Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бархӯрд" дар Hollywood беҳтарин дониста шуд. ВИДЕО


Филми як коргардони ҷавони тоҷик бо исми рамзии "Бархӯрд", дар ҷашнвораи "Hollywood just 4 shorts" беҳтарин филми кӯтоҳ дониста шуд.

Фирдавс Нину филми худро, ба ин ҷашнвора моҳи январ пешбарӣ кард ва ахиран барояш хабари пирӯзии он расид. Филми тақрибан нимсоатӣ нахустин кори Фирдавс аст, ки як мактаби филмсозиро дар Амрико хатм кардааст.

Филми "Бархӯрд", ки дар Тоҷикистон танҳо як гурӯҳи хурд онро тамошо кардаанд, барои ширкат дар панҷ ҷашнвораи дигари ҷаҳонӣ пешбарӣ шудааст.

Мӯҳтавои филм, талош барои зиндагӣ, муҳаббати модар ба фарзанд, пирӯзӣ бар тарс ва дарки муҳаббати наздиктарин инсонҳо аст. Фирдавс дар ин филми кӯтоҳ, зиндагӣ ва мушкилоти занони танҳо ва наврасони тоҷикро дар деҳот тасвир кардааст. Муаллифи филм мегӯяд, шароити зиндагӣ дар кӯҳистон, чолишҳои ҳамарӯзаи маишӣ атфоли деҳотро дар кӯдакӣ "бузург" мекунад.

Филм аз қиссаи Далери 15-сола шурӯъ мешавад, ки дар як рустои дурдасту сард саробонии додару хоҳар ва модари беморашро ба дӯш дорад. Қаҳрамони дигари филм холабачаи Далер, Сомони 13-сола аст, ки ӯро ҳам модари Далер ба воя расондааст.

"Бархӯрд" дар ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи "Hollywood" беҳтарин дониста шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Дар саҳнаҳои аввали филм ду бародар бо ҳам чандон дӯстӣ надоранд. Далер ҳамеша аз он норозӣ аст, ки бори зиндагиро ӯ мекашонад ва бародараш роҳат мекунад. Аммо як ҳодиса муносибати ду бародарро ба кулли тағйир медиҳад. Фирдавс қисме аз достони филмро нақл кард:

"Далер бо ҳезумкашӣ ва фурӯши ҳезум хонаводаашро таъмин мекунад. Як рӯз мехоҳад, холабачаашро ҳам барои ҳезумчинӣ ба кӯҳ барад. Модари бемораш мегӯяд, Сомонро бо худ набар, чун ӯ ҳанӯз хурд аст. Аммо Далер ба ӯ гӯш намедиҳад, ба кӯҳ мераванд ва дар барфу тарма мемонанд. Мавриди ҳамлаи як гурги одамхӯр қарор мегиранд. Вақте дар кӯҳ ва дар рӯ ба рӯйи мушкилот танҳо мемонанд, меҳру муҳаббати ду бародар ба ҳамдигар зиёд мешавад."

Ба гуфтаи муаллиф, достони филм воқеист ва ин ҳодиса бо 3 наврас рух додааст ва ҳарсе дар набард бо гург ҳалок шудаанд. Дар филм Фирдавс бузургии меҳри модар ва талоши ӯ, барои наҷоти ҷони фарзандро ҳам тасвир кардааст. Модари бемору бистарӣ аз тарси аз даст додани фарзанд ҳамаро ба по мехезонад.

"Модар дар ҳолате меафтад, ки дигар на гургу на шер пеши назараш наменамояд ва мисли тӯфон ҳамаро пахш карда меравад, то фарзандашро наҷот диҳад",- мегӯяд, Фирдавс.

Коргардони ҷавон мегӯяд, аксар филмҳои нави тоҷикӣ саҳнаҳои якрангу муҳтавои монанд доранд. Ӯ талош кардааст филме бо шаклу сохти нав ва мутобиқ ба меъёри як филми ҷаҳонӣ офарад. Ба гуфтаи муаллифон, онҳо талош карданд, сабку услубҳои маъмулии филмофариро шикаста, тамошобинро ба андеша водор кунанд ва то охир нигоҳ доранд.

"Фарқ ҳамин аст, ки масалан, агар филм як хат ё қоидаи махсус дорад, мо аз рӯйи як қоида нарафтем, мо қолабро шикастем. Мо масалан, саҳнаҳо аз охири филмро намоиш додем ва якбора аз охир ба аввал омадем. Вале ҳамаи ин бояд хеле моҳирона намоиш дода шавад, ки тамошобин худро гум накунад ва пай барад, ки ин охири филм ё аввалаш аст. Дар ҳар як саҳна тамошобин эҳсос дорад ва торафт он бештар мешавад", -мегӯяд, Фирдавс Нину.

Муаллифон барои ин филм, ки дар мавзеъҳои кӯҳдомани Зиддӣ ва Сафеддара наворбардорӣ шудааст, 20 ҳазор доллар харҷ кардаанд. Барои офаридани филм фанновариҳои компютерӣ истифода шудааст.

"Барои дар сатҳи ҷаҳонӣ сабт шудан, навтарин таҷҳизоти сабтро истифода бурдаем, баъд булдозеру экскваторҳо омада барои мо дар кӯҳҳои пурбарф саҳна сохтаанд. Мо гургу сагҳо, муттахасисони кинологро ҷалб кардем. Ҳамаи инро тавассути графикаи компютерӣ ё аниматсия мо дар филм ҷо кардем. Мо талош кардем филм ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад", - мегӯяд Фирдавс.

​Фирдавс Нину пас аз бозгашт аз Амрико дар "Тоҷикфилм" ба кор шурӯъ кард. Филми "Бархӯрд", ки дар Тоҷикистон танҳо як гурӯҳи хурд онро тамошо кардаанд, барои ширкат дар панҷ ҷашнвораи дигари ҷаҳонӣ пешбарӣ шудааст. Коргардони ҷавон умедвор аст, ки ба ҳадаф мерасад ва филмаш ҷаҳонӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG