муҳимоти ҷангиро дар ояндаи наздик дар назар гирифтаанд, маълум нест. Вале сухангӯи вазорати дифоъ гуфт, ки пешниҳод барои ба роҳ мондани истеҳсоли “ҷузъиёти силоҳҳо” аз дер боз садо медиҳад ва ҷонибҳо барои амалисозии ин пешниҳод андеша доранд.
Орифҷон Нозимов, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пешниҳоди таъсиси чунин як корхона ҳанӯз дар ҷаласаи гузаштаи вазирони мудофеаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ҳам Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой садо дода буд ва аз ҳамин хотир, ин масъала дар созишномаи нав ворид карда шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин мавзӯъ қарор аст дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи вазири дифои Тоҷикистон ба Узбекистон ҳам баррасӣ шавад.
Нозимов гуфт, ки ҳоло ҳам дар Тоҷикистон корхонае амал мекунад, ки ба истеҳсоли “ҷузъиёти силоҳҳо” ихтисос дорад.
Вақте ду кишвар аз Афғонистон таҳдид мешаванд...
Коршиносони низомӣ ҳамкориҳои наздики ду ҳамсоякишварро дар муқобили таҳдидҳои муштараки амниятӣ муҳим медонанд. Тоҷикистону Узбекистон бо Афғонистон, ки даргири мушкилоти терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мебошад, марзи тӯлонии муштарак доранд. Бо афзоиши хатари ҷангиёне мисли “Давлати исломӣ” ва Толибон, ки ҳарду кишвар ҳам ин ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳро барои худ таҳдид арзёбӣ мекунанд, кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон дар Осиёи Марказӣ аз зарурати омодагӣ ба ҳама гуна хатарҳои амниятӣ бештар андеша мекунанд.
Бархе коршиносони масоили низомӣ мегӯянд, дар сурати ба кор андохта шудани корхонаи муштараки истеҳсоли силоҳ ва ё муҳимоти ҷангӣ, зарфияти низомии ин кишварҳо боло меравад. Вале феълан ин кишварҳо бештар бо силоҳу муҳимоти сохти Русия таъмин мешаванд, ки яке аз тавлидкунандаҳои муҳими силоҳ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Вале таъсиси корхонае, ки битавонад дар истеҳсоли силоҳ тамаркуз кунад, кори содда нест ва серхарҷ ҳам мебошад, мегӯянд мусоҳибони радиои Озодӣ.
Генерали мустаъфӣ Нуралишо Назаров, ки дар гузашта раҳбарии нирӯҳои марзбониро ба ӯҳда доштааст, гуфт, “албатта, барои тавлиди ҳатто як адад БТР ё зиреҳпӯш зарфияти бузурге зарур аст ва Тоҷикистон танҳо наметавонад онро истеҳсол кунад. Аммо зарфияти иқтисодии Узбекистон андак нест. Ду кишвар муштаракан метавонанд чунин лавозимотро тавлид кунанд. Харидории як зиреҳпӯш дар хориҷи Тоҷикистон маблағи бузургеро тақозо мекунад. Аммо аз тавлиди муштараки он ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон фоида хоҳанд дид”.
Роҳ аз кишвари истеъмолкунанда то истеҳсолкунанда
Ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ амалишавии ин пешниҳодро дар фурсати наздик зиёд воқеӣ намедонад.
Акбар Қаюмов, собиқ муовини раиси ситоди қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва феълан узви вобастаи Академияи масоили геополиткии Русия дар тамос бо Радиои Озодӣ аз ҳамкориҳои низомии Душанбе ва Тошканд истиқбол кард. Вале ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистону Узбекистон дар бозори силоҳу муҳимот «мисли бисёр кишварҳои дигар дар ҷаҳон на истеҳсолкунанда, балки истеъмолкунанда ҳастанд. Кишварҳои истеҳсолкунандаи силоҳ зиёд нестанд». Ба гуфтаи ӯ, истеҳсоли муштарак «ба ҳарду кишвар имкон медиҳад, ки баъзе эҳтиёҷоти худро дар қисмҳои эҳтиётӣ ва муҳимот пӯшонанд. Яъне онҳо аз назари сарфаи маблағ барои харидории ҳамин маҳсулот аз дигар кишварҳо бурд мекунанд ва аз вобастагии ҷониби таъминкунандаи ин маҳсулот озод хоҳанд буд».
Генерали мустаъфӣ гуфт, ки агар манзур истеҳсоли намунаҳои аслиҳаи қаблан сохташуда ва ё тавлиди ин маҳсулот бар асоси литсензия ё гузашта аз ин, манзур эҷоди силоҳҳои комилан нав бошад, пас барои ин, бояд “на танҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, балки заминаҳои илмию низомӣ бунёд шавад, ки дар мо амалан вуҷуд надорад”.
Тоҷикистон ба фарқ аз ҳамсоякишварҳояш, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи аслиҳаву муҳимоти дар қаламравашон қарордоштаро ба мерос гирифтанд, чизе нагирифт. Ягона пойгоҳи низомии 201-ум, ки дар қаламрави кишвар қарор дошт, тобеи Русия шуд. Дар ин пойгоҳи низомӣ 7 ҳазор сарбози Русия мустақар ҳастанд.
Вале бар иваз, бар асоси созишномаи байнидавлатӣ, Русия дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кӯмак мекунад. 26 феврали имсол матбуоти русӣ бо такя ба вазорати дифои Русия хабар дод, ки ахиран дар ҳаҷми 9 миллион доллар ба артиши Тоҷикистон таҷҳизоти зиддиҳавоӣ тақдим шуд. Дар вазорати дифои Русия ҳамчунин гуфтаанд, ки Русия ин барномаро ба унвони як абзори калидӣ барои афзоиши қобилиятҳои ҷангии ин шарики Маскав дар минтақаи Осиёи Миёна дар назар дорад. Охири соли 2017 Тоҷикистон аз Русия як қатор силоҳу муҳимоти ҷангӣ гирифт, ки ба қавли низомиён 122 миллион долларарзиш дошт. Аз ҷумла, тонкҳои Т-72Б1, БТР-80, БТР-70, БМП-2, ва чархболҳои чархболҳои тамғаи Ми-24 ваМи-8.
Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ (IISS), қароргоҳаш дарЛондон, дар гузориши“Тавозуни низомӣ-2016” (Military Balance 2016) навишта буд, ки артиши Тоҷикистон ҳамагӣ 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11чархболи МИ-8 доштааст, ки аксар сохти замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд.
Апрели соли 2018 созмони Global Fire Power, ки артиши 136 кишвари ҷаҳонро вобаста ба нерӯву тавонашон арзёбӣ мекунад, артиши Тоҷикистонро дар мақоми 96-ум қарор дода буд.
Бо назардошти ин зарфиятҳо, ба андешаи генерал Акбар Қаюмов, аз ин ҳамкориҳо бештар Тоҷикистон бурд хоҳад кард.