Модари як сарбоз иддао дорад, писарашро дар Артиш ба ҳаде азият кардаанд, ки тавони сӯҳбат надорад, вале мақомт мегӯянд, писари ин зан афтодааст ва ҳоло табобат мешавад.
Ҳалима Мирова, модари як сарбоз ду моҳи ахир дар роҳи ноҳияи Айнӣ ва Душанбе саргардон аст. Ӯ барои аёдати писараш, ки дар беморхонаи рӯҳӣ бистарӣ аст, меояд.
Ба иддаои ин модар, писари 23 солаашро ду моҳи пеш ба хизмат бурданд ва ҳоло пурра аз гап мондаасту касеро намешиносад.
“Миёни бачам задагӣ, гуфтанд ғалтидагӣ аст, ба ман қоил нашуданд”,--гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Иброҳим Ниёзов, писари ин зан соли гузашта Донишкадаи давлатии санъатро дар Душанбе хатм карда, дар мавсими даъвати тирамоҳӣ, ба гуфтаи наздиконаш, аз тариқи “облава” ба хизмат бурда шуд.
Волидон мегӯянд, Иброҳимро, ки барои кор дар як оркестри ҳарбӣ ҳуҷҷат супурда буд, ба ҷойи қабул ба кор, бо роҳи фиреб ба Артиш фиристодаанд.
“Гуфтанд, ки оча маро муборакбод намоед, фармонам баромадаст, рафта кор мекунам. Телефонамро додам, гуфтам агар ба кор дароӣ, ба ман занг зан. Бачам ба як хурсандӣ анҷомашро гирифта омаданд”,--ба ёд меорад Ҳалима Мирова.
Аммо дар посух ба номаи наздикони сарбоз ба унвонии Вазорати дифоъ гуфта шудааст, ки Иброҳим дар даъвати тирамоҳӣ дар доираи қонун ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудааст. Ба иддаои наздикони сарбоз, баъд аз 6 рӯзи хизмат дар як қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Панҷ ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд ва баъди як муддат ба бемористони бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Рудакӣ бистарӣ карданд.
Ба наздикони Иброҳим дар қисми ҳарбӣ гуфтаанд Иброҳим бемории руҳӣ дошта худро аз ошёнаи дуюм партофтааст.
Дар пайи ин қазия наздикони Иброҳим ба дастгоҳи президент, додситонии ҳарбӣ ва Вазорати мудофиа нома навишта, аз вазъи ӯ ки солим ба хизмат бурда шуда буд шикоят карданд.
Додситонии ҳарбӣ номаи шикоятии бародари Иброҳимро ба додситони ҳарбии горнизони Душанбе ирсол карда ,талаб намудааст, ки ин қазия ҳамаҷониба ва холисона таҳқиқ шавад. Дар Додситонии ҳарбӣ гуфтаанд, ки сарбоз ҳанӯз сӯҳбат карда наметавонад, аз ин рӯ, пайдо кардани асли қазия мушкил аст.
Зиёваддин Ниёзов, бародари Иброҳим мегӯяд, “аз Сарпрокуратура ба мо гуфтанд, ки мо аз рӯи мактубҳои шумо тафтишота бурда истодаем ва чора меандешем”.
Дилафрӯз Самадова, намояндаи созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, шикояти пайвандони сарбозон ба Додситонӣ аксаран бетаҳқиқ мемонад ва посухҳои додситонии ҳарбӣ низ номаҳфум аст.
Дар беморхонаи руҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сиҳатии Иброҳим Ниёзов зиёд бад нест ва ташхиси ӯ идома дорад. Табибон бояд мушахас кунанд, ки Иброҳим воқеан бемории руҳӣ аст ё сохтакорӣ мекунад.
Як масъули ин Беморхона бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт: “Сарбозони мо бисёраш сохтакорона худашонро бемор мебароранд, хурок намехуранд, гап намезананд. Махсус намекунанд, ки хизмат накунанд. Барои ҳамин таҳқиқ карда истодаем”.
Ҳоло хонаводаи сарбоз мехоҳанд, Иброҳимро аз беморхонаи руҳӣ берун ва ҷои дигар табобат кунанд. Бемористон ин ҳаққи рухсат кардани ӯро надорад.
Аммо ба номаи расмии наздикони сарбоз ба унвони Вазорати мудофиа посух додаанд, ки “пеш аз муҳлат рухсат кардани сарбоз ғайриимкон аст”.
Ҳамчунин дар ин нома таъкид шудааст, ки нисбати сарбоз Иброҳим Ниёзов, барои муносибати дағалонааш нисбати кормандони комиссариати Шаҳринав чораҳои қатъӣ андешида мешавад.
Кадом “муносибати дағалона” шарҳ дода нашудааст.
Дар Тоҷикистон дар ду давра ҷавононро ба артиш даъват мекунанд. Ҳамасола аз ҷалби иҷбории ҷавонон ва лату куби онҳо дар Артиш хабар нашр мешавад, вале мақомот аксари ин ҳолатҳоро рад мекунанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!