Нахустин шикоят аз озори лафзӣ ва таҳқири зан дар Душанбе аз сӯйи гурӯҳи ҷавонон дар фурсати кӯтоҳ ба додгоҳ рафт. Шикояти хабарнигори Радиои Озодӣ ба номи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 7 август ироа шуд, ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ ирсол гардид.
Шикоят бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё майдавбошӣ санҷида мешавад. Афсонаи Акобиршоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар аризаи шикоятиаш ба номи вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода рӯзи 7-уми август аз таҳқири лафзӣ ва ҳаракатҳои бадахлоқонаи гурӯҳи ҷавононе шикоят кард.
Хостам нодида бигирам, вале нашуд
Ба гуфтаи Афсона, субҳи рӯзи 6 август дар роҳ ба кор ҳангоме, ки аз назди бинои Кохи Ваҳдат убур мекард, чанд сохтмончии меҳмонхонаи ҳамшафати бино ба ӯ таҳқиромез гаппартоӣ карданд.
Афсона Акобиршоева мегӯяд, нахуст талош кард, рафтори ҷавононро нодида гирад, аммо садои онҳо баландтар шуд ва онҳо бо садоҳои шаҳватбарангез ӯро таҳқиру нороҳат карданд.
Акобиршоева гуфт: “Бо ҳар гуна суханҳои қабеҳ маро таҳқир карданд. Масалан, якеаш мегуфт, “дар таги куртааш чӣ аст?”. Як нафари дигар мегуфт, “фалон ҷояшро фалон кунам”.
Вақте ман телефонро бароварда, хостам акс гирам, як нафараш наздиктар шуда, хост шимашро поин кунад ва олоти ҷинсиашро ба ман нишон диҳад”.
Афсона Акобиршоева мегӯяд, ин ҳолат чунон нафратовар буд, ки дигар қарор кард, ба мақомот муроҷиат кунад. Дарҳол баъди ин ҳодиса ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кард, аммо дар ин идора, ба гуфтааш, ба шикояти ӯ ҷиддӣ муносибат накарданд. Билохира водор шуд рӯзи дигараш – 7 август бевосита ба унвонии вазири корҳои дохилӣ номаи шикоятӣ нависад.
Баъди шикоят ба вазир ҷиддӣ гирифтанд
Баъд аз ин бо дастури вазир, баррасии қазияи ӯ шурӯъ шуд. Пулис ҷавононро пайдо ва бозпурсӣ кард. Ҳоло қазияи ӯ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шудааст.
Як пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 8 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин аввалин шикоят аз сӯи як зан барои гаппартоӣ ва озори лафзӣ мебошад, ки ба дасти онҳо расидааст.
Масалан, якеаш мегуфт, “дар таги куртааш чӣ аст?”. Як нафари дигар мегуфт, “фалон ҷояшро фалон кунам”
Ба бовари онҳо, эҳтимол баррасии ин қазия дар додгоҳ барои ҷавонони дигар, ки дар хиёбонҳои шаҳр бо дағалгуфторӣ ва бадахлоқӣ нисбати духтарон тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, дарси адаб хоҳад шуд.
Шикояти як зан ба пулис аз болои чанд ҷавон барои алфози қабеҳ ва рафтори ғайриахлоқӣ дар ҳолест, ки дар ин авохир дағалгуфторӣ ва гаппартоии ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба як мавзуи доғ табдил ёфтааст.
Моҳи июл гурӯҳе аз бонувони сокини Душанбе дар номае ба унвонии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ хостори расидагӣ ба масъалаи озори лафзии занон дар кӯчаҳои пойтахт шуданд.
Дар муроҷиатномае, ки зери он 50 зану духтари сокини Душанбе имзо гузоштаанд, пешниҳод шудааст, ки барои муҷозоти ҷавонону мардоне, ки бо бонувону духтарон гаппартоӣ мекунанд, чораҷӯӣ шавад.
Шаҳрдории Душанбе ҳам дар пай барои баррасии шикояти гурӯҳи занон аз афзоиши озори лафзии мардон дар кӯчаҳои пойтахт ва ҳам тадбирҷӯии мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ки ин гурӯҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи занону ҷавонон иборат буда, аз натиҷаи кори худ ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳисобот хоҳанд дод.
Афсона Акобиршоева ҳам мегӯяд, дар пайи ин шикояташ ба унвонии вазири умури дохилӣ эҳсос кард, ки нисбати аризаи ӯ зуд вокуниш нишон доданд. Муроҷиати ӯ ҳам дар давоми як рӯз барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуд.
“Субҳ соати 7:30 ба ман аз шӯъбаи корҳои дохилаии ноҳияи Сомонӣ занг зада, гуфтанд, ки бояд назди Кохи Ваҳдат ҳозир шавам. Рафтам ва бо он ҷавонон рӯ ба рӯ шудем. Онҳоро бозпурсӣ карданд. Онҳо мегуфтанд ин корро накардем. Ман аксҳоро нишон додам. Баъди ин иқрор шуданд, ки мо овоз баровардему хандидем, аммо ҳақорат накардем. Баъди 2 соати дигар моро ба додгоҳ даъват карданд.”
Шоҳид биёред, баррасӣ мекунем
Афсона Акобиршоева мегӯяд, ҳоло дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои тафтиши қазия аз ӯ як шоҳид талаб доранд, вале пайдо кардани шоҳиди ҳодисае, ки дар як кӯчаи танге рух додааст, осон нест. Зоҳиран, дар он нуқта камера ё дурбини назоратӣ ҳам насб нашудааст.
Бо ин вуҷуд ин хабарнигори ҷавон талош хоҳад кард, то охир барои муҷозот шудани ин ҷавонон ва хотима ёфтани озору азияти лафзии занону духтарон дар кӯча мубориза барад.
Ӯ мегӯяд, агар ин ҳодиса барои як гурӯҳ дарс шавад, шояд шахсони дигари огоҳшуда аз ин ҳодиса рафтори худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тағйир медиҳанд.
Барои қабули чунин шикоят аз ҷониби духтарон бевосита раҳбарони шӯъбаҳои корҳои дохилаи шаҳр вобаста шудаанд. Мақомот мегӯяд, дар марҳилаи аввал ҷавононе, ки бо бадахлоқӣ ва озори лафзӣ боиси нороҳатии занон мешаванд, ҷарима хоҳанд шуд, аммо дар оянда эҳтимол онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
Афсона Акобиршоева мегӯяд, ба он хотир талош кард корро ба самъи раҳбарияти вазорати умури дохилӣ расонад, ки шояд бисёр занони дигар ин корро намекунанд.
Ҳамоно духтар ва занони зиёд дар ҳолати дучор шудан бо гаппартоии мардон дар кӯча талош мекунанд, хомӯш бошанд ва ба ҷое шикоят накунанд, чунки дар бисёр хонаводаҳо мардони хона ҳам ба ҷои ҳимояи занон худи онҳоро азият мекунанд, ки шояд барои гаппартоӣ баҳона дода бошанд.