Мусоҳибони мо мегӯянд, зиндагиву тиҷораташон ба маҷрои пешин идома дорад. Ба пиндори онҳо, тазоҳуроте, ки дар Туркия тақрибан ду ҳафта боз идома дорад, баёнгари норизоиятии гурӯҳҳои маҳдуд дар ин кишвар аст, на норизоиятии умумии мардум, ки аҳди Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири андаке исломгарои кишварро аз аҳдҳои беҳтарини зиндагиашон медонанд.
Теъдоде аз шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия мегӯянд, воқеан намефаҳманд, ки ба мардум “дар ин кишвар чӣ намерасад,” ки ду ҳафта боз аст, тазоҳурот мекунанд. Шарифҷон, як бозаргони тоҷик аз ҷумлаи онҳост ва мегӯяд, расонаҳо дар бораи иттифоқоти Туркия муболиға мекунанд ва онро баёнгари норизоиятии умумии мардум аз сиёсатҳои ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия ҷилва медиҳанд, агарчӣ воқеъият чунин нест.
Шарифҷон, ки 8 сол боз муқими Туркия аст ва шоҳиди ҳукуматдории “муваффақ ва серҳосили” Ҳизби Адолат ва Тавсиаи нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдӯғон будааст, мегӯяд: “Вақте хабарҳоро шунидам, аз Русияву дигар кишварҳо, ки “баҳори туркӣ” гуфтанд, чун ман 8 сол аст, инҷо кор мекунам, ин таъбирро нодуруст медонам, зеро баҳор фаслест, ки пас аз зимистон меояд ва дар Туркия зимистон набуд, ки баҳор биёяд. Эътирозҳое ки ҳаст, ба фикри ман, эътирозҳои муғризона аз ҷониби як гурӯҳи мардум буд, аммо дар ин асно дигар оппозитсияи умда инро як фурсате барои беобрӯ кардани ҳукумат донист. Хосатан ҳизби ҷумҳурии халқӣ, ва ҳизби миллатчии халқӣ инро фурсате барои сиёҳ кардани ҳукумати кунунӣ донистанд.”
Ба гуфтаи Шарифҷон, азҳоби мухолифи давлати Туркия ба ин ҳадафи худ расидаанд, зеро назархоҳиҳои ахир нишон додааст, ки маҳбубияти ҳизби адолат ва тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон баъди тазоҳурот ва бархӯрди бераҳмонаи пулис бо тазоҳургарон 7 дар сад поин омадааст. Ба гуфтаи Шарифҷон, тазоҳургарон аксаран онҳое ҳастанд, ки фикр мекунанд, ҳизби адолат ва тавсиа, ки решаҳои исломӣ дорад, Туркияро ба тадриҷ ба сӯи низоми исломӣ мебарад.
Шамсиддин Саидов, узви Шӯрои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки муқими Туркия аст, ба ин андеша мувофиқ аст ва мегӯяд, ҳарчанд қишри тазоҳургар ҳам дастовардҳои 10-солаи ҳукумати Эрдӯғонро эътироф мекунанд, аммо аз дигар чиз ҳарос доранд: “Албатта, гурӯҳҳои мухолифе ҳастанд, ки аз обрӯ пайдо кардани гурӯҳҳое, ки бо номи исломгаро маъруфанд, зиёд хушашон намеояд. Баъд аз он ки ҳукумат тасмим гирифт, фурӯши алкоҳолро баъд аз соатҳои 10 то субҳ ва фурӯхтани машрубот дар назди мадрасаҳову донишгоҳу масҷидҳоро манъ кунад, як баҳонае шуд барои теъдоде аз одамоне, ки сару садо кунанд, ки инҳо дунболи исломӣ кардани ҷомеаанд.”
Аммо як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ба далели корманди як ширкати туркӣ буданаш, нахост номашро зикр кунем, гуфт, “беш аз ҳад тамаркузи қудрат дар дасти ҳизби адолат ва тавсиаи Туркия ва беэътиноӣ ба ҳаққи гурӯҳҳои дигар сабаб шуд, ки намояндагони ин гурӯҳҳо “бо баҳонаи ду дарахт” ба хиёбонҳои шаҳрҳои Туркия рехта ва ба ҳукумат гӯшзад кунанд, ки онҳо низ шаҳрванди ин кишвар ҳастанд ва нодида гирифтани ҳаққу ҳуқуқашон оқибати хуб надорад.”
Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, иҷоза надодани раҳпаймоӣ ба коммунистҳои турк дар рӯзи якуми май, манъи фурӯши машрубот баъди соати 10, тарҳи бозсозии майдони Тақсим - маҳалли қадими тафреҳи ҷавонони Истанбул - сабаб шуд, ки норозигии гурӯҳҳои гуногун ба тазоҳуроти якҷояи ин гурӯҳҳо табдил шавад. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, тазоҳурот бешак ба обрӯи ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон латма зад, вале бо вуҷуди ин ӯ ҳамчунон аз ҳимояти васеъи мардумӣ дар Туркия бархурдор аст.
Туркия мизбони садҳо донишҷӯ ва ҳазорон тоҷири тоҷик аст, ки солҳост онҷо муқимӣ шудаву кор мекунанд ва ба далели мизбони “меҳмоннавоз” будани Туркия, баъзе аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки интиқоди сиёсати ҳукумати он кишварро “носипосӣ" ба нону намаки ин кишвар медонанд. Тазоҳурот дар Туркия, ки алайҳи бозсозии майдони Тақсим ва дарахтзори назди он шурӯъ шуд, баъди саркӯби бераҳмонаи пулис ба шаҳрҳои дигар доман зад. Дар ин намоишҳои эътирозӣ то кунун 3 нафар кушта ва ҳазорон тан захмӣ шудаанд.