Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таъмини субот то маҳудияти озодии шаҳрвандон. Бардошт аз кори КДАМ дар Тоҷикистон


Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили "Рӯзи кормандони амнияти миллӣ", ки 28 декабр дар маросиме дар Душанбе баргузор шуд, се масъаларо ҳамчун мушкилоти умдаи кори ходимони амнияти миллӣ унвон кард.

Ӯ гуфт, қочоқи маводи мухаддир, набуди интизоми ҳарбӣ миёни ҷузъу томҳои қушунҳои сарҳадӣ ва қонуншиканиҳо зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ аз масоилест, ки бояд ҳаллу фасл шавад. Зоҳиран, ишораи президент ба ҳодисаҳое буд, ки бештар аз дигарҳо соли 2017 ба

Дар Тоҷикистон фаъолияти сиёсии берун аз назорати давлат, мисли ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, ташкили созмонҳои сиёсӣ манъ шуда, матбуоти мустақил аз назорату фишор шикоят мекунанд.

дардисари хадамоти амнияти Тоҷикистон табдил шуд.

Таҷлили Рӯзи кормандони амнияти миллӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои охир аз тавсеаи нақши амният дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, дар ҳаёти хусусии мардум сӯҳбат мешавад.

Раҳмон аз зарурати тақвияти амният гуфт

Рӯзи 28 декабр ҳам президент Раҳмон ба зарурати тақвияти амният дар мубориза бо таҳдидҳои мисли терроризму ифротгароӣ дар кишваре, ки ҳамсарҳади Афғонистон аст, сӯҳбат кард. Вай гуфт, ки нақши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки ҳифозати марз ҳам яке аз масъулиятҳои он ба ҳисоб меравад, то рафт муҳим мешавад.

Рӯзи 19 декабр ба ин мазмун Владимир Путин, президенти Русия​ дар нишасти сарони сохторҳои вижаи амниятии кишварҳои узви Муштарак-ул-Манофеъ ҳам сӯҳбат кард. Путин гуфт, баъди саркӯби ДИИШ дар Сурияву Ироқ, ҷангиён талош мекунанд ба Афғонистон ба хотири ташкили гурӯҳҳои инфиродии ҷиҳодӣ ва талоши ҳамла ба марзҳои Муштарак-ул-Манофеъ кунанд. Путин ҳам гуфт, ки нақши сохторҳои амниятӣ дар пешорӯи чолишҳои амниятӣ бояд хеле муҳим шавад.

19 декабр Путин раҳбарони хадамоти амниятии кишварҳои СНГ-ро пазируфт
19 декабр Путин раҳбарони хадамоти амниятии кишварҳои СНГ-ро пазируфт

Дар ҳамин ҳол бархе собиқадорони сохторҳои интизомиву амниятии Тоҷикистон, ки кории КГБ-и Шӯравиро ҳам медонанд, мегӯянд, нирӯҳои амниятии Тоҷикистон қодиранд аз таҳдидҳои замонавӣ ҷилавгирӣ кунанд. Зимнан, ахиран эълон шуда буд, ки дар ду соли ахир нерӯҳои амниятии Тоҷикистон аз анҷоми ҳудуди 50 амали террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд. Вале як мояи нигаронии мақомот дар давоми ҳадди аққал се соли охир ин пайвастани беш аз як ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон мебошад. Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муҷозоти сангин пешбинӣ кардааст ва дар давоми ин солҳо даҳҳо мурофиаҳои судӣ ба хотири ба ҷавобгарӣ кашидани ширкатдорони ҷангҳо дар зери парчами сиёҳи ДИИШ анҷом шудааст.

"Оромӣ дар ҷомеа - дастоварди аслӣ аст"

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва яке аз ширкатдорони ҷаласае бо ширкати президент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зимни суханронии худ дар ҳузури мақомот ва кормандони амниятии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи феълии минтақа, ки хатари тероризм ва ифротгароиро матраҳ карда, дар назди онҳо вазифаҳои нав гузошт. Абдураҳим Қаҳҳоров дар посух ба ин савол, ки худ фаъолияти КДАМ-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунад, гуфт:

«Фаъолияти КДАМ Тоҷикистон хеле хуб аст ва ҳодисаҳои 26 соли ахир нишон медиҳад, ки маъмурони ин ниҳод метавонанд аз сар задани ҳар гуна бесуботӣ, аз ҷумла амалҳои террористӣ фаъол бошанд ва аз он ҷилавгирӣ кунанд. Ин ҳама нишони боло будани касбияти кормандони КДАМ аст».

Собиқадорони соҳа ва ҳам коршиносон мегӯянд, бо ин ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ меросбари мактаби КГБ-и Шӯравӣ мебошад, бо назардошти чолишҳои замони имрӯз мешавад гуфт, ки дар баробари воқеиятҳои нав қарор дорад.

Нуралишо Назаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақши КДАМ-ро дар таъмини суботи кишвар «арзанда» унвон кард ва гуфт, ки то ба ҳол нерӯҳои ин кумита дар хунсо кардани ҳар як талоши бурузи нооромӣ дар Тоҷикистон саҳми асосӣ доранд. Вай афзуд:

«Воқеан оромӣ дар солҳои ахир мояи шукргузорӣ аст. Дуруст аст, ки замони фаъолияти ман ба унвони фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ба солҳое мувофиқ омада буд, ки ин нерӯҳо ҳанӯз тобеи КДАМ набуданд. Вале дар солҳои баъдӣ низ нерӯҳои амниятӣ нагузоштанд, ки нерӯи тахрибкоре тавонад дар Тоҷикистон аъмоли тахрибкоронаи худро анҷом диҳад».

Таъмини амният бо қимати ҳуқуқи инсон?

Вале ҷомеашиносону коршиносони бетараф мегӯянд, ки солҳои ахир бо баҳонаи таъмини амният маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ ва назорат аз болои ҳаёти ҷомеа афзоиш ёфтааст. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон, назири Human Rights Watch ва Amnesty International мегӯянд, таъмини амният дар Тоҷикистон бо қимати поймол шудани ҳуқуқи инсон ба даст меояд.

Дар Тоҷикистон фаъолияти сиёсии берун аз назорати давлат, мисли ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, ташкили созмонҳои сиёсӣ манъ шуда, матбуоти мустақил аз назорату фишор шикоят мекунанд. Бархе коршиносон тарки пеша ва кишвар кардани бархе журналистону ҳуқуқшиносонро ҳам ҳосили умумии фазои сиёсӣ дар кишвар меноманд.

Мудохила ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон ҳам аз назари пӯшидани либоси мазҳабӣ ё доштани риш ҳам назорат мешавад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз назорат шудани матни шарҳу навиштаҷот дар интернет шикоят мекунанд ва додгоҳҳои Тоҷикистон дар ду-се соли охир чанд ҳодисаи муҷозот барои навиштани шарҳи интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ карданд. Бархе мунаққидон нақши сохторҳои вижа дар назорати вазъи ҷомеаро аз назари амниятӣ ба замони шӯравӣ шабоҳат медиҳанд ва мегӯянд, ин ниҳод ба хотири ҳифзи қудрати ҳукумати амалкунанда хизмат мекунад. Вале бархе мегӯянд, ки талоши сохторҳои амният дар ниҳояти кор барои таъмини бехатарии мардум равона шудааст.

"Фасодкоронро хадамоти амният боздошт кард"

Ба мушоҳидаи Амнияти Абдуназар, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, солҳои ахир фаъолияти КДАМ дар мавриди ҷилавгирӣ аз фасод хеле барҷаста шудааст. Ҷаноби Абдуназар бо дарназардошти боздоштҳои пурсарусадои мақомоти Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт:

«Ахиран мушоҳида мешавад, ки танҳо кормандони КДАМ ҷуръат доранд, ки мақомоти баландпояи фасодкорро боздошт кунанд. Дигар ҳеҷ ниҳоде мисли амниятиҳо ҷуръате надорад. Яъне, тарси дигарон зиёд аст ва танҳо маъмурони амниятӣ ба боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати чунин мақомот ҷуръат мекунанд».

Амнияти Абдуназар ба боздошту зиндонӣ шудани беш аз 10 корманди баландпояи Оҷонсии мубориза бо фасод ишора кард, ки соли ҷорӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба худ ҷалб кард, вале боз ҳам бо сиррӣ эълон шудани парванда, ҷузъиёти ин ҳукмҳо ва худи парвандаҳо барои матбуот ва ҷомеа маълум нашуд.

Раҳмон: Террорист миллат надорад

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба ҳар ду палатаи порлумони Тоҷикистон бо муроҷиат ба маъмурони амниятии кишвар гуфта буд, «дар соли сипаришуда мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем".

Ӯ бо ишора ба он чӣ дар Афғонистон мегузарад, гуфт: " то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG