Баъди 7 соли кӯшишҳои нобарори роҳ ёфтандар телевизионҳои давлатӣ ба далели ба гуфтаи масъулон “таронаҳои бевазнаш” рэпсаро Шаҳбоз Шарифов, маъруф бо Шон МС акнун ин дарди дилашро бо реп ба расонаҳои мустақил мерасонад ва мегӯяд, мехоҳад, ҳаваси дилашро бо реп ба само расонад, зеро дар телевизиони Тоҷикистон ба ӯ иҷозаи парвоз надоданд.
Шаҳбоз Шарифов мегӯяд: “Бисёр сарояндаҳои эстрада, ки дар телевизион баромад мекунанд, танқид карданӣ нестам, аммо ҳастанд нафароне, ки дар сурудашон мазмуну мантиқ дида намешавад, аммо онҳо боз ба шабакаҳои телевизионӣ меёбанду гӯё рэпсароён барои дашному алфози қабеҳ не”.
Ба гуфтаи ӯ, бархурди ҷомеаи тоҷик, алалхусус намояндагони мақомоти давлатӣ ба рэпсароён бисёр бад аст ва онҳо ҳамеша интиқод мешунаванд, ҳол он ки рэпро аксари ҷавонони тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар гӯш мекунанд ва қабул доранд.
Шаҳбоз Шарифов афзуд: “Мо хаста шудем, ки моро ҳамеша дар воситаҳои ахбори омма ва вазорати фархангмаломат мекунанд. Санъат модари мо ҳам ҳаст, бояд бигзоранд, ки мо ҳам дар оғуши ин модар бошем”.
Рэпсароӣ дар Тоҷикистон дар аввали солҳои дуҳазорум ва он ҳам бо таваҷҷӯҳ ба мушкили иҷтимоии мардум, аз қабили муҳоҷират ва бебарқӣ ба майдон омадааст. То кунун репсароёни тоҷик дар бораи фарзандони ятиму дастнигар ва мушкили бепулӣ зиёд таронаҳо иҷро кардаанд.
Ба эҳтимоли зиёд имрӯз мақомотро рэпҳое нигарон кардааст, ки дар онҳо аз дашноми қабеҳ низ истифода мешавад. Ин рэпҳо дар вактҳое суруда мешаванд, ки ду гуруҳи рэпсаро аз минтакаҳои гуногун ва ё маҳаллаҳои гуногун бо якдигар "дармеафтанд".
Масъала то ҷое расид, ки зимни як ҳамоиш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мавзӯи мазкур бо ширкати адибон ва аҳли адаб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рустами Ваҳҳоб, адиби тоҷик мегӯяд: “Муҳим ин аст, ки арзишҳои миллии мо, пеш аз ҳама забони миллиамон ҳифз шавад. Шарт нест, ки дар як чорчӯби душвор нависед, метавонед аз калимаҳои гуфтугуӣ истифода баред, аммо жаргон ва калимаҳои дағалро дар матн истифода накунед”.
Рэпсароён мегӯянд, танҳо барои онҳое, ки ба ном рэпсаро буда, дар матнашон дашному ҳақорат доранд, намешавадаз тамоми рэпхонҳои тоҷик интиқод кард. Онҳо мегӯянд, талош доранд ҳисси ватандӯстиро дар ҷавонон баланд баранд
Шоираи Раҳимҷон, адиби тоҷик, дар ин нишаст пешниҳод кард, барои беҳтар шудани муҳтавои суруди рэпсароён озмуни интихоби шеър эълон шавад. Рэпсароён бояд аз эҷодиёти мардумӣ беҳтарин шеърҳоро интихоб кардаву оҳанг бибанданд ва шояд баъди он ба саҳнаҳои бузургтар ба мисли телевизионҳои давлатӣ роҳ ёбанд.
Шоираи Раҳимҷон мегӯяд: “Сурудҳое пешниҳод карда шаванд, ки куллан аз ашъори шоирони ҳирфаӣ бошад. Сар карда аз осори ниёгон то ба имрӯз. Даҳ нафари беҳтаринро интихоб мекунем. Ҳайати ҳакамон аз намояндагони Иттифоқҳои нависандагон ва композиторон интихоб мекунем. Фикр мекунам, ки аз ин роҳ жанри пуртаъсири рэпро мардумӣ кард”.
Рэпсароёни тоҷик ин пешниҳоди Шоираи Раҳимҷонро пазируфта, аммо мегӯянд, матне, ки аз ҷониби адибон пешниҳод мешавад, каме сода карда, баъдан ба мардум пешниҳод хоҳанд кард, зеро ин навъи жанр, содагиро мехоҳад.