Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллои тоҷикро барои таълими ғайриқонунӣ ҷарима карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Норак Абдукарим Саидов, маъруф ба Қорӣ Абдукаримро барои ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ 350 сомонӣ ҷарима кард. Рӯҳонии тоҷик рӯзи 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷаримаро ду ҳафта пеш пардохт ва аз ҳукми додгоҳ шикояте надорад. «Шароити зиндагӣ ва кӯдакони хурдсоламро ба инобат гирифтанд ва 350 сомонӣ ҷарима карданд. Ҷаримаро дар бонк супоридам» - гуфт ӯ.

Мақомоти интизомӣ моҳи майи имсол алайҳи Абдукарим Саидови 40-сола ва сокини деҳаи Тутқавул бо иттиҳоми ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ парванда боз карданд.

Онҳо гуфтанд,ки Қорӣ Абдукарим аз моҳи июни соли 2017 ба ҳашт кудак ва навраси аз 6 то 16-сола ғайриқонунӣ таълими динӣ медод. Ба гуфтаи муфаттишон, волидони наврасон ҳар моҳ ба Қорӣ Абдукарим аз 300 то 500 сомонӣ медоданд ва бо маводи ғизоӣ таъмин мекарданд. Бар зидди волидон низ бо иттиҳоми нақзи қонуни масъулияти падару модар парванда боз шудааст.

Абдукарим Саидов, хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз манъи таълими динӣ дар хона иттилоъ надошт. Дар кишвар аз соли 2009-ум, таълими динӣ бидуни дарёфти литсензия ё иҷозати Кумитаи дин мамнӯъ шуд.

Бар асоси ин қонун ҳар нафаре, ки мехоҳад таълими динӣ диҳад, аз ниҳоди умури дин бояд иҷозат гирад. Мақомот борҳо гуфтаанд, ки чунин тасмим ба хотири танзими таълими динӣ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ гирифта шудааст. Аммо баъзе аз сокинон чунин маҳдудиятҳоро нақзи ҳуқуқи динӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG