Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрӣ шаҳрванди фахрии Saint-Germain-en-Laye шуд


Дар як маросими вижа дар шаҳри Сен Жермен Ан Ле (Saint-Germain-en-Laye) ба пайкарасози тоҷик Амрӣ Аминов унвони «Шаҳрванди ифтихорӣ» ва нишони "Офтоби Тиллоӣ" супурда шуд.

Дар ин маросими рӯзи 11 январ дар толори бостонии «Манеж Роял» бо ҳузури беш аз яку ним ҳазор нафар, ки миёни онҳо афроди маъруф, сенаторҳо, мирҳои шаҳру шаҳракҳои вилояти Елвин, сафирони дигар кишварҳо, аз ҷумла, сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров ширкат доштанд, мири шаҳри Сен Жермен Эммануэл Ламӣ гуфт, «Амрӣ Аминов нахустин зодаи як кишвари дур Тоҷикистон аст, ки муқими шаҳри мо шудааст ва бо чунин унвони воло сарфароз мешавад.»

Эммануэл Ламӣ афзуд, ки Амрӣ Аминов барои ҳунари воло, пайкараҳои ҷолибаш ва ҳамчун сафири сулҳи ЮНЕСКО ва хотири дар оянда барои шаҳри Сен Жермен муҷассамаҳои олӣ офариданаш унвони шаҳрванди ифтихорӣ эъто шудааст.

Амрӣ Аминов рӯзи 12 январ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо ӯ чаҳор сокини Сен Жермен ҳам соҳиби унвони шаҳрванди ифтихорӣ шуданд. Ӯ афзуд, ки ин чаҳор нафар аз тариқи раъйдиҳии мардум ба ин ҷоиза даст ёфтаанд, аммо ӯро мири шаҳр, бар пояи ваколаташ, ба унвони фахрӣ пешбарӣ кардааст.

Сен Жермен Ан Ле, воқеъ дар 19-километрии ғарби Порис, зодгоҳи ҳама шоҳҳои сулолаи Бурбони Фаронса, аз ҷумла Анрии 4 ва Людовики 14 мебошад. Зимнан, Людовики 14 «Шоҳи офтоб» унвон дошт ва аз
Нишони "Офтоби тиллоӣ"
Нишони "Офтоби тиллоӣ"
ин рӯ нишони шаҳрванди фахрӣ «Офтоби тиллоӣ» ном дорад. Ба гуфтаи Амрӣ, қарор аст, ки ба зудӣ ба ифтихори унвони ӯ мири шаҳр маҳфили вижае доир хоҳад кард, ки ба он ба ҷуз афроди маъруфи шаҳр чанд тан аз бозингарони дастаи футболи "Пари-Сен-Жермен" ва аҳли фарҳанги Фаронса даъват шудаанд. Дар ин маҳфил Роберт Ҳусейн, ҳунарманди маъруфи синамои Фаронса , ки аслан аз Самарқанд аст ва Амрӣ Аминов пайкараи ӯро сохтааст, низ ҳузур хоҳад дошт.

Амрӣ Аминов, пайкарасози тоҷик, дастпарвари мактаби олии ҳунари ҳайкалтарошии Русия аст ва чандин сол боз дар Фаронса ба сар мебарад. Ӯ соли 2012 ба узвияти Академияи наққошии Русия пазируфта шуд. Санади узвият ва нишони онро ба Амрӣ Аминов раҳбари ин академия, пайкарасози маъруф Зураб Серетелӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО - Бунёди СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф дар Порис супурда буд. Ин Академия яке аз марказҳои муътабари ҳунарӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва аз соли 1724 то ҳол бештари шахсиятҳои маъруфи ҳунарии ҷаҳонро ба узвияти худ қабул кардааст Аз Тоҷикистон ҳамчунин Сӯҳроб Қурбонов ва Хушбахт Хушвақтов ба узвияти ин Академия пазируфта шудаанд.

Муҷассамаҳои Амрӣ дар чанд шаҳр ва, аз ҷумла, дар Порис дар боғи ЮНЕСКО гузошта шудаанд. Амрӣ муаллифи муҷассамаи “Марианнаи Шомбурсӣ” – рамзи шаҳри Шомбурсии канори Порис аст. Аз ин қабл пайкарасози тоҷик бо чанд ҷоизаи байнулмилалӣ, аз ҷумла, бо ҷоизаи “Требия”-и Ҷумҳурии Чех сарфароз шуда буд.

XS
SM
MD
LG