Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ Онлайн: "Афви муҳоҷирон, ҳаёҳу гирди номи Далер ва рақс зери офтоби тафсон". ВИДЕО


Ozodionline screenshot
Ozodionline screenshot

Сӯҳбат дар барномаи навбатии Озодӣ Онлайн аз афви муҳоҷирони тоҷик аст, дар бораи рақси донишҷӯён дар тобистони гарм ва дар бораи ҳаёҳу дар гирди номи Далер Назаров.

Ҳафтаи гузашта, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки умедворанд, Русия ҳазорон муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷикро афв мекунад ва иҷоза медиҳад, дигарбора барои кор баргарданд. Баъзеҳо аз шунидани ин хабар дар саҳифаи Инстаграми Радиои Озодӣ хушҳол шудаанд, баъзе гуфтаанд, бовар намекунанд. Аммо Фирӯз Тоҷикистон навиштааст: «Як нафаре нест, ки бигӯяд, то кай мо ба ғуломӣ меравем, азоб мекашем, таҳқир мешавем??? Намешавад, дар Тоҷикистон ҷойи кор муҳайё кард? Ҳамон Русия ҳам аз мигрант безор шудаст. Кадом рӯзе мардумаш ҳамаро пеш мекунад. Як шарҳи дигар дорем аз як муҳоҷир аз ноҳияи Ҷайҳун, ки аз тариқи Вотсапп ба мо фиристод.

Озодӣ Онлайн: "Духтарамро барои хондан фиристодам, на раққосагӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00



Муроҷиати ин бинандаи Радиои Озодӣ дароз буд, вале мутаасифона вақти зиёде надорем, ки ҳамаи онро ҷо бидиҳем ва мегузарем ба мавзуи дигар. Рақсу раҳпаймоии донишҷӯён дар ҷашнҳои давлатӣ, ки худашон «маршировка» меноманд, аз мавзӯъҳои пурбаҳс дар вебсайти Радиои Озодӣ шуд. Як корбаре бо номи "ДДТ ба номи Осимӣ" дар бораи ҷалби донишҷӯён барои ташкили ин ҷашнҳо гуфтааст, маршировка, яке аз вабои аср барои Тоҷикистон шудааст. Ӯ гуфтааст, ҷалби донишҷӯён ба рақсу раҳпаймоӣ, зиён овардан барои миллати тоҷик аст, чун донишҷӯён сармояи миллат ҳастанд ва дур кардани онҳо аз таҳсил бепарвоӣ нисбат ба ояндаи кишвар аст.

"Сомонӣ" навиштааст: Чаро вақте ман 11 ҳазор сомонӣ пули таҳсили духтарамро месупорам, вале донишгоҳ духтари маро маҷбур мекунад, ки зери офтоби сӯзон бирақсад. Мо онро барои хондан мондем ё раққосагӣ. "Коваи Куҳистонӣ" гуфтааст, беҳтар аст, раҳпаймоиҳоро дуруст тарҳрезӣ кунанд ва донишҷӯёнро даҳ рӯз аз ҷашн ба чунин чорабиниҳо ҷалб кунанд, вале пулашонро бидиҳанд, то ҳама хурсанд шаванд.

Ҳафтаи гузашта номи Далер Назаров, овозхони шинохта ва муаллифи Чак-Чаки борони баҳор дар Фейсбук ҳаёҳу барангехт. Садҳо нафар хостанд, ба Далер унвони давлатӣ дода шавад, вале худаш гуфт, ки ба унвоне эҳтиёҷ надорад. Марҳабо Саидова навиштааст, ки "мардум ӯро дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд. Унвони беҳтаринро дорад, чун ҳунарашро хуб медонад ва беҳтарин таронаҳоро месарояд."

Шовалмӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст: "Дар ягон кишвари дунё ягон унвони овозхони хизматнишондода, шоир е нависандаи халқӣ ё арбоби илму маданият вуҷуд надорад." Ба ақидаи ин корбар додани унвон ба Далер як зарра обрӯи ӯро баланд намекунад. Озодӣ Онлайн барномаи шумост ва бо видеоҳои шумо хубтару ҷолибтар мешавад. Телефони +420 724 053 959 маҳз барои шумост ва барои фиристодани видеову акс. Вайбер, Вотсапп ва Телеграму Имо ҳам дорем.

XS
SM
MD
LG