Рӯзномаи “Садои Мардум” минбари расмии порлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки онҳое, ки ҳангоми гузаштан аз роҳи мошингард аз телефони ҳамроҳ истифода мебаранд, ҷазо бигиранд.
Дар як мақолае зери унвони “Чаро ронандагон барои истифодаи бемавқеи телефони мобилӣ муҷозот мешаванду пиёдагардон не?” муаллиф навиштааст, то замони ба кор шурӯъ кардани “Шаҳри бехатар” дар Душанбе, ронандагон бештар қонуншиканӣ мекарданд, вале чун диданд, ки ҷаримаҳои зиёд, ҷайбашонро холӣ кард, ҳоло маҷбур шудаанд, қоидаҳои роҳро риоят кунанд.
Ба гуфтаи муаллифи мақола, “тавозун дар қонунгузорӣ вобаста ба истифодаи бемавқеи телефони мобилӣ аз ҷониби ронандагону пиёдагардон” вуҷуд надорад. Чун ронандагон барои истифодаи телефони ҳамроҳ ҳангоми ронандагӣ ҷазо мегиранд, вале пиёдагардон не.
“Истифодаи бемавқеи телефонҳои мобилӣ, алалхусус ҳангоми аз роҳ гузаштан, аз ҷониби аксар пиёдагардон боиси нигаронӣ аст. Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки пиёдагардон ҳангоми убури роҳ намоишкорона бо телефон суҳбат карда, бо бетафовутӣ ба торҳои асаби ронандагон нохун мезананд. Ба ғайр аз ин, зиёданд ҳолатҳое, ки пиёдагардони саргарми гуфтугӯ бо телефон боиси рух додани садамаҳои нақлиётӣ шудаанд” -навиштааст, хабарнингори “Садои мардум”.
Муаллиф менависад, чанде пеш дар Интернет мақолаеро мутолиа кардааст, ки дар Амрико қонунгузорон санадеро тағйир кардаанд, ки бар асоси он “пиёдагардоне, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, дар навбати аввал аз 15 то 40 ва дар сурати такрор шудани ҳолат то 100 доллар ҷарима мешаванд.”
Хабарнигори “Садои мардум” навиштааст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни таҳияи қонунҳо, аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷии хеш истифода мекунанд. Ӯ аз вакилони порлумони Тоҷикистон хостааст, ки бо пайравӣ ба қонунгузорони Амрико барои истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми гузаштан аз роҳ ҷазо муқаррар кунанд.
Ҳарчанд хабарнигор гуфтааст, ки вакилони мардумии Амрико чунин санадеро қабул кардаанд, аммо зоҳиран манзур аз қонуни ҳукумати шаҳри Ҳонолулу дар Ҳаваӣ аст, ки тирамоҳи имсол қабул шуд. Бар асоси ин санад, дар ин шаҳри Амрико, ҳар касе, ки ҳангоми убур аз роҳ телефони ҳамроҳ ба кор мебарад, ҷарима мешавад. Дар Амрико ва дигар кишварҳои дунё солона ҳазорон нафар зимни гузаштан аз роҳ ва саргарми сӯҳбат бо телефони ҳамроҳ ба ҳалокат мерасанд.
Дар Тоҷикистон умдатан пеш аз қабули қонуни баҳсбарангезе, қабл аз он пешниҳоде дар он замина сурат мегирад, вале ҳоло маълум нест, ки ин пешниҳоди хабарнигори “Садои мардум” қабул мешавад, ё не.