Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон: Маскав ба марги тифли тоҷик бо боздошти муҳоҷирон "посух" дод


Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.
Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.

Намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон боздошти густурдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро тайи чанд рӯзи ахир, аксуламали Русия ба маъракаи маҳкумсозии марги кӯдаки 5-моҳа медонанд.

Намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон боздоштҳои густардаи шаҳрвандони кишварро аз ҷониби мақомоти Русия “интиқом” дар баробари вокунишҳо ба марги Умаралии 5-моҳа унвон карданд.

Дар ду рӯзи ахир, дар ҳоле, ки чеҳраҳои шинохта дар Русия ва Тоҷикистон марги мармузи кӯдаки панҷмоҳаи тоҷикро дар боздоштгоҳи Русия маҳкум мекарданд, пулиси ин кишвар даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми "терроризм" ва будубоши ғайриқонунӣ боздошт кард.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раиси Созмони иҷтимоии “Преспектива плюс” рӯзи панҷшанбеи 22-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иқдомоти ахири мақомоти Русия вокуниши мустақим ба ҳодисаи марги Умаралии 5-моҳа дорад. Зеро вақте ҷомеаи Тоҷикистон, ба хусус муҳоҷирон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон нисбати марги ин кӯдаки панҷмоҳа садо баланд кард, албатта хашми мақомоти Руасияро овард ва онҳо муҳоҷирони кориро боздошту муҷозот карданд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ба таъкиди хонум Бобоназарова, ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар нисбати марги Умаралии панҷмоҳа ва ҳамин тавр дигар муҳоҷирони тоҷик, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мухталиф дар Русия кушта мешаванд ва ҳамчунин фишору маҳдудиятҳои мақомоти ин кишвар болои муҳоҷирони тоҷик, ҳатман, ки садо баланд мекунад ва ин далели муттаҳидии мардуми тоҷик аст.

Ҳол он ки ба гуфтаи хонум Бобоназарова, вокуниш нишон додан ва ҳимоят кардани ҳуқуқи муҳоҷирон ин вазифаи аслии раиси ҷумҳур, ҳукумат, парлумон, омбудсмен, хадамоти муҳоҷирату дигар вазоратҳо аст. Хонум Бобоназарова мӯътақид аст, ки “вақте ҳукумати Тоҷикистон ба иқдомот ва рафторҳои мақомот ва ниҳодҳои Русия вокуниш нишон намедиҳанд, албатта, ки Русия шерак мешавад ва боз ҳам аз фишор кор мегирад.

Ин ҳуқуқдони тоҷик аз ҳодисаи фавтидани як қирғиз дар яке аз марказҳои қабули муҳоҷирон дар Русия ва ҳамин тавр кушта шудани як гурҷӣ дар Маскав ёд кард ва гуфт, “вақте ин қирғиз нобуд шуд, тамомии ҳукумати Қирғизистон то дигар ниҳодҳои марбута нисбати ин ҳодиса вокуниш нишон доданд. Вақте як гурҷӣ кушта шуд, ҳукуматиу мардуми ин кишвар ба Додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат карданд.

Ойниҳол Бобоназарова аз он ҳам изҳори нигаронӣ кард, ки “сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ҷои он, ки нисбати марги кӯдаки тоҷик узр пурсад, баръакс ҷомеаи мадании Тоҷикистонро гунаҳкор мекунад ва мегӯяд, ки шумо мехоҳед, муносибати Тоҷикистон ва Русия хароб шавад.”

Ба ин хотир аз назари хонум Бобоназарова, ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, то қадамҳои ҷиддӣ ва иқдомоти қотеъро дар чунин ҳолатҳо алайҳи Русия рӯи даст бигирад, то тавонад, аз як нафар шаҳрванди худ ҳимоят карда тавонад.

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР” зимни маҳкум кардани амалкарди мақомоти Русия, онро “шовинизми русӣ” мехонад. Ба гуфтаи ҷаноби Мизроб, дар ҳоле, ки мақомоти Русия, ба хусус режими ин кишвар ба амалкарди “фашистонаи солҳои 30 -40 – уми даврони Шӯравиашон” посух гӯянд, баръакс ҳатто аз миллати тоҷик як бахшиш ё узрро барои куштори Умаралии панҷмоҳа дареғ медоранд.

Ба гуфтаи Сайёфи Мирзоб, Русия “ҳамон қартаи кӯҳнаи муҳоҷирони корӣ”-ро ҳамеша ва дар ҳама маврид ва бештар бар зидди Тоҷикистон кор мебаранд. Ин журналисти тоҷик пешниҳод дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар муқобили қартаи муҳоҷирони кории тоҷик аз ҷониби Русия, бояд қартаи пойгоҳи низомии ин кишварро ба кор дарорад.

Зеро ба андешаи Сайёфи Мирзоб, “агар имрӯз қотилони Умари панҷмоҳа дар назди на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ посух нагӯянд, ситам бар сари миллати тоҷик боз бештар мегардад. Ин аксиома аст, дигар”.

Вокуниши ҷомеаи маданӣ ба боздошти муҳоҷирон дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

XS
SM
MD
LG