Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси таъини марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд


Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон

Муҳаммадшариф Ҳақдод, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо Абдулазиз Комилов - вазири умури хориҷии Узбакистон - масъалаи таъину аломатгузории марзи давлатиро баррасӣ кардааст. Мақомоти Узбакистон гуфтанд, ин мулоқот рӯзи 16 ноябр дар Тошканд сурат гирифт ва тарафҳо масоили дигари ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистонро низ матраҳ намуданд.​ Тафсилоти аз ин бештари мулоқоти масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбакистон дастрас нест.

Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуда ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сафари Муҳаммадшариф Ҳақдодро ба Тошканд тасдиқ кард, вале гуфт, ки ҷузъиёташ дертар эълон хоҳад шуд. Ду рӯз пештар, Cодиқ Имомӣ – сафири Тоҷикистон дар Тошканд – низ бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон дар масоили фаъол кардани раванди музокироти марзӣ сӯҳбат кард.

Тоҷикистону Узбакистон беш аз 1300 километр марзи муштарак доранд ва ҷонибҳо то имрӯз дар мавриди таъин кардани 80 дарсади сарҳади муштаракашон ба созиш расидаанд. Аммо ба далели пурра мушшахас ва аломатгузорӣ нашудани хатти марз, сокинони ин ду кишвар зимни чарондани чорво ё ҷамъоварии ҳезум ноогоҳона аз манотиқи марзӣ убур карда, баъзан дар пайи бархӯрдан ба минаҳо ҷони худро аз даст медизанд. Узбакистон аз соли 1999-ум ба гуфтаи мақомоти ин кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди афроди муссалаҳ марзҳояш бо чанд кишвари ҳамсояро мингузорӣ кард.

Яке аз ҷаласаҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон дар солҳои гузашта
Яке аз ҷаласаҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон дар солҳои гузашта

Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар тақрибан се моҳи пеш зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид мешавад. То кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ намудааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар сӯҳбати Комилов ҳарф аз беҳтар намудани фазои ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар бахши иқтисоду иҷтимоъ ва масоили марбут ба энергетика ва нақлиёт рафтааст. Комилов гуфтааст, Узбакистон розӣ аст, ҳаракати роҳи оҳан, парвозҳои миёни ду кишвар барқарор шавад ва ҳалли мушкилоти обию энергетикӣ боадолат ва ба манфиати ҳарду кишвар бошад.

Ин нахустин мулоқоти мақомоти баландпояи ду кишвар баъди даргузашти президенти Узбакистон Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ буд. Раҳбари собиқи Узбакистон бар асари хунравии мағзӣ ҷон дод ва ҳоло идораи ҳукуматро нахуствазир Шавкат Мирзиёев дар адст дорад.

Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуда ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт. Коршиносон мегӯянд, зарурат ба ҳамкории миёни ду кишвар ногузир ва ин ҳамкориҳо ҳар қадар пештар шурӯъ шавад, ҳамон андоза ба беҳбуди ҳарду ҷониб хоҳад буд.​

Рӯзи 4 декабр дар Узбакистон итихоботи президентӣ баргузор мешавад ва нахуствазир Шавкат Мирзиёев аз номзадҳои калидӣ ба ин мақом аст. Ҳоло бархе аз коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд тасмимҳои ҷиддиву муҳим маҳз баъди ин рӯйдоди сиёсӣ дар Узбакистон гирифта мешавад ва шояд ҳам бахши муҳими онҳо марбут ба бозбинии равобит бо ҳамсояҳо шавад. Аммо як гурӯҳи дигар низ ҳастанд, ки мегӯянд, эҳтимол тамоми хубиҳои Мирзиёев барои мустаҳкам кардани пояҳои ҳукуматаш дар остонаи интихобот бошад, то бе шикасту рехт ин марҳилаи муҳимро тай кунад.

XS
SM
MD
LG