Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгир дар байни ДИИШ ва Ҷабҳат-ан-Нусра чӣ меҷуст?


Як сокини ноҳияи Ёвон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи "Ҷабҳат-ан-Нусра" ва нигоҳ доштани адабиёти гурӯҳҳои тундрав, барои 9 сол равонаи зиндон шуд.

Ҷаҳонгир Қурбоналиев, як варзишгари 23-сола аз ноҳияи Ёвон, ки ҳамзамон шаҳрванди Русия низ мебошад, аз сӯи додгоҳи вилояти Хатлон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Ҷабҳат-ан-Нусра" ва нигоҳ доштани наворҳо ва адабиёти таблиғотии гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ, ба нӯҳ сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи вилояти Хатлон баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 12-уми май ҳукми худ дар нисбати Ҷаҳонгир Қурбоналиевро содир кард. Бар пояи ин ҳукм, Ҷаҳонгир Қурбонов дар маҳбаси низомаш сангин нигаҳдорӣ мешавад.

Додгоҳ Ҷаҳонгир Қурбоналиевро, ки тайи чанд соли ахир дар Русия ба варзиш машғул буд ва шаҳрвандии он кишварро соҳиб шуд, тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 307, қисми 2 ва 187, қисми 2, яъне даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, муттаҳам донист.

Тибқи ин ду модда, ба Ҷаҳонгир Қурбоналиевро 20 сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекард, аммо додгоҳ бо назардошти пушаймонӣ аз кирдор ва ҷавон будан, ӯро барои 9 сол равонаи зиндон кард. Тоштемур Қурбонзода, додраси ин парванда имрӯз, 13 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар парвандаи ҷиноӣ далелҳои шайъӣ зикр шудааст, ки Ҷаҳонгир Қурбоналиев шаҳодат додааст. Тоштемур Қурбонзода гуфт, ки ин ҷавонон бо ҳаракати "Ҷабҳат-ан Нусра" тариқи як шабакаи радиои интернетӣ иртибот барқарор намудаанд.

Вай гуфт, дар телефонҳои муттаҳам сабти сӯҳбатҳояш бо ҳамдастони ҳизби "Ҷабҳат-ал Нусрат" ва ДИИШ пайдо шудааст: "Се телефон пайдо шудааст, ки дар онҳо сабтҳои телефонӣ ҳаст, китобҳои характери "Салафия" ҳаст, хулосаи кумитаи дин тасдиқ кардааст. Онҳо бо телефонҳо аъзо шудаанд. Китобҳои характери экстремистӣ доштаи марбут ба "Ҳизб-ут-таҳрир" ва "Салафия" дорад, ки хулосаи ташхиси кумитаи дин инро гуфтааст."

Вале хонаводаи Ҷаҳонгир Қурбоналиев мегӯяд, ки фарзандашон аз Русия барои ширкат дар мусобиқаи гуштӣ аввалҳои моҳи марти соли равон ба зодгоҳаш баргашт, вале дар инҷо бо иттиҳоми "ифротгароӣ" дастгир шуд. Онҳо айбномаи зидди фарзандашонро зери суол мебаранд. Аз ҷумла, Аловиддин Қурбоналиев, падари Ҷаҳонгир, ки ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Маскав аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мурофиаи писараш вакилаш ҳатто ширкат накардааст ва аз ҳукм ва баргузории мурофиаи додгоҳӣ қаноатманд нестанд: "Дилам аз ҳама мондааст, аз дастамон коре намеомадааст, бо падарам суҳбат кардам, ки хело нигарон аст, падарам дар тарс ҳаст, мегӯяд, ки ба Тоҷикистон наоед, фикр мекунам, ки талошҳоямон беҳуда аст. Вакилаш умуман дар мурофиа ширкат накардааст, барои камтар кардани ҳукм вакил чизе нагуфтааст."

Сайрон Солеҳова, аммаи Ҷаҳонгир Қурбоналиев гуфт, ки бародарзодааш варзишгар буд ва ҳоло "қурбони , тӯҳмат шуд": "Чор ҷом дорад, нишоаҳои зиёд, вале дар замин задан варзишгарро, агар тӯҳмат намекарданд, парчами Тоҷикистонро мебардошт."

Ҷаҳонгир Қурбоналиев, сокини рустои Оби Мукии ноҳияи Ёвон, ки шаҳрванди Русия низ мебошад, дар навраси ҳамроҳи падараш ба муҳоҷират рафт ва онҷо аз варзишкорони муваффақ шуд.

Ҳамроҳ бо Ҷаҳонгир Қурбоналиев се нафари дигар - Шӯҳрат Қарақулови 23-сола, Шамсӣ Қарақулиеви 24-сола ва Фирӯз Ҷӯрақулови 24-сола, ки ҳамагӣ сокинони деҳаи Оби Мукии ҷамоати деҳоти "Обшорон"-и Ёвон мебошанд, аз курсии айдорӣ равонаи зиндон шудаанд.

Ҳамдеҳагони Ҷаҳонгир Қурбоналиев низ тибқи ҳамин ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -307, қисми 2 ва 187, қисми 2, яъне даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ муттҳам дониста шуда, барои 9 солу шаш моҳ равонаи зиндон шудаанд.

Як мақоми додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки ин ҷавонон ҳамзамон аз шабакаи иҷтимоии "Однокласник "видеоҳоеро, ки хусусияти барангехтани кинаву адоват, даъват ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ доштаанд, аз ҷумла ДИИШ ва Салафия тамошо карда дар зераш тугмаи мақбул "класс"-ро пахш мекардаанд, ки барои дигарон низ муаррифӣ мешудааст.

Мақомоти ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ибтидо 14 нафар бо гумони тамошои наворҳои дорои хусусияти ифротӣ боздошт шуда буданд, вале бо исботи бегуноҳӣ 10 нафар озод ва 4 нафар муттаҳам дониста шуданд.

Агарчи ба гуфтаи мақомот мизони сафари ҷавонон ба Сурия коҳиш ёфтааст, аммо шумораи ҷавонони ифротгарое, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳастанд, нигаронкунада гуфта мешавад. Дар чор моҳ ҳудуди 60 нафар ҷавон бо ҷурми ҳамдастӣ бо "Салафия" боздошт шудаанд ва беш аз 10 нафар равонаи зиндон шудаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи майи соли гузашта "Ҷабҳат-ан-Нусра"-ро созмони террористӣ эълон кард. Ин гурӯҳ шохаи гурӯҳи Ал-Қоида дар Сурия мебошад ва алайҳи ҳукумати Башор Асад фаъолиятҳои мусаллаҳона пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG