Табибон ягона роҳи наҷоти Баҳриддинро дар табдили гурдааш медиданд. Хоҳари ӯ Латофат Иброҳимова, аз тариқи нашрияҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Мой Мир ва Одноклассники барои наҷоти бародари бемораш донори гурда кофт ва дар ниҳоят, вақте духтареро пайдо кард, ки барои додани гурдааш ба Баҳриддин розӣ шуд, маълум шуд, ки алакай дер шудааст. Латофат Иброҳимова дар ин матлаб алами дили худро рӯи қоғаз овардаааст.
Дунёи бевафо, дунёи фиреб, дунёи пур аз ғавғо.Аҷаб дунёи номарде, аҷаб паймонаи сарде. Тахминан ду сол қабл фазои тинҷу ором ва хушу хурсанди оилаи моро хабари шуме талх кард.Модарам маҷбуран додарҷони моро ба беморхона барои ташхис бурд, то фаҳмад, ки чаро писараш рӯз ба рӯз рангаш зард шуда истодааст..Ташхис нишон дод, ки додарҷони ман як гурда надорад (яъне ки ё модарзод бошад ё бо мурури вақт як гурдааш хушк шудааст, аниқтараш гирифтори бемории норасогии гурда аст. Падарам ҳам зуд худро дар беморхона мегирад.Бовар накарда ӯро бурда рентген мекунанд ва маълум мешавад, ки дар ҳақиқат як гурдааш хушк (пӯч) шудаву гурдаи дувумаш ҳам бемор аст. Духтурон тавсия медиҳанд, ки гурдаи беморро табобат намуда, баъди табобат гурдаи хушкшударо бурида партоянд.
Афсӯс, сари вақт ба мо нагуфтанд, ки зуд ҷарроҳӣ кунед. Муддати ду сол як гурдаи беморашро табобат кардему умед аз рӯзҳои ширини ҷавонии бародарам мекардем, то рӯзе ба по хоҳад хест.Лекин дер фаҳмидем, ки гирифтори бемории норасогии гурда табобат надошта, танҳо роҳи халосӣ ҷарроҳист. Вале ҚАЛАМКАШИ ГУЛЧИН кайҳо қиссаи беохири ишқу муҳаббати ба хокрафтаи додарҷонамро кашида будааст.
Ҳамеша орзу аз ояндаи хеш мекард. То рӯзе факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ-ро, ки дар курси 4-ум таҳсил мекард, бо баҳои аъло хатм мекунад ва ба ватани хеш хидмат мекунад.Ягона орзуяш прокурор шудан буд. Шаҳбачаи падару модар ва аҳли оилаи мо дар фотиҳа буду рӯзҳои охири хатми донишгоҳро интизорӣ мекашид.Бо сабаби бемориаш духтурон маслиҳат доданд, ки ӯро ҳарчи зудтар оиладор кунем.Маслиҳат чунин буд, ки дар тобистони ҳамин сол ӯро ба дӯстдоштааш, ки муддати 7 сол бо ҳазорҳо орзуву ҳавасҳо интизории тахти шаҳиро мекашиданд, оиладор кунем. Орзуҳои ба хокрафтаи сутуни хонадони мо: «Дар тӯям лимузини навбаромад фармоиш дода, дар тарабхонаи Яккачинор тӯй овозхон Даврони Асадуллоро оварда, чунон тӯй кунам, чунон тӯй кунам, ки ҳама лолу ҳайрон шаванд» буд.
Мисле ки чизеро пайхас намуда, охирин маротибаи хобондан дар беморхона ду рӯз пеш аз хуруҷи бемориаш дар ҳуҷраи хобаш (дар беморхона) суруди тӯёнаи Даврони Асадуллоро дар ноутбук баланд намуда, дар назди арӯсаш бо тамоми ҳастияш мерақсад, ки ҳамаро ҳайрон кард.Касе бовараш намеомад ки Ӯ бемор аст.
Вале мо бедарак аз он ки Худои гулчин кайҳо тақдири додарҷони моро, зеби хонадони моро то имрӯз кашида будааст.
Тахминан моҳи марти соли 2013 авалин хуруҷи бемории бародарам шурӯъ шуд ва ӯро зуд ба шӯъбаи нефролоҷии Шифохонаи клиникии шаҳрии № 5 (Медгородок) бурдем. Баъди ташхис муайян шуд, ки креатинини хунаш 1750 аст ва якчанд муддат таҳти табобати духтурони ин шӯъба буд. Муддате табобат карданду диданд, ки танҳо роҳи халосӣ аз ин беморӣ иваз кардани гурда аст. Баъди табобати духтурон креатинини хунаш 1550 шуд ва духтурон тавсия доданд, ки истодани бемор дар беморхона бефоида аст, хубаш ӯро бурда дар хона то ёфтани ДОНОРИ ГУРДА нигоҳубин кунед.
Ба хона овардем. Гурӯҳи хуни додарам 1-мусбӣ буд, афсӯс, ки гурӯҳи хуни ягонтаи мо аз оила ба бародарам мувофик наомад. Аз моҳи март шурӯъ шуд кофтукоби гурда, ки тариқи ҳама сомонаҳои интернетӣ, тариқи эълон додан дар якчанд рӯзномаҳо сарсону саргардон, гирёну нолон барои ҷигарбанди хонадон ДОНОРИ ГУРДА кофтам. Вале сад афсӯс, сад дареғи нобарориҳои он шабу рӯзи талх, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз вафоти додарам донори гурдаро ёфтам, вале алакай дер шуда буд.
Шаби 5-уми май бемории Баҳриддинҷон боз шиддат гирифт ва субҳ ба Маркази шаҳрии эҳё ва дитосикатсияи шифохонаи клиники № 5-и шаҳри Душанбе (медгородок) бурдемаш. Худи ҳамон рӯз тахминан соати 10:30 то 1:30-и шаб ва рӯзи 7 май такроран ӯро гемодиализ карданд. То 12-уми май саломатии бародарам хуб буд. Аз ҷояш мехест, мегашт, мувофиқи гуфтаи духтурон хӯрокҳои лозимаро ба таъби дилаш мехӯрд. Лаҳзаҳои аламовар ин буд, ки ҳар замоне ба ҳуҷраи (палатаи) додарам медаромадам, аз ман хамеша суол мекард, ки: «Латофат, донор ёфтӣ? » Не, наёфтам,- гӯён ноумед аз ҳуҷрааш мебаромадам. Чанд рӯз пеш аз фавташ, ки донори гурдаро пайдо намудам, шодикунон пешаш рафта гуфтам, ки Баҳриддинҷон, донор ёфтам, зиқ нашав, иншоаллоҳ, каме беҳтар ки шудӣ, зуд ҷарроҳӣ мекунем.
Аз ин хурсанд шуду рӯзи ҷарроҳиро мунтазир буд.Саҳари 13-уми май боз бемориаш шиддат гирифту худи ҳамин бегоҳ ӯро боз такроран гемодиализ карданд.Тахминан соати 7-и бегоҳии ҳамин рӯз аз гемодиализ баромаду нафаскашиаш душвор шуд, дарди зонуву қафаси сина ва шонаҳояш хуруҷ гирифт. Пайваста дилаш беҳузур мешуду мепартофт ва гурдаи «сархӯр» ҳама баданашро месӯзонду месӯзонд. Ҳамагӣ, ба навбат ҳамроҳи модари бечораи баумед аз ояндаи писараш пайваста шонаҳояшу зонувонашро молиш медодем, то шиддати ин дард кам шавад. Шаб саҳар шуду додарҷонамро ин дард хоб рафтан намемонд.
Саҳари 14-уми май духтурон гуфтанд, ки хунаш бениҳоят кам аст, хун биёред. Яку якбора чанд намуди доруҳо ва хунро ба бадани бародарам пайваста мерехтанд, то беҳбудиеро бинанд. Додарҷонам доду фиғон бароварда, зораву тавалло мекард, ки «гиред, гиред доруҳоро (системаро), ки сӯхтам, мурдам, ҳама баданамро месӯзонад. » «Баҳриддинҷон, каме сабр кун, ин ба фоидаи ту аст, Худо хоҳад шифо меёбӣ», -гуфта тассалияш медодам.
Тахминан соатҳои 14:30 –и ин рӯз буд ки сардухтур маслиҳат дод, ки биёед, дигар ғам надиҳед ин бачаро. Ва рехтани доруҳоро манъ карданд, ки доду фарёд баланд кардам: Не, не, монед аз сари нав рехтани доруҳоро идома диҳед, чунки то охирин нафас мо ба қудрати Аллоҳ умед дорем. Падарам ларзону гирён мегуфт: «Наход ягон имконият набошад, охир писари ман зинда аст, хушёр аст, хеста истодааст, охир ягон илоҷашро ёбед». Ҳарчанд, ки аллакай ними бадан хунук шуда буд, боз шурӯъ карданд рехтани доруҳоро. Охирин сухани додарам ба падарам ин буд, ки мегуфт: «Атачон, ҷони мара бхар, ки сӯхтм, мурдм». Падарам тоқат накарда гирякунон ба берун баромад.
