Раёсати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (РТСУ) панҷ донишомӯзи ин муассисаи таълимии олиро барои латту кӯби як ҳамдарсашон хориҷ кардааст. Ин донишҷӯён - Сорбон Хонбоев, Хуршед Мирзоев, Умед Назриев, Саидакмалхон Имомов ва Акмал Турапов - буда, чор нафари аввал дар соли якуми факултаи иқтисодӣ ва охирӣ дар соли севум таҳсил доштаанд.
Нуралӣ Солеҳов, раиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, 2 ноябр дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ин панҷ нафар Акмал Замонов, донишҷӯи соли аввалро "ба далели саволу ҷавоби зиёдаш" дар дарси риёзиёт ё математика зери мушту лагад гирифтаанд. Оқои Солеҳов гуфт, ҳоло Замонов дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ аст ва донишгоҳ барои табобати ӯ то кунун 15 ҳазор сомонӣ ёрӣ кардааст.
Задухӯрд миёни донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ дар маркази Душанбе рӯзи 28 октябр, тахминан соатҳои 13-00 ва пас аз дарс сурат гирифтааст. Замоне ки устодон мегӯянд қарор буд, онҳо ба хонаҳои худ мерафтанд. Аммо ин гурӯҳи донишҷӯён, ки зоҳиран аз рафтори Акмал ҳангоми дарс нороҳат шуда будаанд, ӯро ба кӯчаи Пушкин дар маркази пойтахт даъват карда, якбора ҳамла кардаанд.
Нуралӣ Солеҳов мегӯяд, "мо баъд аз ним соати ин ҳодиса хабар ёфтем. Донишҷуён аз сӯи мақомот бурда ва бозпурсӣ шуданд. Ҳоло як нома аз сӯи ШКД-и Исмоили Сомонӣ ҳам ба раёсат ворид шудааст, ки дар он ному насаби онҳое, ки дар ин қазия даст доштаанд, пешниҳод шудааст. Инчунин, ба декан ва муовини ӯ огоҳӣ дода шудааст. Баъдан нафароне, ки дар ин ҳодиса ширкат дошта аз он пешгирӣ накардаанд, дақиқ хоҳем кард."
Талоши мо барои пайдо кардани панҷ донишҷӯе, ки аз донишгоҳ хориҷ шудаанд, бенатиҷа буд. Ба гуфтаи раёсати донишгоҳ яке аз онҳо алакай берун аз Тоҷикистон рафта, телефони чаҳор нафари дигар хомӯш буд.
Алиҷон Замонов, падари Акмал, ки дар беморхонаи Қарияи Боло писарашро нигоҳубин мекунад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз латту кӯби писараш бегоҳии 28 октябр хабардор шуд ва аз Панҷакент ба Душанбе омад. Замонов мегӯяд, феълан сиҳатии писараш беҳтар шудааст, вале ҳанӯз намедонад, то чанд вақти дигар онҷо бистарӣ хоҳад монд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин ҷанҷол, ҳашт дандони Акмал шикаста, инчунин ҷоғаш зарби сахт дидааст.
"Панҷ қисми ҷоғаш шикастааст, ки бояд ҷарроҳӣ шавад. Худаш ҳанӯз хуб суҳбат карда наметавонад. Раҳбарияти донишгоҳ хабар мегиранд, духтурон ҳам кумак мекунанд. Вале мехоҳам, онҳое, ки писари маро ба ин ҳол расондаанд, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд," -- гуфт ӯ.
Дар миёни гурӯҳе аз донишҷӯён ва баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбатҳое ҳам шунида мешавад, ки гӯё ин қазия хусусияти маҳалгароӣ дорад. Вале омӯзгорони донишгоҳ ин иддаоро беасос медонанд ва мегӯянд, ин муноқиша мисли дигар ҷанҷолҳои байни ҷавонон дар пайи баҳсҳои ночизи лафзӣ сар задааст.
Маҳмуд Умаров, декани факултаи “Идоракунӣ ва системаҳои технологияи иттилоотӣ” дар Донишгоҳи славянӣ, ки Акмал онҷо таҳсил мекунад, аз ӯ як донишомӯзи боодоб ном бурд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар муддати ду моҳ арзёбӣ кардани савод ва тарбияи донишҷӯ осон нест, аммо Акмал талош мекардааст дарсро саривақт аз худ карда, ба суолҳои бешумораш аз омӯзгорон посух гирад.