Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доди соҳибкорон ба боло расид? Кодекси андозро аз нав варақ мезананд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Кумитаи андоз ва ё молиёти Тоҷикистон бо муроҷиат ба мардум ва ҳалқаҳои соҳибкориву тиҷорат хостааст, дар таҳрири Кодекси андоз, ки зиёд танқид мешавад, ширкат кунанд.

Муроҷиати кумита дар расонаҳои давлатӣ нашр шуд ва дар он омадааст, ки ҳар нафар метавонад, пешниҳоди худро хаттӣ ва ё аз тариқи почтаи электронӣ ба “ҳайати таҳририя”- и кодекс бифристад. Шикояти зиёд аз молиёти баланд, муқаррароти печидаи андозситонӣ сабаб шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дигарбора Кодекси андозро, ки борҳо таҳрир шудааст, аз нав варақ занад. Бар асоси дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 20 июн гурӯҳи кории махсус барои таҳияи Кодекси нави андоз, таҳти роҳбарии Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазир таъсис ёфт ва то ҳол се ҷаласа баргузор кардааст.

Шодиён Завқибек, сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва даромадҳои Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 19 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ самти кор, омӯзиши қонунгузории андоз дар дигар кишварҳо баррасӣ мешавад: “То 25-уми июл мӯҳлат дода шуд, ки омӯзиши низоми андозбандии дигар кишварҳо мавриди омӯзиш қарор гирад ва дар ҷаласаи навбатӣ ин масъала муҳокима шуда, нақшаҳои минбаъда гуфта хоҳад шуд”.

Шодиён афзуд, коҳиши фоизи андозҳо, содда намудани низоми андозбандӣ, пардохти электронии андозҳо, кам кардани нозирон зимни таҳияи Кодекси андоз ба инобат гирифта мешавад: “Мақсад ин аст, ки муаммоҳое, ки аст бартараф гардида, Кодекси андоз бо назардошти рушди бемайлони техника ва технология, мутобиқ ба талаботҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, муҳити сармоягузорӣ ва ба рушди соҳибкорӣ равона гардад.“

Мақомот умедворанд, баъд аз таҳрир ва соддатару сабуктар шудани пардохти молиёт, сарпечӣ аз пардохти андоз камтар мешавад ва сафи андозсупорандагон афзоиш меёбад. Низоми андозбандӣ борҳо мавриди интиқоди бархе соҳибкорону тоҷирон гаштааст. Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, дар ислоҳоти навбатии Кодекси андоз бояд ба коҳиши сарбории молиёт, такрори пардохтҳо, кам кардани молиёт таваҷҷӯҳи хоса дода шавад.

Андозро кам карданд, вале кам нашуд

Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ислоҳоти соли 2012 навъи андозҳоро аз 21 ба 12 кам карданд, вале фоизи андозҳо баръакс афзоиш ёфт: “Андозҳои гарон боиси гурез аз пардохти он ва кам шудани даромади буҷет мегардад. Ташкилотҳои байналмилалӣ борҳо гуфтаанд, ки сатҳи андоз аз 80 фисад боло аст дар Тоҷикистон, агар сатҳи андоз то 36-40 фоиз поён нашавад, гурез аз пардохти андоз аз байн намеравад. Дар кодекси феълӣ баъзе андозҳое ҳастанд, ки такрор мешаванд. Масалан, андози истифодабарии роҳҳои нақлиётгард. Ин ҳамон андоз аз арзиши иловашуда аст, ки бояд аз байн бардошта шавад. Низоми андозбандӣ бояд содда, равшан ва возеҳ бошад, ки соҳибкор онро сарфаҳм равад. Ҳоло беҳад мушкил аст. Кумитаи андоз дар вақташ таҷрибаи якчанд кишварро гирифта, онҳоро ба ҳам омехта крдааст, ки такрор ба вуҷуд омадааст”.

Дигар пешниҳоди Олимҷон Бобоев ин аст, ки зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав, бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ҷалб гардад. Дар нусхаи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар барораи Давлаталӣ Саид ва раҳбарони чанд вазорату идораҳои дигари давлатӣ, бахши хусусӣ гуфта нашудааст. Танҳо дар охири санад, омадааст, ки “ба роҳбари гурӯҳи корӣ ваколат дода шавад, ки ҳангоми зарурат мутахассисони вазорату идораҳо, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони бахши хусусиро ба фаъолияти гурӯҳи корӣ ҷалб намояд”.

Нақши бахши хусусӣ дар таҳрири кодекс ба гуфтаи Олимҷон Бобоев, бисёр муҳим аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, “андозҳо аз ҳисоби мардум ба вуҷуд меоянд ва ҳини баррасии Кодекси андоз бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон таклиф шаванд, дар гуфтугӯҳо ширкат намоянд”. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси тоҷик, ки матолиби зиёде дар бораи андозбандӣ навиштааст, мегӯяд, ҳузур надоштани намояндагони бахши хусусӣ, шаффофияти ислоҳот дар Кодекси андозро зери суол мебарад.

Вазорат: Нигарон набошед, ба инобат мегирем

Шодиён Завқибек, масъули вазорати молия гуфт, пешниҳоду манофеи бахши хусусӣ зимни баррасии кодекс ба назар гирифта мешавад. Ӯ гуфт, дар баробари гурӯҳи кории ҳукумат як гурӯҳи кории байниидоравӣ бо роҳбарии Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ташкил шудааст, ки дар он ширкати бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст: “Яъне раҳбарони баъзе иттиҳодияҳои бахши хусусӣ дар ин ҳайат шомил гардидаанд, ки фикру андешаҳои соҳибкоронро метавонанд ба гурӯҳи кории ҳукумат расонанд”.

Шодиён Завқибек афзуд андозсупорандагон метавонанд, то 1 сентябр фикру андешаҳояшонро барои тағйирот дар Кодекси андоз тариқи сомонаи махсус- www.kodeks2020.tj пешниҳод намоянд. Ӯ гуфт, дар баробари ин, ҳар нафар метавонад, дархостҳои худро хаттӣ ба вазорати молия пешниҳод кунад. Ӯ афзуд, назару пешниҳоди сокинон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегарданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Боймамамд Алибахшов, раиси Анҷумани соҳибкорон ва кишоварзони кӯҳии “Милал Интер” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад дар сафи ҳайате, ки ба ислоҳти бахши андоз машғуланд, ҳузур дошта бошад ва монеаву мушкилиҳои бахши соҳибкориро гӯяд. Ҳамсӯҳбатамон хостори коҳиши фоизи андозҳо ва пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон шуд. Ӯ гуфт: “Дар гузашта, вақти ислоҳи низоми андоз чанд пешниҳод карда будем, ки ба назар гирифта нашуданд”.

Бо чанд соҳибкор ва тоҷире, ки ҳамсӯҳбат шудем, хабари ислоҳот дар бахши андозбандиро ба хушнудӣ пазируфтанд ва гуфтанд, ягона дархосташон ин аст, ки андозҳои миёншикан сабуктар ва тафтишҳои беасос кам гарданд.

Молиёти камаршикан?

Ислоҳот дар бахши андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки низоми андозбандии Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди бархе созмонҳои хориҷию байналмилалӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дар садро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон соли гузашта дар кишвар 4 миллион андозсупоранда ва 270 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ҳисоб шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав бояд шаффофу одилона бо назардошти мафиати тамоми ҷомеа сурат гирад, зеро рушди иқтисоди кишвар аз ин санад, вобастагии зиёд дорад.

XS
SM
MD
LG