Тахминан то соатҳои 15:30 дақиқаи ҳамин рӯз аъзои бадани додарам месӯхту доду фиғонкунон роҳи халосӣ аз ин БАЛОИ АСРро меҷуст. Духтурон зуд- зуд фишори хунашро месанҷиданд, ки паст шуда рафтан мегирифт. Оҳиста- оҳиста фишораш поён шуду гурда аз кор монд. Ин замон буд, ки садо баланд шуд: «Мулло дарояд, муллоро биёред.»
Доду фиғони модарам: «Бачамой, бачамой, шаҳбачаме, бачаи аз дунё хичӣ надидаву ноумед рафтаме, ҷони бачама харида натонистаме, бачам аз ман хафа рафт охӣ, кошки бачама зан медодму хавасу орзувоша дида мерафт, аз хдш як нишона монда мерафт,» -баланд шуд.
Модари бечораро бо чашми гирён мондай,
Ҳам арӯси нозанинро зору ҳайрон мондай,
Отаро сархам, ба аҳволи парешон мондай,
Аҳли хешу ақраборо синабирён мондай.
Во дареғ аз ин чаҳон рафтӣ пурармон, эй додарам,
Дар ҷавонӣ чун чанори чаппагардон, эй додарам.
Рӯзи маргат баҳри модар буд басо рӯзи гарон,
Рафт оҳу нолаам то ахтарони Каҳкашон,
Орзуҳоям ба зери хок шуд бо ту ниҳон,
Ҳам падар, хҳм модарамро кардай бесоябон.
Во додарам, аз сад гулат нашкуфта як гул, эй додарам,
Норасонда дасти худ бар зулфу кокул, эй додарам.
«Дарди гурда», балои аср, аҷали ногаҳонӣ бародари ба ҷон баробару лахти ҷигар, сутуни хонадону қуввати дили хамаи мо Баҳриддинҷони 21-солаи аз дунёву зиндагии пур аз орзуву ҳавасҳояш чизе надидаро ба дунёи охират бурд. Модари бечораам зору ҳайрон, сарсону саргардон, қадамзанон шаҳбачаи худро мекобад. Падари бузургворам, ки ҳамаи орзуҳояш, буду набудаш, ҳама вуҷудаш дар ин шаҳбачааш буд, дарун- дарун сӯхтаву боз шукрона аз писари дуюмаш Самариддини 19-сола мекунад. Хоҳарон гирякунон танҳо оҳи ҳасрат мекашанд, ки Баҳриддинҷон намурдааст, боварамон намеояд.
То кунун боварам намеояд, ки Баҳриддинҷони мо дунёи фониро падруд гуфта бошад. Наход дар кӯчаи мо, додарҷони ман дигар қадам назанад. Сад афсӯс, ки Қаламкаш як фарди ояндаи ҷомиаро, ки ҳазорҳо умеду орзуҳои нокушода дар дил дошт, бурд. Боз ҳам бо ҳама доду гирифти Худованд шукрона мекунем, чунки ҷонро амонат додаву ҳар замоне, ки хоҳад, бозпас мегирад.
Борони баҳор мекунад сабзая тар,
Дар ҳаққи ту сӯхтам фарзанди падар.
Фарзанди падар - риштаҳои ҷонам,
Номакта гирум, бишканад армонам.
Додарҷони ширин Баҳриддинҷон, рӯҳат шоду хонаи охиратат равшану кушод ва пурнур бод! Ҳурҳои биҳиштӣ ҳазорҳо ҳамеша дар хизматат бошанд, ҳамнишин бо паёмбарон бошиву аз оби ҳавзи Кавсар сероб, аз ҳама нӯшу неъматҳои Фирдавс сер ва ҷонат дар роҳат бошад додарҷони лахти ҷигарам, зеби хонадони мо, қуввати дили падару модарам, шаҳбачаи тахти шаҳира надидаи модарам.
Апаи зору ҳайрон, гирёну нолонат Латофат Иброҳимова